Ба гуфтаи Харрис, афзоиши чунин сироятҳо дар Чин мувофиқи интизориҳои мавсимӣ аст. Грипп ҳанӯз ҳам мувофиқи маълумоти маркази назорат ва пешгирии бемориҳои кишвар бемории маъмултарин боқӣ мемонад.
Ӯ қайд кард, ки миқёси паҳншавии сироятҳои нафаскашӣ, тибқи иттилои мақомотҳои маҳаллӣ, дар доираи меъёрҳои мавсими зимистон мебошад. Ҳамчунин, мақомот хабар медиҳанд, ки пуршиддатии беморхонаҳо дар ин сол нисбат ба давраи ҳамин сол гузашта пасттар аст ва ягон чораҳои фавқулода ҷорӣ нашудааст.
Дар бораи метапневмовируси инсон, ки бори аввал дар соли 2001 кашф шуд, Харрис илова кард, ки ин вирус кайҳо дар байни аҳолӣ гардон аст. Вай фаҳмонд, ки ин вирус одатан нишонаҳои шабеҳи сармохӯрӣ дорад, аммо мисли дигар сироятҳои нафаскашӣ, метавонад дар беморони сустиммун, кӯдакон ва пиронсолон шадидтар гузарад.
Ба савол дар бораи маргу мир, Харрис тавзеҳ дод, ки ин нишондиҳанда «хеле паст» аст. Ӯ тавсия дод, ки чораҳои оддии пешгирӣ, аз ҷумла пӯшидани ниқобҳо, беҳтар кардани вентилятсия дар ҷойҳои пӯшида ва шустани мунтазами дастҳо истифода шаванд.