Сарвари давлатамон аз замони дар соли 2020 мақоми нозирро гирифтани Ӯзбекистон дар нишастҳои ин иттиҳодияи ҳамгироӣ ширкат меварзад.
Дар ҷаласаи кунунӣ, ки таҳти раёсати Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин баргузор шуд, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, ба ҳайси роҳбари давлати нозир – Президенти Ҷумҳурии Куба Мигел Диас-Канел, инчунин Раиси Ҳайати Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Михаил Мясникович иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев ва Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба сифати сарони давлатҳои даъватшуда иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои мубрами тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ, дастгирии лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ ва татбиқи барномаҳои муштарак дар самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо баррасӣ шуданд.
Дар суханронии худ роҳбари давлатамон иштироки фаъолонаи Ӯзбекистонро ҳамчун кишвари нозир дар назди ИИАО дар фаъолиятҳои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд дар доираи Иттиҳодия қайд намуд.
Барои фароҳам овардани шароити мусоид, ҷустуҷӯи нуқтаҳои нави рушд ва имкониятҳои густариши робитаҳои тиҷоратӣ якҷоя кор бурда мешавад.
Дар соли 2022 муомилоти мол бо кишварҳои ИИАО 23 фоиз афзуд. Имсол низ динамикаи муътадили афзоиш мушоҳида карда мешавад.
Солҳои охир дар кишвари мо дар соҳаи кооператсияи саноатӣ садҳо лоиҳаҳои муштарак ва корхонаҳои бахшҳои афзалиятнок ба роҳ монда шудаанд.
Платформаҳои муассир барои ҳавасмандгардонии муколамаи тиҷоратӣ, аз ҷумла Намоишгоҳи анъанавии байналмилалии саноатии «ИННОПРОМ. Осиёи Марказӣ», ки моҳи апрели соли равон бори сеюм дар Тошканд бомуваффақият баргузор гардид, фароҳам оварда шуданд.
Бо Комиссияи иқтисодии Авруосиё ҳамкориҳои созанда ба роҳ монда шудааст. Дар чаҳорчӯби Нақшаи кории муштараки сесола ҷиҳати ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ ба стандартҳои байналмилалӣ, табодули таҷриба дар соҳаи танзими иқтисод, рафъи монеаҳо дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод ва нақлиёту коммуникатсия зиёда аз 200 чорабиниҳо гузаронида шуданд.
Ўзбекистон дар барномаҳои инфиродӣ ва лоиҳаҳои соҳавӣ дар соҳаи мусоидат ба тиҷорат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, кишоварзӣ, экология ва сайёҳӣ иштирок мекунад.
– Пурзӯр шудани чолишҳои глобалӣ, шикастҳои ҷиддии занҷирҳои нақлиёту логистика, афзудани хатарҳои амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ ва дигар мушкилиҳо ҳамоҳангсозии зичро ҷиҳати ҳалли вазифаҳои афзалиятноки рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мо тақозо мекунад, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.
Сарвари давлатамон ба идомаи кори муштарак ҷиҳати соддагардонии расмиёти тиҷорат ва фароҳам овардани шароит барои афзоиши куллии ҳаҷми муомилоти мол миёни кишварҳо даъват кард. Ба ин қабули Созишнома дар бораи рафъи монеаҳои техникӣ ва эътирофи мутақобилаи сертификатҳо мусоидат мекунад.
Президенти Ўзбекистон аҳамияти ҳамгароии платфоромаҳои электронӣ ва низоми онлайнии маъмурияти гумрукӣ, назорати санитарӣ, фитосанитарӣ ва байторӣ, инчунин сертификатсияи пайдоиши молро таъкид намуд. Пешниҳод шуд, ки барои таҳияи механизмҳои татбиқи ин ташаббус дар сатҳи коршиносон машваратҳои пурмазмун баргузор карда шаванд.
– Мо андешидани тадбирҳои муштаракро ҷиҳати амиқтар намудани кооператсия ва маҳаллисозии саноат ҳамчун омили муҳими таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва ташаккули марказҳои саноатӣ дар фазои Авруосиё муҳим мешуморем, – қайд кард Президент.
Ба иштирок дар барномаҳои бисёрҷонибаи дастгирии молиявии татбиқи лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва фаъолияти Шӯрои тиҷоратии ИИАО изҳори ҳавасмандӣ карда шуд.
Раҳбари Ӯзбекистон ба аҳамияти таҳкими кори муштарак ҷиҳати ташаккули долонҳои алтернативии нақлиётӣ ва офаридани занҷирҳои устувори таъминот ишора намуда, ба рушди хатсайрҳои байналмилалии «Шимол-Ҷануб» ва дигар шоҳроҳҳое, ки минтақаамонро бо Чин ва кишварҳои Шарқи Наздик ва Осиёи Ҷанубӣ мепайвандад, пайравӣ кард.
Сарвари давлатамон ба ҳамоҳангсозии зич дар масъалаҳои сиёсати тарифӣ пайравӣ намуда, ба кори Дафтари лоиҳавии татбиқи лоиҳаи сохтмони роҳи оҳани Ӯзбекистон-Афғонистон-Покистон ҳамроҳ шуданро даъват намуд.
Сарвари Ӯзбекистон дар соҳаи амнияти озуқаворӣ пешниҳод кард, ки фаъолона иваз намудани воридоти маҳсулоти кишоварзӣ ва маҳсулоти озуқаворӣ, таъмин намудани фаъолияти пурраи коридорҳои «сабз», дастгирии тадқиқоти муштарак ва ҷорӣ кардани инноватсия, рушди робитаҳои ҳамкорӣ байни намояндагон агросаноатии мамлакатхои мо ҳавасманд гардонда шавад.
Бо ин мақсадҳо дар Ӯзбекистон баргузор намудани Форуми аграрӣ дар формати “ИИАО плюс” бо иштироки вазирони кишоварзӣ, истеҳсолкунандагон ва воридкунандагони пешбари озуқаворӣ пешниҳод карда шуд.
Имкониятҳои ҳамкориҳои васеъ дар омода кардани мутахассисони баландихтисос, роҳандозии робитаҳои шарикӣ байни донишгоҳҳо ва марказҳои таълими касбӣ, иштирок дар лоиҳаҳои муштарак оид ба дастгирии тадқиқоти илмӣ қайд карда шуд. Пешниҳод гардид, ки “харитаи роҳ” барои якҷоя омода кардани кадрҳои ниёзманди ихтисосҳои муҳандисию техникӣ таҳия карда шавад.
Дар хотима Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон изҳори боварӣ намуд, ки натиҷаҳои ҷаласаи навбатии Шӯрои Олии иқтисодии Авруосиё ба рушди соҳаҳо, шакл ва механизмҳои нави ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии Авруосиё мусоидат хоҳад кард.