Ин равиш ҳамдигарфаҳмиро тақвият медиҳад, барои эътирофи гуногунрангӣ дар ҳама зуҳуроти сершумори он шароит фароҳам меорад, ҳамзистии осоишта мусоидат мекунад, менависад "Туркманистон: асри тиллоӣ".
Ташаббуси Туркманистон, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мешавад, дар бораи эълон кардани соли 2021 - Соли байналмилалии сулҳ ва эътимод, ки дар қатъномаи махсуси Ассамблеяи Генералии СММ сабт шудааст, ба ташаккули маданияти сулҳ ва эътимод нигаронида шудааст. Идомаи пайдарпайи курси тағйирнопазири сулҳ ва созандагии кишвар пешниҳод оиди дар иҷлосияи 76 -уми Ассамблеяи Генералии СММ, ки 14 сентябр дар Ню Йорк ифтитоҳ мешавад, пеш гузоштани ташаббуси таъсиси минтақаи сулҳ, боварӣ ва ҳамкорӣ Осиё Марказӣ - минтақаи Каспӣ " гардид. Туркманистон қонунӣ кардани онро дар Ҳамоиши қарибулвуқӯъи 6 -уми Каспий имсол мувофиқи мақсад медонад.
Мисли Аҳднома дар бораи минтақаи аз силоҳи ҳастаӣ холӣ, дар Осиёи Марказӣ (ОММСҲХ), ки 15 сол пеш имзо шуда буд, таъсиси минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар фазои стратегии муҳими геополитикии "Осиёи Марказӣ - минтақаи Каспӣ" метавонад яке аз ҷузъҳои созмони системаи глобалӣ сулҳ, эътимод ва ҳамкории мутақобилан судманд хидмат кунад. Агар таъсиси минтақаи аз ядро холӣ саҳми воқеии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар низоми паҳн накардани силоҳи ҳастаӣ бошад, ба дастгирии ғояи тақсимнопазирии амният ҳамчун яке аз принсипҳои бунёдии СММ, ташаббуси нави Туркманистон ҳамчун формат ва контексти ҷуғрофии васеътар дорад ва ба ҳадафҳои созанда нигаронда шудааст.
Таъсиси чунин минтақа иродаи сиёсии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Каспиӣ, дастгирии созмонҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама СММ, инчунин ҳамоҳангии талошҳои бисёрҷониба ва сафарбар кардани потенсиали ҳамаи ниҳодҳои сулҳҷӯёнаи мавҷуда ва механизмҳои нави ҳамкории мавҷудро тақозо мекунад. Пеш аз ҳама, сухан дар бораи фаъолияти Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи превентивӣ барои Осиёи Марказӣ, ки дар Ашқобод воқеъ гадидааст ва чунин шаклҳои банақшагирифташудаи ҳамкории байналмилалӣ, ба монанди Академияи дипломатияи превентивӣ барои ҷавонон ва Муколамаи занони кишварҳои Осиёи Марказӣ меравад.
Андешаҳо ва пешниҳодҳои мушаххасе, ки раҳбарони Туркманистон, Қазоқистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар Мулоқоти сеюми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иброз доштанд, низ арзиши бузург доранд. Ҳамоҳангсозии лоиҳаи харитаи роҳ оид ба рушди ҳамкориҳои минтақавӣ барои солҳои 2022-2024 ва дар ҷаласаи навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расондани Шартнома дар бораи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва ҳамкорӣ ба мақсади рушди Осиёи Марказӣ дар асри XXI, инчунин қарорҳое, ки Ҳамоиши VI Каспӣ қабул мекунад, метавонад қадамҳои муҳим дар амалисозии ғояи таъсиси минтақаи сулҳ, эътимод ва ҳамкорӣ дар Осиёи Марказӣ - минтақаи Каспӣ бошад, ки аз ҷониби Туркманистон пешбарӣ карда мешавад.