баннер
26 Apr 2025
07:43

    Роҳбарони Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо аҳамияти тавсеаи куллии ҳамкории иқтисодиро қайд карданд

    3 апрел дар ҳошияи ҳамоиши Самарқанд Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Шӯрои Аврупо Антониу Кошта ва Президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен, ки бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор доранд, мулоқот анҷом дод.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъда ва амиқсозии ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, пеш аз ҳама дар соҳаҳои савдо, иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ шуданд.

    Бо қаноатмандии махсус равобити фаъол ва мубодилаҳои самаранок дар сатҳҳои гуногун, инчунин кори босамар дар доираи механизмҳои институтсионалии ҳамкории амалии дуҷониба таъкид гардиданд. Ҳамчунин, Созишномаи шарикии васеъ ва ҳамкорӣ омодаи имзо мебошад.

    Муомилоти моли Ӯзбекистон бо кишварҳои Иттиҳоди Аврупо босуръат афзоиш меёбад. Портфели лоиҳаҳои сармоягузорӣ бо ширкатҳои пешбари аврупоӣ беш аз 30 миллиард евроро ташкил медиҳад. Кишвари мо яке аз бенефитсиарҳои асосии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд мебошад ва дар шаҳри Тошканд намояндагии минтақавии Бонки сармоягузории Аврупо боз мешавад.

    Роҳбарони муассисаҳои асосии Иттиҳоди Аврупо ба барномаи ислоҳоти иқтисодии ҷиҳати бунёди Ӯзбекистони Нав татбиқшаванда, инчунин сиёсати таҳкими ҳамсоягии нек, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ баҳои баланд дода, онро пурра дастгирӣ карданд.

    Дар ҷараёни гуфтушунидҳо ба пешбурди барномаҳо ва лоиҳаҳои муштараки ҳамкорӣ дар соҳаҳои инноватсия, энергетикаи «сабз», саноати истихроҷ, кишоварзӣ, нақлиёт, логистика, рақамикунонӣ ва самтҳои дигар диққати асосӣ дода шуд.

    Ҳамчунин, зарурати идомаи мубодилаҳои фаъол дар соҳаҳои сайёҳӣ, фарҳанг, илм, маориф ва тандурустӣ таъкид гардид.

    Масъалаҳои рӯзномаи ҳамоиши аввали сатҳи олии «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо», инчунин дурнамои таҳкими робитаҳои ду минтақа дар доираи стратегияи аврупоии «Дарвозаҳои ҷаҳонӣ» баррасӣ шуданд.

    Илова бар ин, оид ба ҷанбаҳои муҳими сиёсати байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла мусоидат ба рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии Афғонистон мубодилаи афкор сурат гирифт.


    No date selected
    April 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates
    Our Telegram
    Text to speech