Дар кори саммит беш аз 2 ҳазор намоянда аз тақрибан 140 кишвар иштирок мекунанд.
Ассамблеяи Иттиҳод, ки 181 парлумони миллӣ ва 15 иттиҳодияи минтақавиро муттаҳид мекунад, нахустин бор дар минтақаи Осиёи Марказӣ баргузор мешавад.
Дар оғози суханронии худ, Президенти Ӯзбекистон махсусан таъкид кард, ки дар солҳои охир дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон низоъҳо, офатҳои экологӣ ва техногенӣ, бӯҳронҳои иқтисодӣ, "ҷангҳои тиҷоратӣ", хатарҳои терроризм ва экстремизм пурзӯр мешаванд.
-- Дар чунин вазъи хеле мураккаб, вақт талаб мекунад, ки парлумонҳо барои ҳифзи сулҳ, таъмини рушди иҷтимоӣ ва адолат дар ҷаҳон фаъол бошанд, - таъкид кард Президенти Ӯзбекистон.
Бояд гуфт, ки бо ташаббуси Ӯзбекистон, Ассамблеяи имрӯза бо шиори "Ҳаракати парлумон баҳри пешрафти иҷтимоӣ ва адолат" баргузор мешавад.
Бино бар маълумоти ташкилотҳои байналмилалӣ, дар 30 соли охир ҳаҷми маҳсулоти дохилии умумии ҷаҳон 4,5 маротиба зиёд шудааст. Аммо, маълум аст, ки даромадҳои табақаҳои камбизоат ҳанӯз тағйир наёфтааст. Агар ин раванди назаррас идома ёбад, то соли 2030 дар ҷаҳон 575 миллион одам дар бенавоӣ зиндагӣ хоҳанд кард, 84 миллион кӯдак имконияти таҳсилро нахоҳанд ёфт.
Таъкид гардид, ки минбаъд васеъ кардани ҳамкории бисёрҷониба байни мақомоти намояндагӣ дар ин самт барои рушди умумии кишварҳо саҳми арзанда мегузорад.
Ҳамчун таъкиди Президент, дар Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» рушди институти парлумон ҳамчун вазифаи муҳим муайян шудааст. Дар солҳои охир, зиёда аз 20 қонун қабул шуд, ки бо мақсади баланд бардоштани нақши ҳокимияти қонунгузорӣ дар ҳаёти ҷомеа ва давлат равона гардидааст.
Номгӯи ваколати Палатаи Қонунгузории Олий Маҷлис аз 5 ба 12 ва Сенат аз 14 ба 18 афзоиш ёфтааст. Як қатор вақолатҳои Президент ба ҳокимияти қонунгузорӣ вогузор карда шудаанд.
Имрӯз ҳиссаи занон дар Парлумони Ӯзбекистон ба 38 фоиз расидааст. Дар соли 2021, бори аввал, дар Палатҳои Олий Маҷлис фаъолияти Парламентҳои ҷавонон оғоз гардид.
Ӯзбекистон як қатор ташаббусҳои байналмилалии аҳамияти глобалиро дар соҳаи парламентаризмро пеш мебарад. Аз ҷумла, Маҷмаи Генералии Созмони Милали Муттаҳид резолюсия "Дар бораи тақвияти нақши парлумон дар расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор"-ро қабул кард.
Намояндагони Ӯзбекистон дар кори Маҷмааи Парлумонии Осиё, Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ, Маҷмааи парлумонии ОБСЕ, Маҷмааи байнипарлумонии ИДМ ва дигар платформаҳои бисёрҷониба фаъолона иштирок мекунанд.
Сарвари давлати мо афзалиятҳои ҳамкории байнипарлумониро муайян кард.
Таъкид гардид, ки низоъҳо дар минтақаҳои гуногун ба амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ таҳдиди ҷиддӣ мебошанд. Ҳамчунин, зикр шуд, ки Ӯзбекистон тарафдори ҳаллу фасли ҳама гуна низоъҳо танҳо тавассути дипломатия ва музокироти сулҳомез мебошад.
Дар ин масъалаҳо, риояи меъёрҳои эътирофшудаи ҳуқуқи байналмилалӣ, Оиннома ва қатъномаҳои Созмони Милали Муттаҳид мақсаднок арзёбӣ мешавад.
Дар ин замина, Ӯзбекистон СММ-ро ҳамчун ягона ташкилоти универсалии байналмилалӣ ва беназир медонад.
Сарвари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим бояд ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи ҷиддӣ қарор дошта бошанд. Муҳимияти иҷрои пурраи ӯҳдадориҳо дар доираи Созишномаи Париж ва расидан ба ҳадафҳои бетарафии карбон таъкид гардид.
Яке аз шартҳои асосии рушди ҷомеа таҳкими ҳуқуқҳои занон мебошад. Имрӯз, ҳиссаи занон дар парлумонҳои ҷаҳон аз 11,3 фоиз дар соли 1995 ба 27,2 фоиз дар соли ҷорӣ расидааст.
Дар солҳои охир, дар кишвари мо дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди байнипарлумонӣ Форуми занони Осиё ва Саммити занон-лидерҳои парлумонҳои ҷаҳон бомуваффақият баргузор гардиданд.
Умедворӣ изҳор карда шуд, ки қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ «Дар бораи тавсеаи фаъолияти иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсиву ҳуқуқӣ ва фарҳангию гуманитарии занони Осиё», ки бо ташаббуси Ӯзбекистон пешниҳод шудааст, дастгирӣ хоҳад ёфт.
Роҳбари Ӯзбекистон махсус таъкид намуд, ки масъалаи тавсеаи ҳуқуқ ва имкониятҳои иштироки пурраи ҷавонон дар тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа хеле муҳим мебошад. Дар ин замина, аҳамияти ҷалби фаъоли ҷавонон ба фаъолияти парлумонҳои миллӣ ва Иттиҳод зикр гардид.
Пешниҳод шуд, ки дар доираи Иттиҳоди байнипарлумонӣ Платформаи глобалии парлумонҳои ҷавонон таъсис дода шуда, форуми таъсисии он дар Ӯзбекистон баргузор гардад.
Дигар самти афзалиятнок ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини ҳуқуқи ҳар шахс ба ҳифзи иҷтимоӣ ва пешниҳоди хизматрасониҳои босифат дар асоси меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.
Президенти Ӯзбекистон иштирокчиёни Форумро даъват кард, ки дар кори Конфронси байналмилалӣ оид ба коҳиши камбизоатӣ, ки моҳи сентябри соли ҷорӣ дар кишвари мо баргузор мегардад, фаъолона иштирок намоянд.
Роҳбари давлати мо зикр кард, ки воқеияти имрӯза тақвияти ҳамкории системавӣ дар соҳаи зеҳни сунъиро талаб мекунад. Дар ин робита, пешниҳод шуд, ки масъалаи таҳияи асосҳои ҳуқуқӣ оид ба ахлоқи истифодаи он бо мақсади танзими самараноки ин соҳа баррасӣ карда шавад.
Дар хотима таъкид шуд, ки тамоми пешниҳодҳо ва ташаббусҳои зикршуда пурра ба ҳадафҳои Стратегияи Иттиҳоди ӣайнипарлумонӣ мутобиқ мебошанд.
Президенти Ӯзбекистон ба ҳамаи иштирокчиёни Ассамблеяи ҷашнӣ кори бомуваффақияти саммит ва мулоқотҳои пурмаҳсул таманно намуд.