Дар ин бора дар ҷамъомади видеоселектории 13 декабр супориш дода шуда буд. Тибқи он, бо назардошти таҷрибаи ҷаҳонӣ ва талаботи ҳаёт як қатор таклифҳо таҳия гардиданд.
Аз ҷумла, минбаъд тавассути «Дафтари занон» ва «Дафтари ҷавонон» ба оилаҳое, ки ба «Феҳристи оилаҳои камбизоат» дохил гардидаанд, кумаки иҷтимоӣ таъин карда мешавад. Тартиби мутаносибан ба шумораи аҳолӣ, маъюбон ва оилаҳои камбизоати ноҳия ва шаҳрҳо тақсим кардани маблағ ҷорӣ мегардад.
Ҳамчун камбизоат шинохта шудани оила, барои расонидани кумаки иҷтимоӣ бидуни талаб намудани ариза ва ҳуҷҷатҳои иловагӣ аз аъзои он асос мешавад.
Дар баробари ин, кумакҳои иҷтимоие, ки бесамаранд ва ба онҳо талаб зиёд нест, мувофиқ гардонида, рӯйхати ягонаи 28 намуди кумаки иҷтимоӣ тасдиқ карда мешавад. Тартиби маблағгузории хароҷоти марбут ба табобат ва амалиёти ҷарроҳӣ аз ҳисоби дафтарҳои иҷтимоӣ тавассути Хазинаи давлатии суғуртаи тиббӣ ҷорӣ мегардад.
Дар назди ҳокимиятҳои ноҳия (шаҳр) бунёдҳои «Инфрасохтор ва устувории иҷтимоӣ», ки шахси ҳуқуқӣ нестанд, таъсис меёбанд. Маблағи он барои бартараф кардани мушкилоти иҷтимоиву иқтисодӣ, ташкилию амалӣ ва инфрасохтории минтақа, тарғиби васеи тарзи ҳаёти солим ва рушди варзиш, ҳифзи экология ва муҳити зист сарф мешавад.
Сарвари давлатамон гуфта буд, ки меҳру эътибори алоҳида ба кӯдакони ногиро амали хайр аст.
Аз ин рӯ, пешниҳод гардид, ки дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ барои кӯдакони маъюби аз 3 то 18-сола хидмати нигоҳубини рӯзона роҳандозӣ хоҳад шуд. Кӯдакон ба он дар асоси шартномаи иҷтимоӣ, ки бо волидони онҳо имзо шудааст ва хулосаи Комиссияи психологӣ-тиббӣ-педагогӣ қабул карда мешаванд.
То охири соли ҷорӣ бо чунин хидматҳо фаро гирифтани қариб 2000 нафар кӯдакони дорои маълулияти вазнин дар назар аст. Ин барои кор кардан ва таълим гирифтани модарони онҳо имконият фароҳам намуда, ба фаровонии оила хидмат мекунад.
Системаи иттилоотии «Саломатии кӯдакон» ба кор андохта шуда, ташхиси ҳар як кӯдак мунтазам таҳлил мегардад. Ба онҳо хидмати маҷмӯии тиббӣ, реабилитатсионӣ, таълимӣ ва иҷтимоӣ расонда мешавад.
Ба чунин муассисаҳо барои ҳар як кӯдак субсид ва барои харид кредитҳои имтиёзнок ҷудо мегардад. Пардохтҳои падару модароне, ки аз хидмати нигоҳубини рӯзона истифода мебаранд, то 3 миллион сӯм дар як моҳ аз андоз озод карда мешаванд.
Дар тақдимот дар бораи чорабиниҳои кумак барои раҳосозии оилаҳо аз камбизоатӣ низ ахборот дода шуд.
Ин раванд дар асоси тамоюли «ҳафт имконият ва масъулият» ташкил шудааст. Системаи иттилоотии «Феҳристи оилаҳои камбизоат», ки вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ, даромад ва амволи оиларо арзёбӣ мекунад, ба кор дароварда шудааст.
Дар ин замина 48 ҳазор нафар шаҳрвандон бо кор таъмин гардиданд, ба беш аз 10 ҳазор нафар ба омӯзиши касбӣ фаро гирифта шудаанд, ба 14 ҳазор нафар кредит ва субсид ҷудо гардид. Ба 140 ҳазор хонавода шифокорон вобаста гардиданд, ба 38 ҳазор нафар шаҳрвандон хидматҳои иҷтимоӣ расонда шуд. 32 ҳазор кӯдак дар кӯдакистонҳо ҷойгир карда шуда, қариб 7 ҳазор нафар ҷавонон барои омодагӣ ба имтиҳони қабул ба донишгоҳҳо вобаста гардиданд.
Сарвари давлат пешниҳодҳоро писандида, аз рӯйи таснифи феҳристи камбизоатӣ вобаста ба қобилияти меҳнатии оилаҳо, ба ҳифзи иҷтимоии давлат гирифтани афроде, ки қобили меҳнат нестанд, иҷтимоисозии онҳо дастурҳо дод.