Дар ин чорабинӣ Президент Шавкат Мирзиёев иштирок кард.
Ба хотири гузаштагон Қуръон тиловат карданд. Ба мардум ош пешкаш карда шуд.
Бо иди Истиқлол ба тарзи ҳамоҳанг гузаронидани ин маросим, ба ёд овардани накумардони миллат ба дил эҳсоси наҷибе мебахшад. Ин аз он далолат медиҳад, ки аз байн солҳо гузарад ҳам фидокорӣ барои Ватан қадр карда мешавад, ҳеч як амали хуб аз ёд намеравад.
Дар назди қабри рамзии хиёбон низ Қуръон тиловат карда шуд. Дар бораи эҳёи ҳақиқати таърихӣ, тарбияи ҷавонон дар ин рӯҳия мулоқот карданд.
– Дар арафаи иди Истиқлол, дар шароити кунунии сулҳу озодӣ ба ёд овардани номи поки гузаштагони қаҳрамони худ, эҳтиром ба хотираи мубораки онҳо барои мо ҳам қарз асту ҳам фарз, — гуфт Шавкат Мирзиёев. – Аз ин рӯ, ному қадри ҳамватанонамонро, ки даргузаштаанд, дубора барқарор мекунем. Шиори накӯи “Инсон – азиз, хотира – муқаддас!” то рафт дар ҳаёти мо мустаҳкам ҷой мегирад. Маҷмааҳои ёдгории муборакро бунёд мекунем. Дар бораи бобоҳои маърифатпарвари худ асарҳои бадеӣ ва илмӣ, кинофилмҳо меофарем. Китобҳои “Хотира” омода мекунем. Анҷуманҳои байналмилалӣ доир мегарданд. Бубинед, ки дар се соли охир номи беш аз 1200 нафар қурбониёни қатағони сиёсиро сафед кардем. Ин аз чӣ далолат медиҳад? Ин пирӯзии адолат, дар ҳама гуна ҳолат тантана кардани ҳақиқатро ифода мекунад.
Дар маросими соли гузашта Сарвари давлат аз рӯйи аниқ кардани қурбониёни табъид дар минтақаҳо, васеъ намудани доираи тадқиқотҳо дар ин самт супоришҳо дода буд.
Дар асоси ин 19 июли соли равон Қарори Президент “Дар бораи васеъ намудани доираи корҳо бобати омӯхтан ва тарғиб намудани ҳаёт ва фаъолияти ҳамватанонамон, ки қурбони табъиди сиёсӣ шудаанд, инчунин абадӣ гардонидани хотираи онҳо” имзо гардид. Мувофиқи он, аз рӯйи мутобиқсозии ин корҳо комиссияи ҷумҳуриявӣ ташкил гардида, таҳти сарварии Вазорати мудофиа як қатор ташкилотҳои мутасаддӣ вобаста карда шуданд.
Роҳбари давлат дар бораи моҳият ва мақсади ин қарор ҳарф зад:
– То имрӯз рӯйхати пурраи қурбониёни табъид таҳия нагардида буд. Дар ҳоле ки дар қафои ҳар як рақами ин рӯйхат тақдири инсон ниҳон аст. Ҳаёти ҳар як ҳамватанамон, ки шаҳид гардидаанд, қурбони табъид шудаанд, қаҳрамонӣ аст. Аз ин рӯ, мо дар қарор ба масъалаи ном ба ном аниқ кардани қурбониёни табъид, омӯхтан ва тадқиқ кардани ҳаёти ибратбахши онҳо эътибори алоҳида додем. Бо мақсади эҳёи ҳақиқати таърихӣ номи мубораки онҳоро ба китоби бисёрҷилдаи “Қурбониёни табъид”, инчунин, ба саҳифаҳои китоби рамзие, ки дар ин маҷмаа бунёд мегардад, менависем. Сад афсӯс, ки маълумотҳоро оид ба ин масъала, ки дар кишварҳои хориҷӣ ва ҳатто дар архивҳои худамон маҳфузанд, пурра наомӯхтаем. Аз ин сабаб, дар ин самт ташкил кардани экспедитсияҳои илмӣ муқаррар карда шуд. Акнун ҳар сол дар мамлакатамон ҳафтаи аввали моҳи октябрро чун Ҳафтаи ёдбуди қурбониёни табъиди сиёсӣ ёд менамоем.
Чаро ин вақт интихоб шуд? Чунки 4-16 октябри соли 1938 аз болои 507 нафар маҳбусони сиёсии ӯзбекистонӣ ҳукм бароварданд. Пешвоёни бузург қатл карда шуданд. Дар байни онҳо зиёиён чун Фитрат, Чӯлпон, Абдулло Қодирӣ, Худойберган Девонов, мутахассисони пешқадами таҳсилгирифтаи Олмон, арбобони маъруфи давлатӣ ва ҷамоатӣ буданд. Ҷиҳати даҳшатноктарин он аст, ки онҳо 4 октябр қатл карда шуданд ва ҳукм 5 октябр баромад.
– Санаи мазкур дар таърихи халқи мо яке аз рӯзҳои ғамангезтарин аст. Аз ин рӯ, ин ҳафтаро бо омодагии калон, бояд дар ҳамҷиҳатӣ гузаронем, — таъкид кард Президент.
Тибқи қарор, дар доираи ҳафта дар байни аҳолӣ вохӯриҳо, намоишгоҳ ва озмунҳои гуногун ва намоиши филмҳо дар ин мавзӯъ гузаронида мешавад. Ҳокимони вилоят, шаҳр ва ноҳияҳо, роҳбарони вазорату идораҳо ва дигар шахсони масъул ба хонадонҳои зистаи қурбониёни табъид рафта, аз рӯзгори авлодҳои онҳо хабар мегиранд. Дар хонадонҳое, ки аҷдодони фидокори мо таваллуд шуда ба камол расидаанд, зистаанд, лавҳаҳои ёдгорӣ насб мегардад. Дар маҳалла ва мактабҳое, ки онҳо умр ба сар бурдаанд, гӯшаҳои хотира ташкил карда мешавад.
Ҳамин тавр, одамон бо маълумотҳо дар бораи ҳаммаҳаллаҳои худ, ки гирифтори табъид шудаанд, шинос мегарданд. Бар ивази чӣ гуна талафотҳо ба даст омадани неъмати бузург — Истиқлолро дарк мекунанд. Чӣ гуна рӯзҳои машъумро аз сар гузаронидани халқамонро мефаҳманд. Дар лаҳзаҳои душвортарин виҷдон, худшиносии миллии худро нигоҳ доштани аҷдодони фидокорамонро аз дил эҳсос менамоянд.
Дар рафти мулоқот ба Сарвазир аз рӯйи ташкили ин корҳо ва ба назорат гирифтани иҷрои он супоришҳо дода шуд.
Маълум аст, ки солҳои охир баробари тармими осорхонаи давлати Хотираи қурбониёни табъиди Тошканд, дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва тамоми вилоятҳо чунин осорхонаҳо ташкил гардиданд. Бахусус, осорхонаҳои Андиҷон, Бухоро, Қаршӣ, Фарғона молики эътиборанд.
Президент таъкид кард, ки чунин амалҳои хайрро пайваста давом дода, намояндагони ҷамъиятӣ бо ҳуҷҷат ва нигораҳои ноёб оид ба ҳаёти ҷадидон бояд бештар ошно карда шаванд.
– Дуруст, ки вақтҳои охир корҳо дар ин самт ба марҳилаи нав баромаданд. Аксар номҳои номаълум аниқ гардид. Китобҳо, киноҳо омода карда шуд. Лекин ин кам аст. Дар ин самт низ ҷустуҷӯҳои маҳаллабайъро ба роҳ мондан ва барои ин саҳм гузоштани тамоми зиёиён, нурониён, муҳофизони ҳуқуқ мувофиқи мақсад аст. Ин бояд ба қадрият, ба ҳаракати умумимиллӣ табдил ёбад, — гуфт Сарвари давлат.
Зарурати рағбатноксозии моддии тадқиқотчиён, дақиқ кардани маълумотҳои бойгонӣ, ба насли ҷавон дуруст расонидани таърих зикр гашт.
– Чаро мо осорхонаи Имом Бухориро ташкил мекунем? Барои чӣ киноҳои таърихиро ба навор мегирем? Чунки бузургтарин мактаб, бузургтарин тарбия ин таърих аст. Ҷавонони мо бояд таърихро хуб донанд, аз дигарон не, аз бобоёни худамон ибрат бигиранд. Асоси инро ба таври мукаммал, бо забони ба ҷавонон фаҳмо, ба тарзи шавқовар, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ расонидан, дар ёди ҷамъият сиришта мешавад. Авлоди ҷавонро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем, аз роҳе, ки интихоб кардаем, қатъӣ рафта метавонем, — гуфт роҳбари давлатамон.
Дар ҳоле ки дар ҷаҳон хавфу хатар пурзӯр гардида, худшиносии миллӣ, накӯкорӣ, арзишҳо барин мафҳумҳо рӯ ба завол меоранд, қадри осоиштагии кишварамон бештар намоён мешавад.
– Истиқлолият – марҳамат, неъмати бузургтарини Офаридгор ба халқу диёри мост. Ба қадри ҳар як рӯз, ҳар як сол расида, бояд бо эҳсоси шукргузорӣ зиндагӣ кунем. Корҳои савоби худро бобати эъзози аҷдодон, розӣ кардани халқ бештар намоем, Худо доим роҳи моро мекушояд, — гуфт Президент.
Охирати онҳое, ки дар роҳи манфиати Ватан фидо гардидаанд, обод гардад ва Худованд кишвари тинҷу осоиштаамонро дар паноҳи худ нигоҳ дорад, гуфта дуоҳо карда шуд.
Муҷассамаи Истиқлол рамзи озодӣ ва пояҳои устувори давлати мост. Дар он таърихи чандинасраи давлатдорӣ, симои олимон ва саркардагони бузурги мо инъикос ёфтааст. Дар қисми болои муҷассама мурғи Ҳумо тасвир карда шудааст.
Дирӯз Президент Шавкат Мирзиёев ба боғи “Янги Ӯзбекистон” ташриф оварда, ба пояи муҷассамаи Истиқлол гулчанбар гузошт.
Дар маросим инчунин намояндагони Палатаи қонунгузорӣ ва Сенати Олий Маҷлис, Маъмурияти Президент, вазорату идораҳо, ҷомеаи шаҳри Тошканд иштирок карда, ба пояи муҷассама гул гузоштанд.
Чорабинии мазкур як қисми барномаи таҷлили 33-юмин солгарди истиқлолияти кишварамон гардид.