Имкониятҳои калон дар соҳаи сайёҳӣ нишон дода, вазифаҳои истифодабарии онҳо муайян шуданд

    Ҳукумат 19 Sentabr 2022 5878

    19 сентябр  таҳти раёсати  Президент Шавкат Мирзиёев бахшида ба чораҳои минбаъд зиёд гардондани салоҳияти сайёҳии дохилӣ ва берунӣ ҷамъомади видеоселекторӣ ба амал омад.

    Диверсификатсия гарави устувории иқтисодӣ мебошад. Бинобар ин дар мамлакати мо дар бобати дигаргунсозии сохтори иктисодиёт кори калон гузаронда мешавад. Аз ҷумла, соҳаи сайёҳӣ яке аз омилҳои пешбаранда муайян гардида, барои рушди он шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

    Масалан, додани раводид ба сайёҳон содда карда, навбатпоӣ ва тафтишоти нолозим дар фурудгоҳҳо аз байн бурда шуд, коридорҳои “сабз” таъсис дода шуд, мубодилаи асъор озод гардид. Меъёрҳои андози иҷтимоӣ ва андоз аз муомилот барои корхонаҳои сайёҳӣ 1 фоиз муқаррар гардида, ставкаҳои андози замин ва андози амвол 90 фоиз кам карда шуданд. Шумораи ҷойгиркунӣ нисбат ба соли 2017 3 маротиба афзуда, ба 125 000 нафар расид. Имконияти бақайдгирии электронии меҳмонон ба вуҷуд омад.

    Имсол туризм пас аз пандемия барқарор мешавад. То моҳи сентябри соли равон шумораи сайёҳони хориҷӣ, ки ба кишвари мо омадаанд, нисбат ба соли 2021 се баробар афзуд. Аз аввали сол ҳаҷми содироти сайёҳӣ 926 миллион долларро ташкил додааст. Давомнокии будубоши сайёҳони хориҷӣ ба ҳисоби миёна то 4-5 рӯз ва харҷи онҳо то 305 доллар афзоиш ёфтааст.

    Шумораи сайёҳони дохилӣ низ нисбат ба соли гузашта 3,5 баробар афзуда, ба 7,5 миллион нафар расид.

    Бесабаб нест, ки Президент ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус медиҳад, зеро 30 фоизи даромади соҳа ба одамон дар шакли музди меҳнат мерасад. Дар саноат ё дигар соҳаҳо ин нишондиҳанда аз 10 фоиз зиёд нест. Як ҷойи кори дар соҳаи сайёҳӣ созмон додашуда дар соҳаҳои ба ҳам алоқаманд ду ҷойи кори иловагӣ фароҳам меорад. Яъне, сайёҳӣ манбаи муҳими таъмини шуғли аҳолӣ, афзоиши даромад ва содироти хизматрасонӣ мебошад.

    Дар ҷамъомад вазъи туризм дар минтақаҳо мавриди таҳлил қарор гирифт. Барои ин имкониятҳои калон ва вазифаҳои истифодаи онҳо нишон дода шуданд.

    Чӣ хеле ки маълум аст, бо ташаббуси сарвари давлатамон дар Самарқанд Маркази байналмилалии сайёҳии "Роҳи бузурги абрешим" ташкил карда шуд. Чанде пеш дар он нишасти сарони Созмони ҳамкории Шанхай дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд. Ин маркази бисёрфунксионалӣ дорои 8 меҳмонхонаи замонавӣ, маркази конгресс, маҷмааи «Шаҳри абадӣ», амфитеатр ва бисёр иншооти дигар мебошад. Он метавонад дар як сол ба 2 миллион сайёҳон хизмат расонад.

    Сарвари давлат оид ба ҷалби сайёҳон ба ин маҷмаа, тарғиби бренди «Самарқанд – дарвозаи сайёҳии Ӯзбекистони Нав» дар ҳамкорӣ бо сафоратхонаҳо ва ширкатҳои хориҷӣ супориш дод.

    Дар назди Вазорати нақлиёт вазифаи самарабахш истифода бурдан аз имконияти фурудгоҳи байналмилалии навкардашудаи Самарқанд, бекор кардани маҳдудиятҳо барои парвози ширкатҳои ҳавопаймоии хориҷӣ, афзун гардондани миқдори рейсҳои байналмилалӣ гузошта шуд.

    Дар ҷаласае, ки 26 апрели соли ҷорӣ баргузор шуд, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми хизматрасонии сайёҳӣ дар шаҳру ноҳияҳо, ҷудо кардани 1 триллион сӯм захираҳои қарзӣ барои лоиҳаҳои соҳа тадбирҳо муайян карда шуданд. Сарвари давлат иҷрои ин вазифаҳоро таҳлил намуда, ба нокифоягии мавзеъҳои сайёҳӣ дар минтақаҳо ва маблағгузории лоиҳаҳои соҳибкорон ишора намуд.

    Ҳокими вилояти Фарғона дар бораи корҳо оид ба созмон додани ҳалқаи сайёҳии "Водии тиллоӣ", ки 5 ноҳия ва 3 шаҳарро дар бар мегирад, маълумот дод. Президент зарурати татбиқи чунин лоиҳаҳоро дар дигар минтақаҳо, расондани дастгирии молиявию ташкилӣ ба ташаббускорони онҳоро таъкид кард.

    Имкониятҳои ташкили минтақаҳои сайёҳӣ дар ҳудудҳои бехатар дар назди обанборҳо ва заминҳои фонди ҷангал қайд карда шуданд. Пешниҳод оид ба рушди сайёҳии "сафарӣ" дар ҳудудҳои дашти Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Қашқадарё, Навоӣ, Сурхондарё, Фарғона ва Хоразм пеш гузошта шуданд.

    Самти дигари ояндадор туризми зиёратӣ мебошад. Дар мамлакати мо зиёда аз 1,2 ҳазор зиёратгоҳ мавҷуд аст. Дар маҷлис кайд карда шуд, ки бо пурра истифода бурдани ин имконият соле камаш 1 миллион нафар сайёҳонро ҷалб кардан мумкин аст.

    Барои зиёд кардани парвозҳо аз Индонезия, Малайзия, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш ва кишварҳои араб оид ба омода кардани роҳбаладони соҳибихтисос, беҳтар намудани шароит ва роҳҳо дар ҷойҳои зиёрат дастур дода шуд.

    Дар мамлакати мо 135 маҳалла ҳамчун маҳаллаи туристӣ муайян карда шудааст. Азбаски аксари онҳо дар ноҳияҳои дурдаст ҷойгиранд, масъалаи инфрасохтор рӯзмарра аст.

    Аз ин рӯ, Президент дастур дод, ки барномаи ҳалли мушкилоти роҳҳо, барқу об, дастрасӣ ба интернет дар маҳаллаҳои сайёҳӣ таҳия карда шавад.

    Инфрасохтори роҳ барои сафар муҳим аст. Аммо бо мурури замон шумораи мошинҳо зиёд мешавад. Масалан, 5 сол пеш аз ин дар масири Тошканд-Самарқанд 25 ҳазор мошин ҳаракат мекард ва имрӯз ин рақам ба 35 ҳазор расидааст. Мутаносибан, вакти сафар ҳам зиёд шуд.

    Ба ин муносибат зарурияти зиёд кардани суръати алоқаи роҳи оҳан ва ҳавоии байни шаҳрҳои мамлакатамон қайд карда шуд.

    Президент ба масъалаҳои васеъ намудани шароити мусоид барои сайёҳон ва соддагардонии қоидаҳои фаъолияти субъектҳои саноат таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

    Масалан, имрӯз барои кушодани меҳмонҳона 97 талабот мавҷуд аст. Бо назардошти андешаҳои соҳибкорон вазифа гузошта шуд, ки ин талабот дар асоси стандартҳои байналмилалӣ содда карда шавад.

    Дар тартиби ба кайд гирифтани сайёҳон дар мақомоти корҳои дохилӣ норасоиҳо ҷой доранд. Аз ҷумла, сайёҳи хориҷӣ бояд дар давоми 2 рӯз ва дар сурати мондан дар назди хешовандон – дар давоми 3 рӯз дар меҳмонхона муваққатан сабти ном шавад.

    Вазорати корҳои дохилӣ вазифадор шудааст, ки ин низомро бознигарӣ кунад ва маҳдудиятҳои аз ҳад зиёдро бекор намояд. Ба ҷои бақайдгирии муваққатии сайёҳони хориҷӣ, огоҳиномаи онлайн истифода мешавад.

    Инчунин, ба нақша гирифта шудааст, ки талаботи литсензия додан ба фирмаҳои сайёҳӣ бо ҷорӣ кардани тартиби огоҳинома бекор карда шавад. Ин имкон медиҳад, ки боз ҳазорҳо агентҳои сайёҳӣ пайдо шаванд.

    – Туризм маънои сармоягузорӣ, содирот, ҷойҳои нави корӣ ва коҳиши камбизоатиро дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ҳар як минтақа ба ин самт диққати ҷиддӣ дода, сайёҳони бештарро ҷалб намуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар маҷмӯъ, зикр гардид, ки дар соли оянда барои ҷалби 7 миллион нафар сайёҳони хориҷӣ ва 12 миллион нафар сайёҳони дохилӣ, ба 2 миллиард доллар расонидани содироти хизматрасонии сайёҳӣ тамоми имкониятҳо мавҷуданд. Ба ин муносибат самтҳои конкретии кор нишон дода, шахсони масъул барои иҷрои онҳо муайян карда шуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates