Дар натиҷаи ислоҳоти фаъол, рушди соҳибкорӣ ва кор дар қисмати маҳаллаҳо соли гузашта маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварамон 7,4 фоиз афзуд. Дар минтақаҳо 100 ҳазор нафар соҳибкорони нав ба фаъолият шурӯъ карданд. Шумораи худмашғулон ба 700 ҳазор нафар афзуда, ба 1,2 миллион нафар расид.
– Мо соли 2022-ро Соли гиромидошти қадри инсон ва маҳаллаи фаъол эълон кардем. Аз ин рӯ, имсол бояд дар тамоми маҳаллаҳо тағйироти куллӣ ба амал ояд, – гуфт сарвари давлат.
Аз аввали сол 9 309 ёварони ҳокимон ба кор шурӯъ намуданд. Фаъолияти Агентии кори маҳаллабай ва рушди соҳибкорӣ, ки ба ин низом масъул аст, ба роҳ монда шуда, тамоми масъалаҳои ташкилӣ ҳал гардиданд.
Дар ҷамъомад тадбирҳои минбаъда, ки онҳо бояд барои ба вуҷуд овардани низоми кори “маҳаллабай” андешида шаванд, баррасӣ гардид.
Аз ҷумла, масъулияти шахсии шахсони масъули дахлдор барои ташкили фаъолияти ёварони ҳокимон, коҳиш додани камбизоатӣ ва рушди соҳибкорӣ дар маҳалла зикр гардид.
Таъкид гардид, ки ёварони ҳоким дар маҳаллаҳои худ дар доираи дафтарҳои «оҳанин», «занон» ва «ҷавонон» тадқиқ гузаронида, маълумотҳои феҳристи иҷтимоиро нав кунанд.
Сипас кор оид ба омӯзондани оилаҳое, ки мехоҳанд ба тиҷорати шахсии худ машғул шаванд, вале барои ин шароити кофӣ надоранд, ба онҳо ҷудо кардани қарзи имтиёзнок, кӯмакпулӣ ё қитъаи замин барои хоҷагии деҳқонӣ ташкил карда мешавад.
– Барои омӯзиш ва фаъолияти соҳибкории аҳолӣ қарзу субсидияҳои назаррас ҷудо карда мешаванд. Аммо бояд эътироф кард, ки аксари сокинони маҳаллӣ аз онҳо хабар надоранд, – гуфт Президент. – Бинобар ин, ёрдамчиёни ҳоким бояд ҳамарӯза бо аҳолӣ кор карда, шароити мавҷударо ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон расонанд, онҳоро аз камбизоатӣ бароранд, ба онҳо соҳибкорӣ, кишоварзиро омӯзонанд. Ба ин мақсад соли ҷорӣ 10 триллион сӯм воми имтиёзнок ва 2,5 триллион сӯм сусид (ба ҳисоби миёна 1,3 миллиард сӯмӣ ба ҳар як маҳалла) ҷудо карда хоҳад шуд.
Таъкид гардид, ки ба таъмини оилаҳо бо техника ва асбобҳои корӣ барои рушди соҳибкорӣ ва кишоварзӣ дар маҳаллаҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шавад.
80 ҳазор гектар замини кишт, ки имсол барои ҷудо кардан пешбинӣ шудааст, пеш аз ҳама ба оилаҳои тоифаи дар боло зикршуда дода мешавад. Ба туфайли ин 500 ҳазор нафар одамонро бо даромади доимӣ таъмин кардан мумкин.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки кори ҷудо намудани заминҳои киштро мавриди муҳокимаи танқидӣ қарор дода, соҳибкорони пешқадамро ба машғул кардани аҳолӣ бо паррандапарварӣ, гӯсфанду бузпарварӣ, харгӯш, моҳӣ ва занбӯри асалпарварӣ ҷалб намуда, маҳаллаҳоро бо иштироки соҳибкорон бо инкубаторҳо таъмин намоянд, низоми кафолатноки хариди маҳсулоти кишоварзиро фароҳам оваранд.
– Бояд ҳама барои худ дарк намояд: ёрдамчиёни ҳоким дар маҳалла намояндагони Президент ба ҳисоб мераванд. Вазифаи асосии онҳо – рушди соҳибкорӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ ва афзоиши даромади оилаҳо дар маҳаллаҳо. Барои ин зарур аст, ки ёварони ҳоким аз ҳар гуна бюрократизм озод бошанд, ҳеҷ як ҳоким ё роҳбар набояд онҳоро ба маҷлис даъват кунад, ҳисоботҳои гуногунро «бор» кунад. Фақат барои онҳо шароит фароҳам овардан лозим аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар ҷамъомад инчунин вазифа гузошта шуд, ки дар асоси муроҷиати аҳолӣ вазъият дар маҳалҳо мавриди омӯзиш қарор гирифта, ба беҳтар намудани симо ва аҳволи иҷтимоии маҳаллаҳо диққати махсус дода шавад.
Ин кор, пеш аз ҳама, аз маҳаллаҳои вазъияти иқтисодию иҷтимоиашон нисбатан мураккаб оғоз меёбад.
Вобаста ба ин, таъкид гардид, ки ба беҳбуди инфрасохтори чунин маҳаллаҳо, таъмиру бунёди шабакаҳои оби нӯшокӣ, боғчаҳо, мактабҳо, муассисаҳои тиббӣ, марказҳои фарҳангӣ, хуллас, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум эътибори аввалиндараҷа дода шавад.
Дар ҷамъомад роҳбарони соҳаҳо ва минтақаҳо дар бораи нақшаҳояшон бинобар низоми нави кор ҳисобот доданд.