Дар оғози ҷамъомад Шавкат Мирзиёев ба мардуми мо барои дастгирӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори сипос намуда, итминон дод, ки тамоми ҳадафу вазифаҳои дар барномаи интихобот гузошташуда амалӣ хоҳанд шуд.
Аз ҷумла, дар соҳаи хоҷагии қишлоқ нақшаҳои калон муайян карда шудаанд. Дар панҷ соли оянда ҳосилнокӣ камаш 2 баробар афзоиш ёфта, коркарди амиқи ашёи хом таъмин гардида, содирот ба 7 миллиард доллар расонида шуда, шуғл ва даромади аҳолӣ афзоиш меёбад.
Дар ин ҳолат, нақши асосӣ ба кластерҳо дода мешавад. Ин система дар муддати кутоҳ ба дигаргуниҳои бузург замина ба вуҷуд овард. Ҳамин тавр, танҳо дар пахтакорӣ коркарди нах 2,5 баробар афзуда, ба 100 фоиз расид. Илова бар ин, истеҳсоли калоба ду баробар, маҳсулоти тайёр се баробар афзуда, содироти онҳо то охири сол ба 3 миллиард доллар мерасад.
125 корхонаи нав бо силсилаи пурраи истеҳсолӣ ба маблағи 2 миллиард доллар ва 150 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуд.
Кластерҳо зиёда аз 5 ҳазор воҳиди техникаи баландсифат оварда, дар 126 ҳазор гектар технологияи сарфаи об ҷорӣ карда шуданд.
Ба туфайли усули инноватсионӣ ҳосилнокии меҳнат низ баланд мешавад. Бисёр звеноҳо имсол аз ҳар гектар 35-40 сентнерӣ пахта ғундоштанд.
Сарвари давлат зарурати идомаи ин кор ва васеъ гардондани имконоти кластерҳоро барои баланд бардоштани ҳосилнокӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва комплекси агросаноатӣ таъкид кард.
Дар вохӯриҳои пешазинтихоботӣ дар маҳалҳо фермерону деҳқонон, роҳбарони кластерҳо бисёр проблемаҳое, ки ба онҳо дучор меоянд, баён карданд. Ин масъалаҳо ба низом дароварда шуда, барои ҳалли онҳо таклифҳо тартиб дода шуданд.
- Мушкилоти асосӣ ин усули кӯҳнаи маблағгузорӣ аст, - гуфт Президент. - Он ба талаботи тараққиёти саноат ҷавоб дода наметавонад. Кластерҳои пахтаю нассоҷӣ талаб мекунанд, ки мӯҳлатҳои қарз дарозтар ва ҳаҷми онҳо зиёд шавад. Айни замон ба кластерҳо ба мӯҳлати 11 моҳ қарз дода мешавад. Барои парвариш ва коркарди пахта камаш 24 моҳ лозим аст. Ҳарчанд омода кардани замин ба кишт аз моҳи октябр оғоз мешавад, қарз барои 3-4 моҳ баррасӣ шуда, аз моҳи январ то феврал ҷудо карда мешавад. Ин низоми куҳна акнун ба куллӣ тағйир дода мешавад.
Тавре дар ҷаласа зикр гардид, ҳоло маблағгузории ҷамъоварии ҳосили пахта аз оғози кишт, яъне аз моҳи октябр оғоз мешавад. Минбаъд ба кластерҳо қарз ба муҳлати 24 моҳ ҷудо шуда, давраи имтиёзноки онҳо аз 11 то 18 моҳ зиёд карда мешавад.
Кластер қарзро пас аз табдил додани ашёи хом ба маҳсулоти тайёр - на пештар аз коркарди ришта ё матоъ бармегардонад. Барои чорӣ намудани ин система аз буҷа 10 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Бо ин мақсад то охири сол ба Фонди дастгирии кишоварзӣ 100 миллион доллари иловагӣ ҷудо карда мешавад.
Барои баланд бардоштани ҳосилнокии замин, гузаштан ба технологияи нави обёрӣ, ҳифзи растаниҳо, бунёди лабораторияҳои замонавӣ, омӯзиши кишоварзон ба ҳар гектар майдони пахта ба маблағи 1 миллион сӯм грантҳои молиявӣ ҷудо карда мешавад.
Ба вазорати молия ва Бонки марказӣ ҷорӣ кардани низоми мазкур супурда шуд.
Қарор аст, дар ду соли оянда сатҳи коркарди ришта дар кластерҳо аз 50 то 70 дарсади феълӣ афзоиш ёбад. Дар робита ба ин, механизмҳои нави дастгирии кластер эълон карда шуданд.
Инак, ҷиҳати харидани тачхизот барои ранг кардани матоъ ва истеҳсоли матоъҳои омехта вобаста ба иқтидори корхона аз давлат грантҳои молиявӣ чудо карда мешавад. Барои маблағгузории чунин лоиҳаҳо 150 миллион доллари дигар ҷудо карда мешавад.
Аз ҷониби ҳукумат барои дастгирии содироти корхонаҳое, ки матоъҳои ранга ва маҳсулоти тайёри истеҳсол мекунанд, ба маблағи 100 миллион доллари ИМА хати нави кредитӣ бо ставкаи паст кушода мешавад. Барои кластерҳо ва дигар корхонаҳои нассоҷӣ, ки камаш 80 фоизи чунин маҳсулотро содир мекунанд, ставкаи андози иҷтимоӣ ба ҷои 12 фоизи феълӣ ба муҳлати 3 сол 1 фоиз муқаррар карда мешавад. Ба онҳо ҳамчунин имкони пардохти андози амвол бо давраи имтиёзноки се сол дода мешавад. Ба туфайли ин дар ихтиёри корхонахо соле камаш 500 миллиард сӯм мемонад.
Боз як қулайӣ – аз соли оянда ба кластерҳо имконияти гирифтани вом таҳти гарави ашёи хоми пахта ва нах дода мешавад.
Дар ҷамъомад оид ба минбаъд пурзӯр гардондани кафолатҳои ҳуқуқии фаъолияти кластерҳо супориш дода шуд.
Чӣ хеле ки маълум аст, дар истеҳсол ва фурӯши ғалла гузаштан ба муносибатҳои бозорӣ давом дорад. Президент қайд кард, ки аз соли оянда кластерҳои ғалладонагӣ ва фермерон ҳақ доранд озодона гандумро бо нархи бозор фурӯшанд.
Ҳамзамон, кластерҳо ва хоҷагиҳои фермерӣ бояд дар давоми 3 сол аз ҳар гектар 2,5 тонна ғалларо барои савдои биржа гузошта, ҳосили боқимондаро бо ихтиёри худ фурӯшанд.
Корхонаҳои коркарди ғалла дар таркиби "Уздонмаҳсулот" барои дар заминаи онҳо кластерҳои ғаллакорӣ ташкил намудан ба савдои музояда гузошта мешаванд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки дар давоми ду ҳафта ҳисоби китоби пурраро барои ғалла ба ҷо оваранд.
Дар ҷаласа ҳамчунин чораҳои фароҳам овардани имкониятҳои иловагӣ барои кластерҳо ва кооперативҳои меваю сабзавот баррасӣ шуданд. Аҳамияти додани қарзи имтиёзнок ба ин субъектҳо тавассути Фонди дастгирии кишоварзӣ таъкид шуд. Аз ҷумла, барои сармояи гардони кластерҳои меваву сабзавот фонд бинобар ставкаи 10 фоиз ба муҳлати 1 сол захираҳои вомӣ ҷудо мекунад.
Аз соли оянда дар байни ширкатҳои суғурта озмуни суғуртаи меваю сабзавот аз хатарҳои обу ҳаво гузаронида мешавад. Барои кластерҳо ва фермерон, ки шартномаи содиротӣ ба имзо расондаанд, 50 фоизи мукофоти суғурта аз ҷониби давлат пӯшонда мешавад.
Ба нақша гирифта шудааст, ки 200 ҳазор гектар майдонҳои камҳосили пахта ва галла кутоҳ карда шаванд. Онҳо дар асоси озмун ба аҳолӣ ба иҷораи дарозмуддат дода мешаванд.
Сарвари давлат зарурати дар ин бобат таваҷҷӯҳи алоҳида додан ба оилаҳои камбизоат, ба онҳо омӯзондани корҳои хоҷагидорӣ ва расондани кӯмаки дахлдорро зикр кард.
Барои ин ба лоиҳаҳои меваву сабзавотӣ ба маблағи то 100 миллион сӯм дар шароити барномаи “Ҳар як оила - соҳибкор” вомҳо дода мешаванд.
Ба вазорати кишоварзӣ супурда шуд, ки кластерҳои меваву сабзавот ва корхонаҳои азнавкоркардро бо инфрасохтор таъмин кунад, инчунин дар асоси шарикии давлатию хусусӣ марказҳои агрологистикӣ созмон диҳад.
Ба масъалаи нав кардани техникаи кишоварзӣ низ дахл карда шуд. Барои дастгирии фермерон ва кластерҳо аз соли оянда пардохтҳо бинобар қарзҳо барои хариди техника дар қисми аз 10 фоиз зиёдатӣ аз ҷониби давлат пӯшонда мешавад.
Илова бар ин, таҷҳизоти воридотӣ, ҷузъҳо ва қисмҳои эҳтиётӣ ба муддати 3 сол аз пардохти боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд. Дар натиҷа, кластерҳо ва фермерҳо метавонанд ҳангоми харидани таҷҳизот то 35 фоиз сарфа кунанд.
Дар баробари ин дар назар дошта шудааст, ки барои ҳамворкунии лазерӣ, кишти навъҳои нави ба касалиҳо тобовари зироатҳои хоҷагии қишлоқ, тараққӣ додани тухмипарварӣ, истифодаи технологияи сарфаи об имтиёз дода шавад.
Умуман, соле ба ин мақсадҳо ҷудо кардани 25 триллион сӯм пешбинӣ шудааст.
Вазифа гузошта шуд, ки лоиҳаҳои фармон ва карорҳо оид ба татбиқи ташаббусҳои дар маҷлис ба миён гузошташуда тайёр карда шаванд.