Масъалаҳои муҳими инкишофи саноати дорусозӣ ва электротехникӣ муҳокима гардиданд

    Ҳукумат 28 Noyabr 2023 3428

    Президент Шавкат Мирзиёев 28 ноябр оид ба масъалаҳои минбаъд дастгирӣ намудани истеҳсол ва баланд бадоштани зарфияти содиротӣ дар саноати дорусозӣ ва электротехникӣ маҷлис баргузор намуд.

    Мамлакатамон соҳиби захираи ашёи хом ва шароити кофии ногузир барои инкишофи соҳаҳои мазкур мебошад. Аз он ҷумла, дар шаш соли охир истеҳсолот дар дорусозӣ се баробар, содирот 6 баробар афзуд. 177 лоиҳа ба миқдори 525 миллион доллар ба кор андохта шуда, дар маҷмӯъ 50 ҳазор ҷойи кор фароҳам оварда шуд.

    Аммо ин ба зарфияти мавҷуда мувофиқ нест. Ҳамин тариқ, соле дар мамлакат ба миқдори 1,6 миллиард доллар доруворӣ истеъмол мегардад. Саҳми истеҳсолгарони ватанӣ ҳамагӣ 18 фоизро таъмин намояд, боқимонда аз ҳисоби воридот таъмин карда мешавад.

    Бинобар ин дар ҷамъомад ба инкишофи истеҳсолоти маҳаллӣ эътибори алоҳида нигаронда шуд.

    – Дар солҳои охир ин соҳа хеле дастгирӣ гардида, маблағи зиёд ҷудо карда шуд ва ҳам минтақаҳои дорусозӣ ба вуҷуд оварда шуданд. Аммо онҳо пурра корбурд намегарданд. Зарур аст, ки маҳаллисозӣ вусъат дода шуда, лоиҳаҳои соҳибкорон дастгирӣ гардида, хариди маҳсулоти онҳо бояд таъмин гардад. Ин маънои ҷойҳои кор, қаноатманд сохтани одамонро низ дорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Бинобар ин аҳамияти омӯхтани таҷрибаи хориҷӣ ва ҷалби брендҳои машҳур ба мамлакатамон таъкид ёфт. Аз он ҷумла, аз ҳисоби ташкили истеҳсолот то ба 35 фоиз афзудани маҳаллисозии 50 намуди дорувории дар мамлакат бештар истеъмолгарданда супориш дода шуд.

    Ногузирии тезондани сохтмони кластери «Tashkent Pharma Park» ва ба он ҷалб намудани шарики хусусӣ таъкид шуд. Инчунин ба корхонаҳои дорусозӣ барои гузаштан ба стандарти байналхалқии GMP ва ба вуҷуд овардани низоми тасниф кумак расонда мешавад.

    Умуман дар соҳа 173 лоиҳа ба миқдори 1,5 миллиард доллар ташаккул ёфтааст. Барои таъмини молиявии онҳо 600 миллион доллар ҷудо карда мешавад.

    Шахсони масъул хабар доданд, ки бинобар ҷамъбасти татбиқи лоиҳаҳо истеҳсоли маҳсулот ба миқдори 400 миллион доллар ва содирот ба миқдори 160 миллион доллар соли 2024 роҳандозӣ мегардад.

    Дар ҷамъомад инчунин масъалаҳои марбути соҳаи электротехникӣ муҳокима гардиданд.

    Дар шаш соли охир дар ин соҳа 224 лоиҳа ба маблағи 640 миллион доллар ба кор андохта шудааст. Интизор меравад, ки то охири соли ҷорӣ содирот ба 1 миллиард доллар мерасад.

    Ҳамзамон ба мамлакатамон ҳар сол маҳсулоти электротехникӣ ба миқдори 800 миллион доллар ворид мегардад. Умуман дар минтақаамон барои 3 миллиард доллар бозор мавҷуд аст.

    Барои он, ки дар ин бозор ҷойгоҳи муносиб ишғол гардад, бо брендҳои маъруф ҳамкорӣ намуда, маҳсулоти рақобатбардор бояд истеҳсол кард. Барои ин дар банақшагирии 141 лоиҳа ба миқдори 2 миллиард доллар дар соли оянда эътибори алоҳида нигаронда мешавад.

    Имсол 2 гигаватт неругоҳҳои барқии офтобӣ ва шамолӣ, соли 2024 боз 4 гигаватт ба баҳрабардорӣ супурда мешавад. Барои онҳо кабел, генератор, инвертор, трансформаторҳои бисёр лозим мегардад. Вазифаи маҳаллисозии ин маҳсулот ва ба даст овардани сертификатҳои байналхалқии сифат гузошта шуд.

    Муайян карда шуд, ки 100 миллион доллар барои дастгирии давлатии татбиқи технологияи пешқадам, инноватсия ва стандартҳои байналхалқии ин соҳа ҷудо карда мешавад.

    Шахсони масъул дар бораи нақшаҳои афзудани истеҳсолот дар соли оянда ба 20 фоиз ва то ба ҳаҷми 140 ҳазор тонна расондани азнавкоркарди мис маълумот доданд. Инчунин таъкид шуд, ки барои афзудани содирот то 1,5 миллиард доллар ва соли 2025 то 2 миллиард доллар имконот мавҷуд аст.

    Дар ҷамъомад пешниҳодҳои ҳокимони минтақаҳо ва соҳибкорон оид ба инкишофи соҳаҳои муҳокимагардида шунида шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates