Бюрои аврупоии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) аз ҳамаи одамоне, ки аз COVID-19 ва зукоми мавсимӣ эмин нестанд, бахусус онҳое, ки дар хатар ҳастанд, даъват мекунад, ки ҳарчи зудтар ваксина бигиранд.
Дар моҳи январи соли ҷорӣ дар беморхонаҳои сироятии Зангиота 8601 нафар беморон бистарӣ шуданд, ки аз ин шумора 6856 нафарашон пиронсолон, 811 нафар занони ҳомила ва 934 нафар кӯдакон мебошанд.
Бо мақсади пешгирии паҳншавии штамми нави сирояти коронавирус дар кишвари мо бо назардошти тавсияҳои коршиносони байналмилаливу миллӣ ва аҳолӣ аз ҷониби ширкати “Pfizer” эмкунии ихтиёрии кӯдакони аз 5 то 11-сола бар зидди COVID-19 (бо розигии падару модар ё намояндагони қонунӣ) гузаронида мешавад.
7 январи соли равон штамми "омикрон" дар лабораторияи Маркази технологияҳои пешрафтаи (МТП) Вазорати рушди инноватсионӣ муайян карда шуд.
Тибқи маълумоти охирин, қавитарин вокуниши иммунӣ ба коронавирус дар одамоне аст, ки қаблан гирифтори COVID-19 буданд ва баъдан ваксина гирифтаанд. Тадқиқоти хурди лабораторӣ нишон дод, ки сирояти рахнашаванда пас аз ваксиназанӣ бо "Pfizer" метавонад муҳофизати пурқувватро таъмин кунад. Натиҷаҳо дар маҷаллаи "JAMA Network" нашр шудаанд.
Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) бори аввал эътироф кард, ки ваксинаҳои коронавирус метавонанд барои пешгирии COVID-19 дар кӯдакон ва наврасон истифода шаванд. Ин созмон қаблан изҳор дошта буд, ки тибқи тавсияҳои навшудаи он барои ин "ҳанӯз маълумоти кофӣ" вуҷуд надорад.
Бинобар супориши сардухтури давлатии санитарии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба мақсади пурзӯр гардондани маснуият бар зидди сирояти коронавирус дар байни аҳолии ҷумҳурӣ аз 17 ноябри соли 2021 барои шаҳрвандоне, ки аз курси пурраи эмкунӣ гузаштаанд (2 ё 3 воя), дар асоси ихтиёрӣ ба эмкунии бeстерӣ рухсат дода шуд.
Хидмати беҳдошти санитарию эпидемиологӣ ва сиҳатии ҷамъиятии Ҷумҳурии Ўзбекистон ба тафтиши иҷрои талабот оиди эмкунии ҳатмии кормандони як қатор соҳаҳоро гузаронд.
Биологҳои молекулярӣ ваксинаи интраназалиро бар зидди як навъи нави коронавирус дар асоси вируси зуком таҳия карданд. Таҷрибаҳо нишон доданд, ки ба шарофати ин дору масуният ба навъҳои нав ва кӯҳнаи SARS-CoV-2 дар хомякҳо ва хоркҳо ҳамагӣ як рӯз пас аз истеъмол ташаккул меёбад. Олимон тавсифи тадқиқотро дар bioRxiv нашр карданд.
То 10 ноябри соли 2021 дар доираи чорабиниҳои эмгузаронӣ дар Ӯзбекистон 39 миллион вояи шаш намуди ваксина (аз ҷумла тавассути барномаи COVAX) ба маблағи умумии тақрибан 180 миллион доллар истеҳсол ё ворид карда шуд.