Ӯзбекистон – СДТ: Решаҳои муштарак ва ояндаи ягона

    5 ноябр Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Бишкек барои иштирок дар чорабиниҳои нишасти Созмони давлатҳои туркӣ (СДТ) омад.

    Аъзои СДТ панҷ давлат – Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия ва Ӯзбекистон ба шумор мераванд. Инчунин Венгрия, Туркманистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) дар Созмон дорои мақоми нозир мебошанд.

    «Созмони давлатҳои туркӣ дар тартиби ҷаҳони нав, ки ҳоло ташаккул меёбад ва низоми институтҳои байналхалқӣ ҷойгоҳи муҳимро соҳиб аст, – таъкид кард Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар ҳамоиши СДТ дар шаҳри Остона соли гузашта. – Ҳудуди ташкилотамон, ки молики 175 миллион нафар аҳолӣ аст, инчунин минтақае ба шумор меравад, ки молики имконоти калони иқтисодӣ мебошад. Бо қаноатмандии том таъкид кардан мехоҳам, ки мамлакатамон бо тамоми аъзои Созмон муносибати стратегиро барқарор намудааст».

    Лозим ба ёдоварист, ки номи кунунии Созмони давлатҳои туркӣ бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон 12 ноябри соли 2021 қабул гардид, ки иттиҳодияи мазкур қаблан Шӯрои ҳамкории давлатҳои туркизабон номида мешуд.

    Имрӯз СДТ ба ниҳоди босамари байналхалқӣ табдил ёфтааст, ки ба рушди шарикии амалӣ дар тамоми самтҳои бартаринок барои тараққиёт мусоидат менамояд. Маҷмӯи ММД давлатҳои СДТ 1,6 триллион долларро ташкил менамояд, то охири соли 2024, тавре ки интизор меравад, ҳаҷми иқтисодиёти мамлакатҳои туркӣ ба 1,9 триллион доллар мерасад.

    Мақсади асосии СДТ мустаҳкам намудани боварӣ ва алоқаҳои бисёрҷанбаи байни мамлакатҳои бародар, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои савдо, иқтисодиёт, энергетика, сайёҳӣ, нақлиёт ва маданиву гуманитарӣ, ҳамоҳангсозии кӯшишҳо дар таъмини сулҳ ва субот дар минтақа мебошад.

    Пойгоҳи консептуалӣ барои пеш бурдани ин мақсад Барномаи «Назари ҷаҳони туркӣ – 2040» мебошад, ки бинобар ҷамъбасти ҳамоиши ҳаштуми сарони давлатҳо моҳи ноябри соли 2021 дар Истанбул қабул гардидааст.

    Мамлакатҳои аъзо дар назди худ оид ба рушди ҳамкории ҳамаҷониба, ташаккули пойгоҳ барои муҳокима ва амиқсозии ҳамкорӣ, мустаҳкам намудани боварии ҷонибҳо, дӯстӣ, некҳамсоягӣ ва инчунин дастгирии субот ва бехатарӣ дар минтақа ва инчунин дар тамоми ҷаҳон вазифаҳо гузоштаанд. Давлатҳои аъзои ташкилот дар таҳияи мавқеъҳои ҳамоҳангсохта оид ба масъалаҳои сиёсати хориҷӣ, ки мавриди манфиати тарафҳо мебошанд, аз он ҷумла дар доираи ташкилот ва анҷуманҳои байналхалқӣ манфиатдор мебошанд. Рағбатноксозии ҳамкории минтақавӣ ва дуҷониба дар тамоми самтҳо, фароҳам овардани шароити муносиб барои савдо ва сармоя, нақли озоди амвол, сармоя, хидматрасонӣ, технология ва сода намудани амалиёти моливу бонк, кӯшишоти муштараке, ки барои тараққиёти ҳамаҷониба ва мутаносиби иқтисодӣ, рушди иҷтимоӣ ва маданӣ нигаронда шудааст, мақсади муҳим ба шумор меравад.

    Барои Ӯзбекистон, ки ба ташкилот соли 2019 қабул гардид, иштирок дар ин ниҳод қадами муҳим натанҳо дар мустаҳкамсозии алоқаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ, балки дар дастгирӣ намудан ва рушди аслияти мадании умумии ҷаҳони турк гардид. Ӯзбекистон дар пеш бурдани лоиҳаҳои гуманитарӣ ташаббускории фаъолона намоиш медиҳад ва худро чун шарики калидӣ дар татбиқи барномаҳо оид ба ҳифзи мероси муштарак ва рушди ҳамкорӣ зоҳир менамояд.

    Солҳои 2022-2023 Ӯзбекистон дар СДТ раисӣ намуд. Оғози раисӣ, ба эътирофи ҳама, бо ҳамоиши муҳими таърихии Самарқанд, ки зери шиори «Даврони нави тамаддуни туркӣ: дар роҳи рушди муштарак ва гул-гулшукуфӣ» моҳи ноябри соли 2022 баргузор гардид, дар хотир боқӣ монд.

    Дар давраи раисии Ӯзбекистон беш аз сад чорабинӣ баргузор гардид, чандин платформаи нави ҳамкории амалӣ фароҳам омад. Чунин ниҳодҳо мисли Созмони иттифоқҳои касабаи давлатҳои туркӣ, Академияи тадқиқотҳои кайҳонӣ, Шӯрои ҷуғрофӣ, Донишкадаи бартарафсозии хушксолӣ, Иттиҳоди нотариусҳо ба кор шурӯъ намуданд. Робитаҳои наздики шарикӣ бо чандин ниҳодҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ва минтақавӣ – СММ ва институтҳои махсуси он, Ташкилоти ҳамкории исломӣ, Машварат оид ба ҳамкорӣ ва эътимод дар Осиё, Созмони ҳамкории иқтисодӣ роҳандозӣ гардиданд. Ӯзбекистон дар давраи раисӣ барои ҳамкории шаклҳои гуногунҷанба ва нарм кӯшиш намуд, ки ба шаффофият ва инклюзив асос ёфта, шомили минтақа ва тамаддунҳои мухталиф мебошад.

    Рӯйдоди муҳими ҷамъбасти ҳамоиши Самарқанд қабул гардидани «Стратегияҳои СДТ дар солҳои 2022-2026» гардид, ки барои татбиқи консепсияи рушди мамлакатҳои туркии «Назари ҷаҳони турк – 2040» «нақшаи роҳ»-и аввалин гардид.

    Дар доираи ҳамоиши СДТ дар Остона 3 ноябри соли 2023 Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо «Ордени олии ҷаҳони турк» барои саҳми бузургаш дар мустаҳкам намудани ваҳдати оилаи турк, фаъолона пеш бурдани манфиат ва назари мамлакатҳои турк дар арсаи байналхалқӣ мукофотонида шуда буд.

    «Ин мукофотро ман, пеш аз ҳама, чун рамзи дӯстӣ ва ҳамкории наздикамон мепазирам, ки мо онро, ба риштаҳои воқеии бародарӣ такя намуда, ба дараҷаи нав бардоштем», – гуфт роҳбари давлатамон дар маросим дар ҳоле ки ба ҳамтоёни худ изҳори сипос мекард.

    Ӯзбекистон ташаббусҳои таъсирбахшро оид ба вусъатдиҳӣ ва мустаҳкам намудани ҳамкорӣ идома дода, мавқеи фаъолро ишғол менамояд. Ҳоло беш аз 60 ташаббусе, ки роҳбари давлатамон дар ҷараёни ҳамоишҳои СДТ пешниҳод намудааст, ба амал татбиқ гаштааст ва дар ҷараёни татбиқ мебошад.

    Мамлакатамон дар лоиҳаҳое, ки ба ҳифз ва оммавӣ гардондани мероси маданӣ ва таърихӣ нигаронда шудааст, таҳияи равияҳои нави савдо ва нақлиёт, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо ва дигар минтақаҳо мепайвандад, фаъолона иштирок менамояд.

    Дар соҳаи таълим Ӯзбекистон дар барномаҳои табдили донишҷӯён ва муҳаққиқон фаъол иштирок менамояд, ки ба мустаҳкам намудани робитаҳо байни донишгоҳҳо ва марказҳои илмии мамлакатҳои турк мусоидат менамояд. Дар соҳаи таълим ҳамкорӣ фаъолона дастгирӣ мегардад, ки ба вуҷуд овардани барномаҳои муштараки таълимӣ ва платформаҳои академӣ барои табодули таҷриба шомили он мебошад. Ҷиҳати муҳими ташаббусҳои Ӯзбекистон инчунин таҳияи лоиҳаҳо дар соҳаи энергетика ва ҳифзи муҳити зист ба шумор меравад.

    Ҳоло мамлакати мо барои пурзӯр намудани механизмҳои молиявии ташкилот, аз он ҷумла Фонди инвеститсионии СДТ, ки фаъолияти худро соли ҷорӣ шурӯъ намуд ва инчунин ҳарчи зудтар ба кор андохтани Бонки рушди ташкилот, ки бо ташаббуси Президенти Ӯзбекистон ба вуҷуд меояд, кӯшиш мекунад.

    Ҳамкории дуҷонибаи Ӯзбекистон бо мамлакатҳои аъзо ва нозири СДТ инчунин молики хусусияти мусбат мебошад. Ҳамин тариқ, Ӯзбекистон мақоми муносибатро бо тамоми мамлакатҳои иштирокдори СДТ, аз он ҷумла то дараҷаи шарикии стратегӣ бо Туркманистон ва Венгрия, шарикии стратегии фарогир бо Туркия ва Қирғизистон ва ҳампаймонӣ бо Қазоқистон ва Озарбойҷон боло бурд.

    Домани ҳамкории сармоягузорӣ бемайлон меафзояд. Солҳои 2017-2022 мамлакатҳои СДТ ба иқтисодиёти мамлакатамон ба миқдори беш аз 4 миллиард доллар сармоягузорӣ намуданд, ин 8 фоизи ҳаҷми умумии сармояҳои хориҷиро дар давраи мазкур ташкил менамояд.

    Ҳамин тариқ, ҳамоиши Созмони давлатҳои туркӣ дар Бишкек чун пойгоҳ барои пеш бурдани ташаббусҳои нави Ӯзбекистон оид ба рушд ва мустаҳкам намудани потенсиали СДТ хидмат менамояд, ҷамъбасти он, бешубҳа, нуқтаи навбатии ибтидоӣ барои шиддат додани ҳамкории бисёрҷанба ба хотири тараққиёт ва шукуфоии халқҳои турк мегардад.

    АИ «Дунё».


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates