Туризм соҳаи гуногунҷабҳа буда, ҳам аҳамияти иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ-фарҳангӣ дорад. Ин бахш дар ҷаҳон севвумин соҳаи сердаромад ба шумор меравад. Ҷанбаи дигари муҳим он аст, ки он имкон медиҳад, ки бо харҷи камтар ҷойҳои корӣ созмон дода шавад. Дар мамлакати мо ин соща пай дар пай тараққӣ мекунад. Аз ҷумла, шумораи сайёҳони хориҷӣ дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 ба кишвари мо 3 баробар афзуд. Содироти соҳа 1 миллиарду 600 миллион долларро ташкил дод. Дар доираи барномаҳои сайёҳии дохилӣ зиёда аз 11 миллион нафар сафар карданд. Дар натиҷаи таъсис додани маркази нави сайёҳӣ дар Самарқанд имконияти иловагӣ ба шаҳр ҷалб намудани 2 миллион сайёҳон пайдо шуд.
Потенсиали сайёҳии кишвари мо то ҳол тамом нашудааст. Онҳое, ки ба Ӯзбекистон сафар кардан мехоҳанд, бисёранд. Бо вуҷуди ин, дар бораи ҷойҳое, ки сайёҳонро шавқманд кунанд, контент кам аст, дастурҳое, ки метавонад сайёҳонро барои дар мамлакати мо 4-5 рӯз мондан ташвиқ намояд, намерасанд. Дар бобати якчанд моҳҳо пеш харидани билетҳои самолёту поезд мушкилот вуҷуд доранд.
Дар маҷлис чунин проблемаҳое, ки ба тараққиёти соҳа халал мерасонанд, аз нуқтаи назари танқидӣ таҳлил карда шуданд. Тадбирҳои муҳим муайян карда шудаанд.
Аэропорт барои меҳмононе, ки аз хориҷи дур меоянд, дарвозаи Ӯзбекистон аст. Солҳои охир 5 ширкати нави хусусии ҳавопаймоӣ таъсис дода шуд, парки авиатсионӣ ба 44 расид. Соли гузашта шумораи парвозҳои ҳафтаина аз 46 ба 78 ва мусофирон аз 6,5 ҳазор ба 10 ҳазор нафар расид.
Аммо, норасоии рейсҳои дохилӣ дар як ҳафта ба Нуқус ва Урганҷ 20, Самарқанд - 15, Бухоро ва Тирмиз 11 таро ташкил медиҳад. Инчунин ба 68 хатсайрҳои роҳи оҳан ва 350 вагони нав эҳтиёҷ ҳаст. Дар Қароқалпоқистон, вилоятҳои Ҷиззах, Намангон ва Сурхондарё барои сайёҳон автобусҳо намерасанд.
Дар робита ба ин дастур дода шуд, ки то охири сол боз 20 адад ҳавопаймои замонавӣ харидорӣ карда, ҳамлу нақли ҳавоӣ афзоиш дода шавад. Зимнан зикр гардид, ки теъдоди умумии парвозҳои дохилӣ ду баробар – то 100 адад дар як ҳафта афзоиш ёфта, як қисми арзиши чиптаҳои ҳавопаймо дар баъзе хатсайрҳо ба субсидия дода шавад.
Имсол низ 8 поезди электрикӣ харида мешавад. Турператорҳо, меҳмонхонаҳо ва кашонандагон ҳангоми ворид намудани воситаҳои нақлиёти дорои беш аз 10 ҷойи нишаст имтиёзҳои гумрукӣ мегиранд. Ба ҳаракати автобусҳои сайёҳӣ ба воситаи ағбаҳои Қамчиқ ва Ҷиззах, Чимгон ва Чорбоғ иҷозат дода мешавад.
Омили дигари муҳими сайёҳӣ мавҷудияти манзилҳои ҷойгиркунӣ аст. Ба туфайли фароҳам овардани имкониятҳои васеъ шумораи катҳо дар меҳмонхонаҳо дар давоми панҷ соли охир ду баробар афзуда, ба 60 ҳазор адад расид. Сарвари давлат зарурати ҷалби ширкатҳои консалтингии хориҷӣ, расонидани шароит дар меҳмонхонаҳо ба сатҳи стандартҳои байналмилалӣ ва ҷудо кардани захираҳои қарзии иловагиро барои онҳо таъкид кард.
Дар ҷамъомад муҳтавои барномаҳои сайёҳӣ низ баррасӣ шуд. Таъкид гардид, ки ҳар як рӯзи иловагӣ, ки сайёҳон дар Ӯзбекистон мегузаронанд, содироти сайёҳии солонаро 300 миллион доллар афзоиш медиҳад.
Масалан, сайёҳони хориҷӣ назар ба Бухоро ва Самарқанд 2 маротиба камтар ба Хоразм меоянд. Аммо Хоразм тамоми имкониятро дорад, ки сайёхон дар вилоят 3-4 рӯз истанд.
Ё худ соли гузашта 31 ноҳия ва 143 маҳалла ба соҳаи туризм ихтисос дода шуда, дар онҳо низоми махсуси андоз ҷорӣ карда шуд. Аз ин имтиёзҳо қариб 4 ҳазор корхона истифода бурда, муомилоти моли онҳо 1,5 баробар афзуд.
Барои боз ҳам зиёд кардани муҳлати истиқомати сайёҳон барномаҳои шавқовар ва тарғибот намерасанд. Аз ин рӯ, дар маҷлис қарор қабул шуд, ки 11 донишкадаи олӣ ба мустаҳкам шудани ин ду самти кори соҳа ёрӣ мерасонад. Онҳо маълумот ҷамъоварӣ мекунанд ва дар бораи таърих, ёдгориҳо ва ҷойҳои тамошобоби 31 ноҳия ва 143 маҳаллаҳои сайёҳӣ мундариҷа ташаккул медиҳанд. Дар ин замина бастаҳои сайёҳӣ бо 12 забон таҳия хоҳанд шуд. Коркунони объектҳои сайёҳӣ ва хизматрасонӣ дар мактабҳои олӣ тайёр карда мешаванд.
Ба шахсони масъул оид ба ташкили кластерҳои сайёҳӣ, ки меҳмонҳонаҳо, объектҳои сайёҳии маданӣ, табииӣ, этно-гастрономиро муттаҳид мекунанд, инчунин сертификати меҳмоннавозӣ ҷорӣ мекунанд, вазифа гузошта шуд.
Барномаҳои туристӣ дар мамлакати мо асосан барои моҳҳои апрел-май ва сентябр-октябр тартиб дода шудаанд. Аммо барои дароз кардани мавсими туристӣ имкониятҳои кофӣ мавҷуданд.
Масалан, агар дар вилоятҳои Тошканд ва Ҷиззах инфрасохтори сайёҳии лижаронӣ ва дар фасли тобистон дар минтақаҳои дигар шиноварӣ ба роҳ монда шавад, мавсими сайёҳӣ метавонад ду моҳ дарозтар шавад. Дар фасли тобистон шумо метавонед аз 22 мамнӯъгоҳ, 24 боғи миллӣ ва ёдгориҳои табиӣ истифода баред.
Супориш дода шуд, ки бо истифода аз ин захираҳо лоиҳаҳо барои мавсими тобистону зимистон таҳия карда, дар дамҳои ғайримавсимӣ ҷашнвораҳои ҷолибу фарҳангӣ ташкил карда шаванд.
Ғайр аз ин, дар мамлакати мо зиёда аз 8000 объекти мероси маданӣ ва 122 музей мавҷуд аст. Ба мақсад мувофиқ будани дар ин ҷойҳо аз рӯи фанҳои адабиёт, таърих, география, санъати тасвирӣ гузарондани машғулиятҳо қайд карда шуд.
Имсол дар мамлакати мо сессиям Ассамблеям Генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ барпо мегардад. Самарқанд дар соли 2023 пойтахти сайёҳии ҷаҳонӣ хоҳад шуд.
Сарвари давлат таъкид дошт, ки соли равон бояд соли тарғиби иқтидори ғании фарҳангиву сайёҳии кишварамон дар хориҷи кишвар гардад.
Ба ин мақсад барои ҷалби сайёҳон тавассути маркетинг ва реклама 100 миллиард сӯм ҷудо карда шудааст. Муҳимияти таҳияи “Коғази ташрифии Ӯзбекистон”, навсозии бренди сайёҳӣ, зиёд кардани таблиғ оиди Ӯзбекистон дар шабакаҳои телевизионии байналмилалӣ ва фазои интернет таъкид шуд.
Дар маҷмӯъ, дар ҷаласа таъкид шуд, ки имсол имкони ҷалби 7 миллион сайёҳи хориҷӣ ва 15 миллион сайёҳи дохилӣ, ба 2,5 миллиард доллар расондани содироти ин соҳа вуҷуд дорад.
Бинобар масъалаҳои баррасишуда вазирону ҳокимон, соҳибкорон фику ақида ва пешниҳодҳои худро изҳор намуданд.