Бо қарори Комиссияи махсуси мубориза бо коронавирус дар Ўзбекистон талаботи гузаштани карантини 10-рӯза дар шароити хона ё меҳмонхона барои мусофирони рейсҳои ҳавоӣ аз Австралия, Австрия, Белгия, Бритониёи Кабир, Олмон, Дания, Миср, Исроил, Италия, Нидерландия ва Чехия бекор карда шуд.
Дар тамоми муассисаҳои таълими олӣ ва касбу ҳунар, литсейҳои академикӣ, мактабҳо аз 24 январи соли ҷорӣ низоми таълим ба муҳлати як моҳ ба шакли масофавӣ (онлайн) гузаронда мешавад.
Дар ҷаласаи Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ бо мақсади нигоҳ доштани суботи вазъи эпидемиологӣ дар кишвар ва пешгирии воридшавии штамми нави сирояти коронавируси “Омикрон” ба мамлакат як қатор маҳдудиятҳои нав муқаррар карда шуданд.
Дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмҳои беасос дар бораи бекор кардани маҳдудиятҳои карантинӣ паҳн шуданд, дар Вазорати тандурустӣ изҳор карданд, ки ин ба воқеият мувофиқат намекунад.
Ҳукумати Ҷопон аз 12 июл то 22 август дар Токио бинобар сирояти коронавирус вазъияти фавқулодда ҷорӣ мекунад.
Бо назардошти шиддат гирифтани вазъи эпидемиологӣ дар Афғонистон Комиссияи махсуси ҷумҳуриявӣ қарор дод, ки ҳаракати шаҳрвандон тавассути марзи Ӯзбекистон ва Афғонистон боздошта мешавад.