Аз ин ҳисоб теъдоди корхонаҳо бо иштироки давлат 2 баробар кам гардида, саҳми давлат дар иқтисодиёт 13 фоиз поин рафт. Самаранокии моликияти хусусигардондашуда низ чанд баробар афзуд.
Агар қаблан асосан корхонаву иншоотҳои хурд фурӯхта мешуданд, ҳоло дороиҳои бузурги давлатӣ низ ба фурӯш гузошта мешаванд. Аз ҷумла, заводи содаи Қӯнғирот, корхонаҳои бузурги “Фотон”, “Темирйўлконтейнер”, меҳмонхонаҳои “International” ва “Lotte” хусусӣ карда шуданд.
Моҳи ноябри соли гузашта бори аввал беш аз 3 миллион саҳмияи биржаи молӣ тавассути “IPO-и мардумӣ” ба аҳолӣ фурӯхта шуд ва 11 ҳазор нафар саҳмдор шуданд.
Лекин ҳанӯз дар система камбудиҳо, дар минтақа ва шабакаҳо имкониятҳои истифоданашуда бисёранд. Ба дороии иқтисодӣ табдил додани ҷойҳои холӣ, фурӯхтани биноҳои тайёр, ки дар музояда гузошта шудаанд, кашол меёбад.
Масалан, 1,5 ҳазор гектар майдон, ки бе омӯхтани ихтисос, имконияти гузаронидани коммуникатсия ба музояда гузошта шудааст, як сол боз фурӯхта нашудааст. Раванди гуфтушунид барои ба музояда гузоштани 4000 қитъаи замин ба таъхир афтодааст. Вазирон ва ҳокимон натавонистанд 243 амволро, ки бояд соли гузашта фурӯхта мешуданд, ба ихтиёри Агентии дороиҳои давлатӣ супоранд.
Дар корхонаҳои бузурги давлатӣ низ корҳо босуръат пеш намераванд. 22-то корхона аз қабили “Автосаноат”, “Кимёсаноат”, “Металлургия комбинати”, “Ўзбекнефтгаз” то ҳол ба ҳисоботи молиявии байналмилалӣ нагузаштаанд. То ҳанӯз “Ўзбекистон почтаси”, “Uzbekistan Airports”, “Ўзбекистон темир йўллари” рейтинги кредит нагирифтаанд.
Дар ҷамъомад, ки дар рӯҳияи танқидӣ гузашт, зарурати ҳалли ин масъалаҳо, суръат бахшидани корҳо таъкид гардид. Ҳадафҳои хусусигардонӣ барои соли 2025 муқаррар карда шуд. Аз ҷумла:
моликияти давлатии 30 триллион сӯминаро фурӯхта, ба буҷет камаш 10 триллион сӯм даромад овардан;
ба фурӯш гузоштани саҳмияҳои давлатӣ дар 116 корхона ва 581 амволи ғайриманқул;
ба музояда гузоштани 6,1 ҳазор гектар замин ва ба 6 триллион сӯм расонидани ҳаҷми фурӯш;
камаш 300 кон ва майдонро ба ташаббускорон пешниҳод карда, 500 миллиард сӯм даромад ба даст овардан.
Дар натиҷаи ин ҳама ба иқтисодиёт сармояҳои иловагӣ ворид шуда, барои соҳибкорӣ имконият васеъ мегардад, ҳазорон ҷойи корӣ таъсис меёбад.
Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки барои ноил шудан ба ин мақсадҳо як қатор сабукиҳо дода мешавад.
Акнун соҳибкорон моликияти давлатиро, ки камаш панҷ сол ба иҷора истифода намудаанд, метавонанд бевосита харид кунанд. Ҳоло 632-то чунин объект мавҷуд аст. Аз ҳисоби ба иҷоракорон фурӯхтани ин амвол камаш 2 триллион сӯм даромад гирифтан мумкин аст.
Нархи ибтидоии 131-то дороиҳои фурӯхтанашудаи саноати пахта то 50 фоиз арзон карда, ба музояда гузошта мешавад. Дар ин ҳолат ба соҳибкорон имкон дода мешавад, ки то се сол қисм-қисм пардохт кунанд.
Ҳоло камаш 51 фоизи даромади 537 бозор ва маҷмааҳои савдои ҷумҳурӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ мутааллиқанд. Акнун ин тартиб низ тағйир меёбад. Талаб дар бораи иштироки ҳатмии ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар бозорҳо бекор карда мешавад. Ин ҳам барои соҳибкорон имконияти иловагӣ мегардад.
Имкониятҳои фурӯши замин низ васеъ карда мешавад. Масалан, майдонҳои хурде, ки ба музояда гузошта шуда, дер боз ба фурӯш нарафтаанд, бо қитъаҳои замини паҳлӯи худ якҷоя карда шуда, аз нав ба музояда гузошта мешаванд.
Аз рӯйи истифодаи самараноки дороиҳои давлатӣ афзунсозии даромадҳои буҷети маҳаллӣ таҷрибаҳои хуб ҳастанд. Барои мисол, дар шаҳри Тошканд ҷойҳои дорои тоифаи минитсипал аз рӯйхат гузаронида шуда, базаи электронии онҳо созмон ёфт. Дар натиҷа 102-то бинои бесамар ва 97 гектар майдони бекор аниқ гардида, раванди ба музояда гузоштан оғоз ёфт. Соли гузашта аз ҳисоби хусусигардонии қитъаҳои замини 118 гектар майдони зери бинову иншоотҳо 60 миллиард сӯм даромад ба даст омад. Ин нисбат ба соли 2022 қариб 5 баробар зиёд мебошад.
Акнун ин таҷриба дар марказҳои тамоми вилоятҳо ва аз соли оянда дар ноҳияҳо роҳандозӣ мешавад. Боз як масъалаи муҳими соҳа – ба бозори байналмилалӣ баровардани корхонаҳои давлатӣ. То имрӯз ин низом натиҷа ва самараи худро додааст. Ташкилотҳои байналмилалӣ низ инро эътироф мекунанд.
Масъулон вазифадор гардиданд, ки ин равандҳоро бо ҷалби мутахассисон идома диҳанд. Муқаррар карда шуд, ки дар соли ҷорӣ саҳмияҳои боз 28-то корхонаи бузург ва дар соли оянда 10-тои дигар ба савдои оммавӣ бароварда шаванд.
Ба Сарвазир супориш дода шуд, ки оид ба ин "харитаи роҳ"-ро тасдиқ ва иҷрои онро ҳар моҳ баррасӣ кунад.
Оид ба масъалаҳое, ки дар ҷамъомад муҳокима гардиданд, вазирон, роҳбарони шабакаҳо ва ҳокимон ахборот доданд.