Сарони давлатҳо ба Изҳороти муштарак дар бораи амиқсозии минбаъда ва густариши ҳамаҷонибаи шарикии махуси стратегӣ имзо карданд.

Дар чаҳорчӯби сафари давлатӣ инчунин 17 ҳуҷҷат ба имзо расид, аз ҷумла:

– Созишномаи байниҳукуматӣ бо Фонди рушди иқтисодӣ ва ҳамкорӣ;

– Созишнома бо Бонки содиротиву воридотии Корея ва ширкати «Hyundai Rotem» дар бораи харид ва интиқоли поездҳои баландсуръати барқӣ;

– Созишнома бо Бонки содиротиву воридотии Корея дар бораи расонда додани таҷҳизот барои таълими илмӣ ва иттилоотиву коммуникатсионӣ дар мактабҳои миёна;

– Созишнома дар бораи татбиқи лоиҳаи кластери инноватсионии дорусозии «Фарма Парк»;

– Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи таҳкими иқтидори хидматчиёни давлатии Ӯзбекистон;

– Барномаи ҳамкорӣ байни вазоратҳои корҳои дохилӣ дар солҳои 2025-2027;

– Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар доираи Созмони умумиҷаҳонии савдо;

– Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг;

– Созиш дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт;

– Созиш дар бораи ҳамкорӣ оид ба навсозии низоми таъминоти марказонидашудаи гармӣ дар минтақаҳои Ӯзбекистон;

– Созиш дар бораи шарикӣ дар соҳаи маъданҳои муҳим;

– Созиш дар бораи мусоидат ба фаъолияти кумитаи муштараки Ӯзбекистону Корея оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ;

– Муоҳида дар бораи ҳамкорӣ оид ба тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос ва касбӣ;

– Муоҳида дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ;

– Созишномаи ҶС «Узпсаноатқурилишбанк» бо Бонки содиротиву воридотии Корея дар бораи хати байнибонкии маҳорати кредитӣ ва дигар.