Президенти Ӯзбекистон дар нишасти Ҷунбиши кишварҳои бетараф як қатор ташаббусҳои муҳими байналмилалӣ ба миён гузошт

    Ҳукумат 2 Mart 2023 5447

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 2 март дар нишасти Гурӯҳи алоқаи Ҷунбиши кишварҳои бетараф дар Боку нутқ эрод кард.

    Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, Президенти Ироқ Абдул Латиф Ҷамол Рашид, Раиси Шӯрои президентии Давлати Либия Муҳаммад Юнис Ал-Манфи, Раиси Президиуми Босния ва Герсеговина Желка Свиянович, ноиби президентҳои Куба Сальвадор Меса, Габона Роз Рапонда, Танзания Филипп Мпанго ва Сарвазири Алҷазоир Айман Бенабдеррахмон иштирок карданд.

    Аз созмонҳои байналмилалӣ раиси иҷлосияи 77-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Чаба Кёрёши, муовини дабири кулли СММ Татьяна Валовая, Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ, Дабири кулли Созмони давлатҳои туркӣ Кубаничбек Омуралиев, Дабири кулли Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Кайрат Сарыбай, директори иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид оид ба Аврупо Олга Алгаерова, Директори генералии Созмони байналмилалии муҳоҷират Антонио Виторино, Директори генералии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ Рафаэл Гроссӣ ва Дабири кулли Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ Зураб Пололикашвили намояндагӣ карданд.

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои рафъи оқибатҳои пандемияи коронавируси COVID-19, таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳифзи муҳити зист ва дигар масъалаҳои мубрами рушди устувор дар давраи барқарорсозии пас аз пандемияи ҷаҳон баррасӣ шуданд.

    Президент Шавкат Мирзиёев дар суханронии худ даъват ва хавфҳои ба тағйирёбии иқлим, офатҳои табиӣ ва фоҷиаҳои техногенӣ алоқамандро, ки бо онҳо инсоният солҳои охир ба ғайр аз мубориза бо пандемия рӯ ба рӯ мегарданд, қайд намуд.

    – Миқёси онҳо афзуда, на танҳо ба давлатҳои ҷудогона, балки тамоми минтақаҳо таҳдиди ҷиддии бехатарӣ ва рушди устувор пеш меоранд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Таъкид гардид, ки дар ин замина Ӯзбекистон ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби Платформаи глобалӣ ҷиҳати ноил шудан ба ҳадафҳои асосии Барномаи Сендай то соли 2030 мебошад.

    Бо мақсади амиқ омӯхтани сабабҳои чунин ҳолатҳои фавқулода ва пешгирии самарабахши оқибатҳои онҳо Президенти мамлакатамон пешниҳод намуд, ки Шабакаи махсуси мониторинг ва тадқиқоти илмии Ҷунбиши кишварҳои бетараф таъсис дода шавад.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки дар давраи пас аз пандемия зиддиятҳои геополитикӣ ва идеологӣ шадидтар шудаанд, ки зери таъсири онҳо оташҳои нави ноустуворӣ дар минтақаҳои гуногуни ҷаҳон ба вуҷуд меоянд.

    – То ҳол ягон роҳи ҳалли глобалии низоъҳое, ки дар Ховари Миёна ва Афғонистон муддати тӯлонӣ идома доранд, пайдо нашудааст, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.

    Зарурати рӯзафзуни густариши ҳамкориҳои амалӣ дар чаҳорчӯби Ҷунбиши кишварҳои бетараф дар шароити вақтҳои охир дар тамоми кишварҳо пурзӯр шудани таҳдиди терроризм ва ифротгароӣ махсусан таъкид шуд.

    Бо дарназардошти ин изҳори боварӣ карда шуд, ки Ҷунбиши бетарафӣ бояд ба талошҳо барои таҳкими заминаи ҳуқуқии байналмиллалии мубориза бо ҳама зуҳуроти терроризм роҳбарӣ кунад. Ин ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ҳамаи давлатҳои аъзои Ҷунбишро дар чаҳорчӯби СММ боз ҳам фаъолтар мегардонад.

    Роҳбари Ӯзбекистон қайд кард, ки дар ҳамоҳангсозии системавӣ ва ҳалли самарабахши ин мушкилот дар сатҳи байналмилалӣ роли асосӣ бояд ба Созмони Милали Муттаҳид ва сохторхои махсуси он тааллуқ дошта бошад.

    Таъкид шуд, ки дар рафти ислоҳоти Созмони Милали Муттаҳид аъзои Ҷунбиши бетарафӣ бояд дар Шӯрои амният курсии доимиро соҳиб шаванд.

    Шавкат Мирзиёев боз як масъалаи муҳими рӯзномаи глобалӣ – нармтар гардондани оқибатҳои бӯҳрони идомаёфтаистодаи иқтисодиро ба миён гузошт.

    –Тафовути рӯзафзуни захираҳои озуқаворӣ, захираҳои обу энергетика барои низомҳои иҷтимоию иқтисодии кишварҳои мо ба имтиҳони ҷиддӣ табдил ёфта истодааст, – қайд кард роҳбари давлатамон. – Мутаассифона, дар чунин вазъияти душвор бори асосии ин таъсири манфӣ маҳз ба дӯши давлатҳои рӯ ба тараққӣ афтодааст.

    Барои кушодани имкониятҳои васеи иқтисодӣ барои рушди ҳамкориҳои амалӣ, пешбурди барномаҳои муштараки минтақавӣ ва лоиҳаҳои бузург пешниҳод карда шуд, ки дар арафаи нишастҳои Ҷунбиши бетарафӣ мунтазам Форумҳои иқтисодӣ гузаронида шаванд.

    Чунин чорабиниҳои муҳим ба суръат бахшидан ба табодули инноватсияҳо, донишҳои замонавӣ ва технологияҳои пешрафта, дар маҷмӯъ, фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои инқилоби чоруми саноатӣ, алалхусус, рушди иқтисодиёти «оқил» мусоидат хоҳанд кард.

    Президенти Ӯзбекистон қайд кард, ки таъсири манфии пандемия пеш аз ҳама ба насли наврас таъсир мерасонад. Имкониятҳои ҷавонон барои гирифтани таълими босифат ва касбу ҳунар, хизмати тиббӣ ва шуғл варзидан бо варзиш коҳиш меёбад.

    – Махсусан он чиз ташвишовар аст, ки боварии насли наврас ба он ки дар оянда ҷои сазовори худро дар зиндагӣ пайдо карда метавонанд, коҳиш меёбад. Инчунин таъсири ақидаҳои вайронкор ва радикалӣ дар зеҳни ҳазорон ҷавонон тақвият меёбад, – гуфт роҳбари Ӯзбекистон.

    Ният карда шуд, ки соли оянда бо мақсади ҳамоҳангсозии сиёсату нақшаҳо, табодули таҷрибаи дар ин самт ғанигардида дар яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ – Самарқанди бостонӣ «Саммити имкониятҳои бепоён»-и Шабакаи ҷавонони Ҷунбиши бетарафӣ ташкил карда шавад.

    Дар хотима Сарвари давлатамон бори дигар ҷониби Озарбойҷонро бо раисии самарабахшаш дар Ҷунбиши ктшварҳои бетараф ва бомуваффақият баргузор шудани нишаст самимона табрик гуфт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates