Дар чорабинӣ Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта, Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, инчунин роҳбарони Бонки аврупоии таҷдид ва рушд ва Бонки сармоягузории Аврупо иштирок карданд.
Тибқи рӯзномаи тадбир дурнамои рушди муносибатҳои гуногунҷанба ва ҳамкориҳои амалии байни давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо баррасӣ гардида, доир ба ҷанбаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ табодули афкор сурат гирифт.
Ба тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва афзоиши мубодилаи маҳсулот, пешбурди барномаҳои муштарак ва лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, энергетикаи «сабз», истихроҷи маъдан, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика ва рақамисозӣ, идомаи табодули фаъол дар соҳаҳои фарҳанг, сайёҳӣ, фан, таълим ва дигар самтҳои афзалиятнок диққати махсус дода шуд.
Сарвари давлат зимни ифтитоҳи чорабинӣ бо қаноатмандӣ қайд кард, ки муносибатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо, ки решаҳои амиқи таърихӣ доранд, босуръат рушд ва таҳким меёбанд.
Мулоқотҳои созанда ва босамар, ки дар остонаи нишаст баргузор шуданд, иродаи сиёсӣ ва азми қатъиро ҷиҳати амиқсозии шарикӣ ва ҳамкориҳои амалӣ дар роҳи манофеи ду минтақа нишон доданд.
Президент ба роҳбарони институтҳои асосии сиёсӣ ва иқтисодии Иттиҳоди Аврупо барои дастгирии ҳамаҷонибаашон аз равандҳои ҳамгироӣ ва рушди устувор дар Осиёи Марказӣ изҳори сипос кард.
Тавре сарвари давлатамон таъкид кард, ба туфайли иродаи умумии сиёсӣ равандҳои дигаргунсозии амиқ дар Осиёи Марказӣ ба худ характери устувор ва бебозгашт гирифтанд. Эътимод ва ҳамсоягии нек таҳким ёфта, ҳамкориҳои васеъ ва робитаҳои кооператсионӣ густариш меёбанд.
– Аз ин ҳафт-ҳашт сол муқаддам барои ин ҳатто шароит вуҷуд надошт. Сарҳадҳои байни баъзе мамлакатҳои баста буданд. На савдо, на транзит, на тиҷорат ва на ягон мубодилаи башардӯстона вуҷуд дошт. Муносибатҳо танҳо ях гардида буданд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Моҳи сентябри соли ҷорӣ дар Тошканд Ҳафтумин вохӯрии машваратии сарони давлатҳои минтақа баргузор мешавад. Ин формати ҳамкорӣ барои ҳалли ошкоро ва конструктивии ҳама вазифаҳои муҳими рӯзномаи умумӣ хидмат мекунад.
Роҳбари Ӯзбекистон воқеаи таърихии дирӯз – ҳалли пурраи масъалаҳои марбут ба делимитатсияи сарҳади давлатӣ байни Қирғизистону Тоҷикистон ва имзои созишномаҳоро махсус қайд кард.
Зикр гардид, ки имрӯзҳо дар минтақа лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ ва инфрасохторӣ якҷоя амалӣ гардида, барои дастгирии онҳо фонд ва ширкатҳои сармоягузорӣ фаъолият доранд. Савдои минтақавӣ меафзояд, минтақаҳои савдои наздисарҳадӣ ташкил мегардад. Ин ҳама ба рушди устувори иқтисодии минтақа хидмат мекунад.
Мувофиқи пешгӯиҳои БАТР, маҷмӯи маҳсулоти дохилии умумии минтақавӣ дар соли ҷорӣ то 6 фоиз меафзояд, ки ин аз нишондиҳандаҳои миёнаи минтақаҳои дигар дар сатҳи назаррас баланд аст.
Корҳои муштарак оид ба ташаккули ҳувияти умумминтақавӣ, инчунин дастгирии табодули фарҳангӣ-гуманитарӣ ва таълим махсус таъкид гардид. Дар мамлакатҳоямон филиалҳои муассисаҳои таълимии пешқадами миллӣ кушода мешаванд. Лоиҳаи раводиди ягонаи Осиёи Марказӣ барои сайёҳони хориҷӣ таблиғ мешавад.
Дар сатҳи назаррас густариш ёфтани ҳамкории байни минтақа ва Иттиҳоди Аврупо мушоҳида мешавад. Дар ҳафт соли охир ҳаҷми муомилоти мол миёни мамлакатҳо чанд маротиба афзуда, 54 миллиард евроро ташкил кард. Платформаҳои самарабахши ҳамкорӣ фаъол гардиданд. Аз рӯйи тамоми самтҳои муҳим мунтазам ҷамъомади вазирон, форум ва нишастҳо гузаронида мешавад.
Роҳбари Ӯзбекистон доир ба самтҳои афзалиятноки рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар давраи миёна ва дарозмуддат андешаҳои худро баён кард.
Нахуст, аҳамияти таҳкими мулоқоти сиёсӣ, асосҳои ҳуқуқӣ ва институтсионалии ҳамкориҳои бисёрҷониба таъкид гардид.
Зарурати якҷоя таҳия ва қабул кардани маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба татбиқи қоидаҳои санад дар бораи барқарор кардани шарикии стратегӣ байни Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо нигаронида шудаанд, ёдовар гардид.
Бо мақсади ғанӣ гардонидани шарикии стратегӣ бо қарор, лоиҳа ва барномаҳои мушаххас баррасии масъалаи имзои Созишномаи пурра оид ба шарикӣ ва ҳамкорӣ дар байни ду минтақа пешниҳод карда шуд.
Президенти Ӯзбекистон аз рӯйи мунтазам гузаронидани вохӯриҳои роҳбарони идораҳои сиёсати хориҷӣ барои таҳияи мавқеъҳои муштарак оид ба масъалаҳои муҳими рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ; фаъол намудани равобити байнипарлумонӣ, таъсиси форуми ҳамкориҳои байнипарлумонии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ва баргузор намудани нахустин чорабинии онро тирамоҳи соли ҷорӣ дар Ӯзбекистон; вусъат додани ҳамкории марказҳои таҳлилии пешқадам пешниҳодҳои худро баён кард.
Бо мақсади кори бонизом аз рӯйи таъмини татбиқи саривақтии созишномаҳо, Ӯзбекистон омодагии худро ҷиҳати ба ӯҳда гирифтани вазифаи котиботи нишастро то ҷамъомади навбатӣ изҳор намуд.
Сармоягузориҳо ба иқтисодиёт ва навсозии технологӣ ҳамчун самти афзалиятноки ҳамкории мутақобила муқаррар гардиданд.
Ҳоло бастаи лоиҳаҳо, ки якҷоя бо ширкат ва бонкҳои пешқадами Аврупо амалӣ мегарданд, аз 30 миллиард евро афзуд.
Пешниҳод гардид, ки дар доираи Форуми навбатии сармоягузории Тошканд сессияи алоҳида бахшида ба имкониятҳои сармоягузории ду минтақа гузаронида шавад ва тақдимоти консепсияи Парки минтақавии саноатӣ дар Ӯзбекистон барои ширкатҳои аврупоӣ ташкил гардад.
Бо қаноатмандӣ гуфта шуд, ки дирӯз созишнома дар бораи ифтитоҳи дафтари Бонки сармоягузории Аврупо дар Тошканд ба имзо расид, ки ин ба ҳавасмандгардонии ҷараёни сармоягузории мустақим аз мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо ба Осиёи Марказӣ хидмат мекунад.
Роҳбари давлат барои пешбурди лоиҳаҳои бузурги минтақавӣ дар соҳаҳои энергетикаи “сабз”, инноватсия, нақлиёт, инфрасохтор ва аграр, ташаббуси ба кор даровардани Платформаи инвеститсияро ба миён гузошт. Ғайр аз ин, Президенти Ӯзбекистон боз як қатор ташаббусҳоро иброз намуд.
Имзои созишномаи бисёрҷониба дар бораи ҳифз ва рағбатноксозии сармоягузорӣ, ба кор даровардани Палатаи савдои муштараки “Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо”, қабули барномаи муштараки минтақавӣ оид ба дастгирии тиҷорати хурду миёна, соҳибкории занон аз ин ҷумлаанд.
Соли равон Ӯзбекистон барои гузаронидани Форуми навбатии иқтисодӣ оид ба алоқаи нақлиётӣ ва Форуми сармоягузорон омода аст.
Инчунин ба масъалаҳои тавсеаи кумаки техникии Иттиҳоди Аврупо ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори содиркунандагон, таъсиси лаборатория ва марказҳои стандартизатсия ва сертификатсия таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Амиқтар кардани ҳамкорӣ ва сармоягузорӣ дар соҳаи захираҳои маъданҳои стратегӣ чун самти дигари ояндадори шарикии мутақобилан судманд зикр гардид.
Ӯзбекистон аз рӯйи ҳамкорӣ бо ширкатҳои пешқадами Аврупо таҷрибаи хуб дорад. Дар баробари ин, мавҷуд набудани долонҳои муассири нақлиётӣ барои интиқоли ин маҳсулот, инчунин маҳсулоти тайёри саноатӣ ва кишоварзӣ ба бозори Аврупо садди роҳи густариши ҳамкориҳо дар ин самт мешаванд.
Ба ин маъно, зарурати таҳияи тадбирҳои ҳамоҳангшуда ва шароити мусоид барои тавсеа ва истифодаи долони нақлиётии Транскаспий таъкид шуд.
– Бовар дорам, ки ин вазифаҳо ба мақсадҳои барномаи амаиаврупоии “Дарвозаи глобалӣ” комилан мувофиқ меоянд, –гуфт сарвари давлат.
Бо ин мақсад, таҳти сарпарастии Иттиҳодияи Аврупо даъвати нишасти вазирони нақлиёти мамлакатҳое, ки дар ин самт воқеанд ва таҳияи бархӯрдҳои мутақобилан мувофиқ пешниҳод карда шуд.
Сармоягузорӣ ба энергетикаи “сабз” ва устувории экологӣ молики аҳамияти стратегӣ аст.
Таъкид гардид, ки Ӯзбекистон лоиҳаи байналмилалии интиқоли нерӯи барқро аз Осиёи Марказӣ ба Аврупо ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.
Дар мамлакати мо то соли 2030 ба 54 фоиз расондани ҳиссаи энергияи барқароршаванда дар баланси энергетикӣ, ба кор андохтани 24 ҳазор мегаватт неруи «сабз» дар назар аст.
Бо роҳандозии шарикии “Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо” оид ба энергияи “тоза” метавон платформаи муҳими ҳамкории мутақобиларо таъсис дод.
Пешниҳод шуд, ки барои таҳияи масъалаҳои маблағгузории лоиҳаҳо ва рушди бозори «кредитҳои карбон» гурӯҳи корӣ таъсис дода шавад.
Сармояҳое, ки ба капитали инсонӣ равона мегарданд, дар рушди ҳамкориҳои ду минтақа нақши муҳим доранд.
Барои кишварҳои минтақа ҷорӣ намудани квотаҳои махсус ҷиҳати омода кардани мутахассисони баландихтисос дар доираи барномаи «Эразмус Плюс», барои ноил шудан ба ин мақсад хидмат мекунад.
Ғайр аз ин, бо мақсади густариши ҳамкориҳо дар соҳаи илмӣ-таълимӣ бо мамлакатҳои Осиёи Марказӣ, Ӯзбекистон барои кушодани дафтари барномаи “Уфқ-Аврупо” омода аст.
Ташаббуси таҳияи барномаи муштараки мубодилаи илмию техникӣ дар соҳаҳои зеҳни сунъӣ, «маълумоти калон», рақамикунонӣ ва тадқиқоти кайҳонӣ ба миён гузошта шуд.
Президенти Ӯзбекистон пешниҳодотро аз рӯйи ба Барномаи ҳаракатҳои соҳаи таълими рақамии Аврупо дохил кардани мамлакатҳои минтақа, инчунин, татбиқи “харитаи роҳ”-и шарикии байни муассисаҳои пешқадами таълими олиро баён кард.
Намоиши балети миллии «Лазгӣ» бо иштироки мутахассисони аврупоӣ, инчунин ташкили намоишгоҳҳои мероси таърихии Осиёи Марказӣ дар бузургтарин осорхонаҳои Аврупо намунаи равшани ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳанг мебошад.
Зикр гашт, ки ҳамчун идомаи саъю кӯшишҳо ҷиҳати ошно намудани тамошобинони ҷаҳонӣ бо фарҳанги ғании минтақаи мо, барои тарғиби санъати халқҳои Осиёи Марказӣ аз Конфронси генералии ЮНЕСКО, ки дар шаҳри Самарқанд гузаронида мешавад, фаъол истифода намудан аҳамияти калон дорад.
Соли равон дар Бухоро гузаронидани нахустин форуми сайёҳии "Осиёи Марказӣ - Иттиҳоди Аврупо" низ пешбинӣ шудааст.
– Дар асоси роҳандозии таҷрибаи мамлакатҳои Иттиҳоди Аврупо, ҷиҳати татбиқи консепсияи “Як саёҳат – тамоми минтақа”, инчунин, баррасии масъалаи соддагардонии низоми раводид барои сайёҳон дар минтақа, ба кумаки шарикони аврупоии худ такя мекунем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Ҳамкорӣ дар мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализм, ҷиноятҳои киберӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва муҳоҷирати ғайриқонунӣ аҳамияти аввалиндараҷа дорад.
Пешниҳоди ҳамкорони аврупоӣ дар бораи роҳандозии мулоқот оид ба масъалаҳои мубориза бо терроризм дастгирӣ ёфт.
Аҳамияти идомаи ҳамкориҳои амалӣ дар доираи барномаҳои “BOMCA” ва “CADAP”, инчунин машваратҳо оид ба масъалаҳои таъмини рушди осоишта дар Афғонистон қайд карда шуд.
Сарвари давлатамон пешниҳод кард, ки бо мақсади роҳандозии механизмҳои татбиқи ташаббусу созишномаҳои пешниҳодшуда дар сатҳи муовинони сарвазир дар формати «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» Кумитаи шарикӣ таъсис дода шуда, ҳар сол вохӯриҳо гузаронида шаванд.
Дар чорабинӣ роҳбарони ҳайатҳо ҷиҳати густариши ҳамкориҳои амалии ду минтақа пешниҳодҳо ба миён гузоштанд.
Дар поёни нишасти нахустин Эъломияи муштарак дар бораи пойдор намудани шарикии стратегӣ байни ду минтақа ва эъломия дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи маъданҳои муҳимтарин қабул карда шуд.