Дар ҷаҳон аз сабаби тағйирёбии иқлим ва хушксолӣ дар бисёр минтақаҳо норасоии ғизо ба мушоҳида мерасад. Ғайр аз ин, бинобар вазъияти байналхалқӣ истеҳсол ва интиқоли маҳсулот душвор мегардад.
Сарвари давлатамон кайҳо боз ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дар самти таъмини бехатарии озуқаворӣ вазифаҳо гузоштааст. Аз ҷумла, дар ибтидои сол 80 ҳазор гектар майдони пахта ва ғалладона кам карда, ба аҳолӣ барои парвариши маҳсулоти хоҷагии қишлоқ ҷудо карда шуда буд. Дар натиҷа шуғли 785 ҳазор нафар таъмин карда, иловагӣ ба маблағи 1 миллиону 500 ҳазор тонна маҳсулоти озуқаворӣ ба маблағи 3 триллион сӯм тайёр карда шуд.
Дар идомаи ин кор Президент дар бораи ҷудо кардани боз 20 ҳазор гектар замин барои аҳолӣ қарор қабул намуд. Соли оянда ба таври илова 100 ҳазор гектар замини кишт дар асоси озмун ба аҳолӣ тақсим карда мешавад. Ба туфайли ин боз як миллиону 200 ҳазор касро бо кор таъмин кардан мумкин аст.
Дар маҷлис талабот ба маҳсулоти асосии озуқаворӣ аз рӯи ноҳияҳо, инчунин имкониятҳои дохилӣ таҳлил карда шуд.
Масалан, талаботи солона ба картошка дар мамлакати мо 3 миллиону 400 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. 20-25 фоизи он аз ҳисоби воридот пӯшонда мешавад. Аз ҷумла, дар Қароқалпоқистон соле 100 ҳазор тонна, вилояти Навоӣ - 45 ҳазор тонна, вилояти Ҷиззах - 35 ҳазор тонна картошка намерасад.
Талаботи солона ба равғани растанӣ 515 ҳазор тонна буда, 46 дарсади ин миқдор аз хориҷ ворид карда мешавад. Заводҳои равған бо иқтидори пурра кор намекунанд.
Дар маҷмӯъ, таъмини 25 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ дар бозори дохилӣ ба воридот вобаста шуда мемонад. Аз ин рӯ дар назди Вазорати кишоварзӣ вазифаи якҷоя бо ҳокимиятҳо тайёр кардани лоиҳаҳои роҳандозии истеҳсоли ватании ин маҳсулот гузошта шуд.
Тағйирёбии мавсимии нархи маҳсулоти хӯрокворӣ омили муҳимест, ки дар натиҷаи дар 50 ноҳия набудани анборҳои яхдони барои кишоварзӣ тахассусонидашуда ба вуҷуд омадааст. Дар маҷмӯъ, иқтидори анбори мавҷуда имрӯз 1,5 миллион тоннаро ташкил медиҳад, ки камтар аз 7 фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти парваришшударо ташкил медиҳад. Ин бевосита ба динамикаи нарх таъсир мерасонад.
Бар асоси ин, ба ҳокимони вилоятҳо супориш дода шуд, ки дар ин 50 ноҳия иқтидори анборҳоро ба таври назаррас афзоиш диҳанд. Ба Агентии рушди боғдорӣ ва гармхонаҳо супориш дода шуд, ки майдони кишти зироатҳои хўрокворӣ то ба 300 ҳазор гектар расонда, зироатҳоро дар асоси таҳлили талабот ва воридот оқилона ба роҳ монанд.
Сарвари давлат тавассути алоқаи видеоӣ бо масъулин, соҳибкорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ суҳбат кард. Аз ҷумла, ӯ пешниҳодҳои кишоварзони Қашқадарё ва Фарғонаро оид ба осон кардани дастрасӣ ба маблағ дастгирӣ намуд. Қарор қабул шуд, ки аз 15 сентябр бинобар тавсияҳои ёварони ҳокимон қарзҳои бекафолат ба миқдори то 150 миллион сӯм барои тухмӣ, пору, масолеҳи сӯзишворию молиданӣ, воситаҳои ҳифзи растаниҳо ва сармояи гардон барои рӯёндани зироати лубиёгӣ ва равғангдор дода хоҳанд шуд. Инчунин иҷозат дода мешавад, ки нисфи ин маблағҳо бо пули нақд дода шаванд. Барои ин максадхо ба агентии боғдорӣ ба таври илова 300 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Системи нави додани вом барои меваю сабзавоткорӣ низ ҷорӣ карда мешавад. Акнун ба кластерҳо ва деҳқонон, ки картошка, сабзавор ва зироати равғандор мерӯёнанд, 50 фоизи арзиши суғуртаи ҳосилро давлат мепӯшонад. Минбаъд, чун пахтаю ғалла, полиси суғурта барои гирифтани қарз барои парвариши маҳсулоти озуқаворӣ асос мегардад. Ин навоварӣ кори бисёр деҳкононро осон мекунад.
Фаровонии маҳсулот ба сифати тухмӣ низ вобаста аст. Имрӯз дар мамлакати мо ҳар сол бояд 300 ҳазор тонна тухмии картошка, 6 ҳазор тонна лубиёгӣ ва 11 ҳазор тонна зироатҳои равғандор ҷамъоварӣ карда шавад.
Мо дар ин бобат аллакай таҷрибаи мусбат дорем. Масалан, дар ноҳияи Оқдарёи вилояти Самарқанд соҳибкорон тухмии элитаи картошка парвариш мекунанд, ки то 450 сентнер ҳосил медиҳад.
Президент таъкид кард, ки ин таҷрибаро густариш дода, якҷоя бо бахши хусусӣ онро дар парвариши зироатҳои лубиёгӣ ва равғандор амалӣ созем.
Супориш дода шуд, ки дар ҳар вилоят камаш яктогӣ ниҳолпарварии интенсивии сабзавот ташкил карда, тамоми заминҳои ҳосилхез ба киштукори интенсивӣ гузаронда шаванд.
Дар ҷаласа ба масъалаи нигоҳ доштани устувории нархи меваю сабзавот дар моҳҳои зимистону баҳор таваҷҷуҳи хоса дода шуд.
Ба максади васеъ намудани имкониятҳои нигоҳ доштан ва кашондани маҳсулот пешниҳод карда шуд, ки барои харидани мошинҳои боркаш, таҷҳизоти ба навъҳо ҷудокунӣ ва борпечкунӣ карзҳои имтиёзнок ҷорӣ карда шаванд.
Президент ин таклифро дастгирӣ кард. Гуфта шуд, ки барои ин мақсадҳо ба бонкҳои тиҷоратӣ 140 миллион доллар ҷудо шуда, имкони ҷудо кардани 330 миллион доллари дигар вуҷуд дорад.
Муҳимияти пешниҳоди агролизинг барои мошинҳои боркаш, инчунин имтиёзҳо барои соҳибони гармхонаҳо таъкид гардид.
Супориш дода шуд, ки фаъолияти Ҷамъияти саҳҳомии «Агролизинг» ба як низоме табдил дода шавад, ки ба сифати ёрдамчии молиявии фермерону деҳқонон хизмат кунад.
Масъалаҳои ободонии қитъаҳои наздиҳавлигӣ низ муҳокима шуданд. Зарурати дароз кардани муҳлати иҷораи замин барои яхдонҳои сайёр, кумак ба аҳолӣ дар ҳифзи растаниҳо нишон дода шуд.
Сарвари давлат ҳолатҳои қаллобӣ ва изофанависӣ дар соҳаро шадидан танқид намуда, масъулинро ҳушдор дод.
Таъкид гардид, ки вазифаи асосии онҳо зиёд намудани истеҳсоли маҳсулоти озуқа, таъмини некуаҳволии халқи мо, ҳалли мушкилот ва расонидани кумак ба фермерону деҳқонон мебошад.