Дар рафти мулоқот масъалаҳои мубрами рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкории бисёрҷанбаи Ўзбекистону Ҷопон, инчунин рӯзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардиданд.
Сарони ду кишвар ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори муносибатҳои дипломатӣ ва 20-умин солгарди шарикии стратегии Ӯзбекистону Ҷопон табодули гарму самимӣ карданд.
Бо қаноатмандии амиқ қайд карда шуд, ки ҳамоиш дар Токио дар моҳи декабри соли 2019 ва робитаҳои мунтазам дар сатҳи олӣ имкон дод, ки муносибатҳои дуҷониба ба сатҳи сифатан нав бароварда, онҳо бо мазмуни амалӣ ғанӣ гардонда шаванд.
Ҳаҷми муомилоти моли байниҳамдигарӣ меафзояд — аз аввали соли ҷорӣ нишондиҳандаҳои муомилоти мол ду баробар афзуд. Сармоягузории бевоситаи ширкатҳои бонуфузи Ҷопон ба иқтисодиёти мо меафзояд, дар соҳаҳои баландтехнологии иқтисодиёт корхонаҳои зиёди нави муштарак ташкил карда мешаванд. Якҷоя оид ба модернизатсия ва васеъ намудани иқтидорҳои энергетикӣ, ташкили истеҳсолоти замонавии саноатӣ, аз ҷумла дар соҳаи мошинсозӣ ва саноати кимиё, рушди инфрасохтори меҳмонхонаҳо лоиҳаҳои калон татбиқ карда мешаванд. Дар пойтахти мо аввалин Донишгоҳи рақамии Ҷопон фаъолият мекунад.
Сарвари давлатамон ба Сарвазир ва Ҳукумати Ҷопон барои дастгирии ҳамаҷонибаи ислоҳоти бебозгашт дар Ӯзбекистони нав миннатдории самимӣ баён кард. Зимнан зикр гардид, ки ҳаҷми кумакҳои молиявӣ ва молиявию техникӣ, ки бинобар хати Агентии ҷопонии JICA ва Бонки ҳамкории байналмилалии JABIC расонда шудаанд, аз 7 миллиард доллари амрикоӣ гузашт.
Илова бар ин, ба натиҷаҳои мулоқотҳо ва гуфтушунидҳои пурсамари ҳайатҳои вакилони ҳукуматӣ дар соли равон баҳои баланд дода шуд.
Роҳбарон ба густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ ва пешбурди лоиҳаҳо дар соҳаҳои инноватсия, иқтисодиёти “сабз”, технологияҳои рақамӣ, илму маориф, идомаи барномаҳои табодули фарҳангиву гуманитарӣ ва муколамаи байнипарлумонӣ даъват карданд.
Дар бораи ташкил кардани экспозитсияи васеъмиқёси Ӯзбекистон дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии “ЭКСПО-2025” дар шаҳри Осака мувофиқа ба даст омад.
Дар рафти суҳбати телефонӣ ба масъалаҳои рӯзномаи байналмилалӣ дахл карда шуд.
Сарвазири Ҷопон барои дастгирии пайвастаи Ӯзбекистон дар масъалаи узвияти доимии ин кишвар дар Шӯрои амнияти СММ, бинобар мушкилоти аз силоҳи ҳастаӣ холӣ кардани нимҷазираи Куриё ва баргардонидани шаҳрвандони рабудашудаи Ҷопон изҳори сипос кард.
Президенти Ӯзбекистон ҷониби Ҷопонро ба муносибати бомуваффақият баргузор намудани Ҳамоиши об дар шаҳри Кумамото табрик намуда, ҳамчунин аз самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳои амалӣ дар Осиё, ки роҳбари ҳукумати Ҷопон ба манзури ноил шудан ба рушди устувор ва гул-гулшукуфии минтақаи паҳноварамон ба миён гузоштааст, ҷонибдорӣ кард.
Дар навбати худ, Сарвазир Фумио Кисида ба ташаббусҳои Ӯзбекистон дар самти таҳкими муносибатҳои эътимод, ҳамсоягии нек ва шарикии ҳамаҷониба дар Осиёи Марказӣ, инчунин кумакҳо барои таъмини сулҳи дарозмуддат ва барқарорсозии иқтисодиёт дар Афғонистон баҳои баланд дод.
Дар доираи Муколамаи «Осиёи Марказӣ ва Ҷопон» ба истифодаи пурраи имконоти ҳамкориҳои мутақобилан судманд таваҷҷуҳи тарафайн изҳор гардид.
Дар хотимаи суҳбат Президент Шавкат Мирзиёев Сарвазир Фумио Кисидаро даъват кард, ки бо боздиди расмӣ ба кишварамон ташриф оварад.
Суҳбати телефонии раҳбарони Ӯзбекистон ва Ҷопон дар фазои анъанавии кушод, дӯстона ва корӣ сурат гирифт.