Олимони ӯзбек навъи нави чормағзи заминии «Лидер»-ро кашф карданд

    Навъи нави чормағзи заминии «Лидер»-ро профессори факултети боғу токпарварии Донишкадаи давлатии аграрии Тошканд Махфурат Аманова офаридааст.

    Бино ба иттилои хидмати матбуоти вазорати кишоварзӣ, профессор дар тӯли 17 сол барои эҷоди навъи нав корҳои илмӣ бурдааст. Дар натиҷа, вай муяссар шуд, ки навъи бармаҳалпаз, серҳосил ва тухмии калони чормағзи заминии “Лидер”-ро парвариш кунад, ки метавонад ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ва деҳқонони маҳаллӣ ҷавобгӯ бошад. Ғайр аз ин, навъи нав дар таркиби тухмӣ равған ва сафеда дорад.

    Тавре дар вазорат қайд карданд, навъи чормағзи заминии «Лидер» бо тухмии калон, инчунин содиротбобӣ ва ҳосилнокии баланд фарқ мекунад, аз ин рӯ, бо навъҳои амрикоӣ, ҳиндӣ ва чинӣ рақобат карда метавонад. Ҳосили навъи нав 6,5 тоннаро ташкил медиҳад.

    Ёдовар мешавем, ки моҳи августи соли ҷорӣ олимони Пажӯҳишгоҳи (Институти илмӣ-тадқиқотӣ)-и сабзавот, зироатҳои полезӣ ва картошкапарварӣ навъи нави помидори “Мустақиллик – 28”-ро барои парвариши саноатӣ дар майдони кушод пешниҳод карданд.

    Дар баробари ин ҳосили «Мустақиллик – 28» назар ба дигар навъҳои дар Ӯзбекистон парваришшаванда тақрибан 4-5 баробар зиёд аст. Навъи нав бо зиёд будани қанд ва кашондашавандагиаш низ фарқ мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates