Натиҷаҳои таҳқиқот дар маҷаллаи Food Science & Nutrition (FSN) нашр шудаанд.
Ба гуфтаи муҳаққиқон, дар таъмин намудани хосиятҳои зиддисаратонӣ, зиддиилтиҳобӣ ва зиддисустшавии ҳуҷайраҳо антиоксидантҳо нақши муҳим мебозанд. Ба онҳо моддаҳои фоиданок, аз қабили полифенолҳо, флавоноидҳо ва танинҳо дохил мешаванд. Ин моддаҳо илтиҳобро коҳиш дода, аз пайдоиши омосҳо пешгирӣ мекунанд ва рушди ҳуҷайраҳои саратониро суст менамоянд.
Илова бар ин, олимон таъкид карданд, ки истеъмоли мунтазами анор метавонад аз метастаз шудани саратон – паҳншавии он ба дигар қисматҳои бадан пешгирӣ кунад. Ҳамчунин, анор аз ҳуҷайра, минералҳо ва витаминҳо бой буда, миқдори равған ва калорияи он кам аст. Истеъмоли он барои мубориза бо вазни зиёдатӣ – яке аз омилҳои хатари рушди бемориҳои саратонӣ – кӯмак мерасонад.
Баъзе таҳқиқотҳо ҳамчунин нишон медиҳанд, ки эллаготанинҳои дар таркиби анор мавҷудбуда метавонанд аз бемориҳои Алтсгеймер ва Паркинсон муҳофизат кунанд. Бо вуҷуди ин, анор метавонад ба таъсири доруҳои гуногун, аз ҷумла доруҳои зидди фишорбаландӣ, таъсир расонад. Аз ин рӯ, истифодаи он ҳамчун як ҷузъи табобати ёрирасон бояд бо эҳтиёт сурат гирад.