баннер
22 Fev 2025
01:46

    Чорабиниҳои рушди энергетикаи барқӣ баррасӣ гардид

    Президент Шавкат Мирзиёев аз рӯйи чораҳои рушди энергетикаи барқӣ дар солҳои 2025-2035 ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар ҳашт соли охир истеҳсоли қувваи барқ 38 фоиз афзуда, ба 81,5 миллиард киловатт-соат расид. Ба туфайли боз гардидани роҳи васеъ ба сектори хусусӣ 11,2 гигаватт иқтидори иловагӣ ба вуҷуд омад. Дар натиҷа, ҳиссаи сектори хусусӣ дар тавлид ба 24 дарсад ва саҳми энергияи «сабз» ба 16 дарсад расид.

    Дар ин давр аз сабаби 1,6 баробар афзудани даромад, истифодаи намудҳои нави техникаҳои маишӣ, сарфи қувваи барқ дар хонадонҳо аз 21 миллиард киловатт-соат афзуд. Ин нисбат ба соли 2016 ду баробар зиёд аст.

    Тибқи пешгӯйиҳо то соли 2030 аҳолии кишвар ба 41 миллион нафар мерасад, 1,5 баробар рушд мекунанд. Мутаносибан бо ин, дар саноат офаридани арзиши иловагии 45 миллиард долларина, 3 баробар зиёд кардани ҳаҷми хидматҳо, ба кор даровардани Марказҳои бузурги маълумотҳо пешбинӣ шудааст.

    Барои ин, пеш аз ҳама таъминоти барқарори барқ зарур аст. Тибқи ҳисоб дар соли 2030 117 миллиард киловатт соат, дар соли 2035 бошад, 135 миллиард киловатт соат неруи барқ талаб карда мешавад. Яъне, назар ба ҳозира 1,7 баробар зиёд мебошад.

    Дар ҷамъомад вазири энергетика барномаи дарозмуддатеро, ки ба ин мақсад нигаронида шудааст, тақдим кард.

    Зикр гардид, ки неругоҳҳои нави барқӣ ва иқтидорҳои нигоҳдории энергия сохта мешаванд. Барои ба система пайваст кардани онҳо ба масофаи 7000 километр шабакаи магистралӣ сохта, идоракунии рақамӣ ҷорӣ карда мешавад. Тавассути ин тавозуни барқӣ дар минтақаҳо таъмин мегардад. Дар як вилоят норасоии барқ мушоҳида шавад, дар минтақаи дигар иқтидори иловагӣ ба кор андохта мешавад. Барои иҷрои ин корҳо дар панҷ соли оянда бояд ба «Ӯзбекистон миллий электр тармоқлари» 4 миллиард доллар сармоя ҷалб карда шавад.

    Боз як масъалаи муҳим арзон кардани арзиши аслии қувваи барқ мебошад. Сабаби ин афзоиши манбаъҳои муқобил аст.

    Коршиносони хориҷӣ низ мегӯянд, ки дар Ӯзбекистон барои энергияи «сабз» имконоти зиёд вуҷуд дорад.

    Бар асоси ин, то соли 2030 дар тавлиди умумӣ аз 50 фоиз зиёд кардани ҳиссаи энергияи «сабз» дар назар аст. Аз ҷумла, ба кор андохтани 3000 нерӯгоҳи хурди обӣ бо иқтидори 164 мегаватт, нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамол бо иқтидори 750 мегаватт ба нақша гирифта шудааст.

    Дирӯз сарвари давлатамон таъкид кард, ки замони гузаштан ба модели сарфакоронаи иқтисодиёт фаро расидааст.

    Бахусус, тавассути самаранокии барқ дар саноат имконияти истеҳсоли 27 фоиз маҷмӯи маҳсулоти дохилии иловагӣ мавҷуд аст. Ҳоло сарфи барқ дар баъзе корхонаҳои маҳаллии кимиё ва металлургия нисбат ба нишондиҳандаи миёнаи ҷаҳон 2 баробар, дар истеҳсоли семент 1,2 баробар зиёд аст.

    Аз ин рӯ, вазифа гузошта шудааст, ки дар ҳар як соҳа 10-15 дарсади неруи барқ сарфа ва то соли 2030 талафоти неруи барқ аз 14 дарсади феълӣ то ба 8-9 дарсад кам карда шавад.

    Бо сармоягузорони хориҷӣ аз рӯйи татбиқи лоиҳаҳои 24 гигаватт ба маблағи 26 миллиард доллар корҳо оғоз шудааст. Ба онҳо таҷҳизот ва масолеҳи бинокории зиёд истифода мешавад. Зикр гашт, ки ин имконияти бузург барои корхонаҳои мамлакатамон мебошад бинобар ин зарур аст, ки маҳаллисозии лоиҳаҳо, кооператсия рушд дода шавад.

    Аз рӯйи таъмини устувору бефосилаи истеъмолкунандагон бо неруи барқ ва рушди омодасозии кадрҳо дар соҳа вазифаҳо муайян гардиданд.

    Ба масъулин вазифа дода шуд, ки бо назардошти ин ҳама барномаи рушди соҳаи энергетикаи барқро то соли 2035 таҳия кунанд.


    No date selected
    February 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech