Президент мукофотҳои олии давлатиро супурд

    Ҳукумат 30 Avgust 2023 6256

    30 август дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими супурдани ин мукофотҳо баргузор шуд.

    Мутобиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба муносибати 32-юмин солгарди истиқлолияти давлатӣ бисёр ҳамватанони мо бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо, инчунин як гурӯҳ сармоягузорони хориҷӣ ордени «Дӯстлик» сарфароз гардонда шуданд.

    30 август дар қароргоҳи «Кӯксарой» маросими супоридани ин ҷоизаҳо баргузор шуд.

    Сарвари давлатамон Шавкат Мирзиёев дар оғоз ширкаткунандагони маросимро бо Рӯзи истиқлолият табрик гуфта, орзуҳои нек баён кард. Қайд карда шуд, ки дар тӯли солҳои охир кишвари мо роҳи тӯлонии рушдро тай намуда, дигаргуниҳо тамоми соҳаҳоро фаро гирифт.

    – Дар идомаи иқдомоте, ки ба таъмини манфиатҳои мардум ва баланд бардоштани шаъну шарафи инсон нигаронида шудаанд, мо стратегияи “Ӯзбекистон – 2030”-ро таҳия кардем. Аз рӯи лоиҳа, ки ба муҳокима гузошта шуд, зиёда аз 1 миллион таклиф кабул карда шуд. Ин аз чӣ далолат медиҳад? Аз он ки мардуми мо ба ояндаи худ бепарво нест. Аз он ки мо бояд дар кадом самт кор кунем ва чӣ гуна камбудиҳо мавҷуданд. Барои мо ин «харитаи роҳ» аст. Халқ арбитри асосии давлат аст, – гуфт Президент.

    Стратегияи мазкур вазифаҳои таҳкими истиқлолияти кишварамон ва ҳаёти осоиштаи он, бунёди иқтисодиёти пурқувват, таъмини некуаҳволӣ ва фаровонии халқи мо, тарбияи насли наврасро ҳамчун шахсияти ҳамаҷониба баркамол муайян кардааст.

    – Оддӣ карда гӯем, мақсади мо як аст: Ӯзбакистони навро тавре бунёд кунем, ки дар он зиндагӣ ва кор кардан лаззатбахш бошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Асоси ин пеш аз ҳама сулҳу субот дар кишвари мост. Халқи мо инро нағз медонад ва дар рӯҳи меҳнати бунёдкорона зиндагӣ мекунад. Корхонахои нави ҳозиразамони саноатӣ ба кор андохта мешаванд. Дар сохаи илм, техника ва хидматрасонӣ натиҷаҳои муҳим ба даст оварда мешаванд. Дар охири соли 2022 суръати рушди иқтисоди кишвар 5,7 фоизро ташкил дод.

    Имрӯзҳо дар тамоми вилоятҳо манзилгоҳ, роҳу купрӯкҳо, муассисахои тиббӣ, боғчаю мактабҳо, иншоотҳои маданияту спорт сохта мешаванд. Деҳконон сарфи назар аз носозгориҳои табиат ҳосили баланд ба даст меоваранд, амнияти озуқаворӣ ва фаровонии дастархони мардумро таъмин менамоянд.

    Президент дар бораи ҳамаи ин ҳарф зада, суханони ҳикматноки мутафаккири бузург Алишери Навоиро «Бо ташвиши одамон зиндагӣ кардан муҳимтарин меъёри инсоният аст» хотирнишон намуд.

    Таҷассуми инро дар ғамхорӣ ба қишрҳои аз ҷиҳати иҷтимоӣ осебпазири аҳолӣ, аз ҷумла насли калонсол, занону ҷавонон дидан мумкин аст. Ба шарофати тадбирҳои дастгирии оилаҳои камбизоат, таълими босифат, ба касбҳои замонавӣ омӯзонидан, беҳтар гардондани инфрасохтор сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ мунтазам паст шуда истодааст.

    Сарвари давлат инчунин дигаргуниҳои маҳалла, баланд шудани фаъолнокии шаҳрвандиро қайд кард.

    – Мо аз рӯзи аввал бо мардум муколамаи мустақим барқарор карда истодаем. Мо корро дар бисёр соҳаҳо бевосита дар маҳалла ташкил мекунем. Чаро? Маҳалла пояи давлатдории мост. Сулху осоиш дар 9400 маҳалла маънои сулҳу осоиш дар тамоми мамлакат аст. Тасаввур кунед, агар ҳам сармоягузорӣ, ҳам таълиму тарбия, ҳам сохтмону ободонӣ аз маҳалла оғоз шавад, чӣ гуна дигаргуниҳо ба амал меоянд! Масалан, «Буҷети кушод» - худи мардум масъалаҳои мушкилро нишон медиҳанд, овоз медиҳанд ва худашон назорат мекунанд. Маҳз аз ин рӯ, мо рушди низоми маҳалларо қатъӣ идома медиҳем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент ҳозирони ин маросимро ном бурда, онҳоро бо мукофотҳояшон табрик гуфт. Таъкид кард, ки онҳоро ҳамчун бинокорони аслии Ӯзбекистони нав қадр мекунад, барои меҳнати фидокоронаашон ва намунаи ибраташон барои ҷавонон изҳори сипос намуд.

    – Хушбахтӣ чист? Ин аст, ки одам вақте солим аст, дар иҳотаи ғам-хории фарзандон, дар оила ва дар байни одамон обрую эҳтиром дорад, ба қадри шумо ва меҳнати ҳалолатон мерасад. Тамоми халқи мо бо шумо фахр мекунад ва ба шумо бо ҳавас менигарад. Таманно дорам, ки ин эҳтиром ва гиромидошт шуморо ҳеҷ гоҳ тарк накунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Баъд маросими ботантанаи супурдани унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо барпо гардид.

    Тавре маълум аст, ордени “Имом Бухорий” бо ибтикори Сарвари давлат ҷиҳати таҳкими худшиносии миллӣ таъсис дода шудааст. Ду нафар аз ҳамватанони барҷастаи мо, ки дар роҳи ҳифзи дини ислом дар кишвар ва минтақа, омӯхтан ва ба мусулмонон расонидани мероси илмии аҷдодони худ ҷасорати рӯҳонӣ нишон додаанд, муфтиёни марҳум, шайхҳо Зиёвуддинхон ибни Эшон Бобохон ва Муҳаммад Содиқ Муҳаммад Юсуф бо ордени «Имом Бухорий» дараҷаи олӣ сарфароз гардонида шуд. Двар чорабинӣ ин мукофотҳоро фарзандонашон гирифтанд.

    Ҳамчунин намояндагони барҷастаи насли калонсол, ходимони давлатӣ, олимону омӯзгорон, соҳибкорон, саноатчиён, санъаткорон, низомиён, варзишгарону мураббиён мукофотҳоро гирифтанд.

    Президент онҳоро табрик карда, суханони гарму ҷӯшон гуфт.

    – Ба чеҳраҳои кушод, чашмони хушнуд, қувваи бепоёни шумо нигоҳ карда, ман, росташро гӯям, чун шодмониро эҳсос мекунам, ки гуё худам мукофот мегирам. Орзу дорам, ки мукофоту нишонҳои олӣ, ки дар сари синаатон медурашанд, шуморо ба корнамоиҳои нав рӯҳбаланд гардонад, – гуфт Президент.

    Мукофотонидашудагон барои эътибори баланд арзи сипос намуда, ба халқи мамлакатамон таманноҳои беҳтарин изҳор карданд.