Пешниҳодҳо оид ба инкишофи соҳаи чорводорӣ муҳокима гардиданд

    Ҳукумат 25 Iyun 2024 882

    Президент Шавкат Мирзиёев 25 июн бо пешниҳодот оид ба инкишофи соҳаи чорводорӣ шинос гардид.

    Гӯшт, тухм, шир ва маҳсулоти коркарди онҳо дар хӯроквории рӯзмарраи аҳолӣ ҷойгоҳи назаррас ишғол менамояд. Бинобар ин чорабиниҳо оид ба рушди паррандапарварӣ, гусфанд ва бузпарварӣ, инчунин паст кардани танқисии озуқаворӣ андешида мешаванд. Ғайр аз ин, ин соҳаҳо барои бо кор таъмин намудани аҳолӣ ба афзудани даромади он имконоти васеъ фароҳам меоранд.

    Барои мисол, соли 2023 дар соҳаи паррандапарварӣ 253 лоиҳа ба амал татбиқ гардида, миқдори чунин хоҷагиҳо ба 1,3 ҳазор расид, 4 ҳазор ҷойи нави корӣ фароҳам оварда шуд. Барои лоиҳаҳои истиқболнок ҷалб намудани 420 миллион доллар аз ташкилот ва бонкҳои байналхалқӣ ба нақша гирифта шудааст.

    Дар тақдимот шахсони масъул дар бораи стратегияи рушди паррандапарварӣ ва нақшаҳо барои соли ҷорӣ маълумот пешниҳод намуданд.

    Аз он ҷумла, таъкид гардид, ки соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли гӯшти парранда аз 700 ҳазор тонна то 800 ҳазор тонна, истеҳсоли тухм аз 8,5 миллиард то 10 миллиард дона зиёд хоҳад гардид.

    Дар ин соҳа масъалаи муҳимтарин генетика ба шумор меравад. Дар мамлакатамон репродуктори гӯшти паррандаи навъи якум вуҷуд надорад, гӯшти навъи дуюм аз Венгрия харид карда мешавад.

    80 фоизи қарорҳои бозори ҷаҳон оид ба генетикаи паррандаи хоҷагии қишлоқ ба ширкати амрикоӣ рост меояд. Ба нақша гирифта мешавад, ки якҷоя бо он технологияи генетикӣ дар паррандапарварӣ татбиқ гардида, хоҷагиҳои наслпарварӣ ба вуҷуд оварда шавад.

    Инчунин пешниҳодот оид ба татбиқи низоми кластер дар паррандапарварӣ, таҳияи бизнес-лоиҳаҳои омода ва ба соҳибкорон пешниҳод намудани онҳо муҳокима гардиданд.

    Имконоти иловагӣ барои дастгирии рушди соҳа муайян карда шуд. Бинобар он корхонаҳои паррандапарварӣ аз андози замин ба муҳлати 5 сол озод карда мешаванд. Ба содир намудани гӯшти парранда иҷозат дода мешавад. Муҳлати бозпас гардондани 35 миллион доллар захираҳои арзоне, ки ба соҳибкорон пешниҳод мегардад, то се сол дароз карда мешавад.

    Роҳбари давлат инчунин дар заминаи вусъат додани захираи хӯрока ва мутамарказона ба хоҷагиҳои паррандапарварӣ интиқол додани онҳо супориш дод.

    Ҳоло ҳозир дар мамлакатамон 39 хоҷагӣ вуҷуд дорад, ки бо қарокӯлпарварӣ машғул мебошанд. Дар бештар аз 2 миллион гектар чарогоҳ дар вилояти Бухоро 2 миллион сар гусфанд нигаҳбонӣ мегардад. Ин албатта кам аст.

    Бинобар ин парвариш намудани гусфандҳои қарокӯлӣ дар асоси ҳамкорӣ бо хоҷагиҳои хонагӣ пешниҳод гардид. Аз он ҷумла, дар ноҳияҳои Қарокӯл, Қаровулбозор, Ғиждувон, Пешкӯ, Ҷондор ва Олот ба аҳолӣ гусфандҳо пешниҳод мегарданд ва инчунин чарогоҳу чоҳҳо ҷудо карда мешаванд. Майдонҳо барои хошоки хӯрока васеъ карда мешаванд.

    Бо кумаки чунин чорабиниҳо вазифаи аз 6 то 7 миллион сар зиёд гардондани саршумори гусфандҳои қаро-кӯлӣ гузошта шуд.

    Ҳангоми сафари Президент ба вилояти Намангон дар бобати инкишофи бузпарварӣ супоришҳо дода шуда буд. Бинобар ин аз Туркия ва Русия бузҳои зотӣ оварда шуда, кластери бузпарварии зотӣ ба вуҷуд оварда шуд.

    Ногузирии бо чунин роҳ, акнун дар асоси таҷрибаи Муғулистон, ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Бухоро, Ҷиззах, Намангон ва Тошканд барои зиёд намудани онҳо 5 ҳазор сарӣ бузҳои зотӣ овардан таъкид гардид. Ин имкон медиҳад, ки дар тӯли ду сол саршумори буз то беш аз 100 ҳазор сар зиёд карда шавад.

    Инчунин дар бобати беҳсозии корҳои наслгирӣ дар бузпарварӣ, истеҳсол ва содироти пашми кашмир ва твиди буз низ супоришҳо дода шуд.