Заводҳои Tesla дар рӯзҳои наздик бо якчанд ҳазор роботҳои одамшакли Optimus муҷаҳҳаз хоҳанд шуд. Дар ин бора роҳбари ширкат Илон Маск дар ҷаласаи солонаи саҳҳомон дар Остин (Техас) изҳор дошт.
Ҳама сайёраҳои системаи Офтоб, ба истиснои Замин, 3 июн дар як тарафи Офтоб ҷойгир хоҳанд шуд, аммо дидани паради сайёраҳо аз сабаби ситорае, ки нурҳои дурахшони он ба шумо дар дидани ҷисмҳои осмонӣ дар ин лаҳза халал мерасонанд, ғайриимкон хоҳад буд., хабар доданд дар Донишкадаи тадқиқоти кайҳонии Академияи фанҳои Русия.
Олимони иқлим ҳушдор додаанд, ки тобистони соли 2024 метавонад оид ба гармӣ ва намӣ рекордҳо гузорад. Пешгӯие, ки олимони донишгоҳи Калифорнияи Беркли таҳия кардаанд, як минтақаи васеъро дар баробари экватор, аз ҷумла Ҳиндустон ва қисми зиёди Африқо, Амрикои Марказӣ ва Ҷанубӣ ва Австралия, инчунин қисматҳои Иёлоти Муттаҳида фаро мегирад.
Студияи меъмории чиноии X+Living дар Хуайан дӯкони нави китобро ба намоиш гузошт, ки асари санъатро мемонад.
Дар соли ҷорӣ хуруҷи бемории вабо дар ҳадди ақалл дар 31 кишвари ҷаҳон ба қайд гирифта шудааст, ки тақрибан 1 миллиард нафарро дар саросари ҷаҳон зери хатари беморӣ қарор додааст. Ин маълумотро дар суханронии худ дар назди намояндагони миссияҳои дипломатӣ дар Женева директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адан Гебрейесус пешниҳод кард.
Астероиди эҳтимолан хатарноки 349507 (2008 QY), ки диаметраш 1,2 километр аст, пас аз 34 сол боз ба Замин наздик мешавад. Бегоҳии 3 октябр он ба масофаи такрибан 6 миллион километр ба сайёра наздик мешавад.
Дар Ҷопон девони вазирон дар таркиби пурра истеъфо дод. Сарвари ҳукумат Фумио Кисида талабҳои вазиронро қабул кард.
Сокинони Йоханнесбург, бузургтарин шаҳри Африқои Ҷанубӣ, субҳи 10 июл аз хоб бедор шуда, дар паси тирезаҳояшон барфро диданд. Моҳи июл дар нимкураи ҷанубӣ моҳи зимистон аст, аммо дар тӯли 10 сол дар ин ҷо барф наборидааст.
Ба рейтинги солонаи сарватмандтарин миллиардерҳо аз рӯи Forbes соҳиби гурӯҳи LVMH (брендҳои Christian Dior, Louis Vuitton, Moet & Chandon) Бернард Арно раҳбарӣ кард. Сарвати соҳибкор ва оилаи ӯ 211 миллиард доллар арзёбӣ мешавад (дар соли гузашта 158 миллиард буд).
Рӯзи шанбеи 25 март астероиди бузург дар байни Замин ва Моҳ парвоз хоҳад кард. Андозаи он ба 40-90 метр мерасад. Астероид ба қадри кофӣ бузург аст, ки дар сурати бархӯрд тамоми як метрополисро нест кунад, аз ин рӯ астрономҳо онро ғайрирасмӣ "қотилони шаҳрҳо" номидаанд.