Ҳокимияти шаҳри Тошканд барои аксбардорӣ ва наворгирӣ ба мақсадҳои реклама ва тиҷорат дар бозор ва марказҳои савдо тартиботи навро тасдиқ кард. Акнун чунин хидматрасонӣ барои ҳар соат 5 миллион сӯм муқаррар гардид.
Ҳайати Ӯзбекистон таҳти роҳбарии ҳокими шаҳри Тошканд Шавкат Умурзоқов 10–11 октябр бо сафари корӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб сафар анҷом дод.
Мутобиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аризаҳои 16 нафар оид ба қабул шудан ба шаҳрвандии кишвар қонеъ гардонида шуданд. Аз 17 августи соли ҷорӣ шаҳрвандии онҳо расман тасдиқ гардид.
Бо ташаббуси ҳокимияти шаҳри Тошканд ва Департаменти мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои аҳолӣ ва дастрасии онҳо ба маҳсулоти озуқаворӣ бо нархҳои дастрас, дар бозорҳои пойтахт ярмаркаҳои махсуси савдо ташкил шудаанд.
Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Лондон ҳайати расмӣ таҳти роҳбарии муовини ҳокими Тошканд Абдулазиз Исроилов бо яке аз сармоягузорони нуфузманд ва машҳури Британия – сэр Гарри Ҷаногли мулоқот анҷом дод.
Имрӯз, 20 август, дар боғи «Анҳор»-и пойтахт намоиши бузурги дронҳо баргузор мешавад, ки ба ҷашни Рӯзи соҳибкорон бахшида шудааст.
Дар шаҳри Тошканд ҷорӣ намудани низоми нави рақамии ташкили ҷамъоварӣ ва баровардани партовҳои маишӣ – таъминоти барномавии «Toza Poytaxt» («Пойтахти тоза») оғоз меёбад.
Дирӯз дар ҳокимияти шаҳри Тошканд маросими супоридани мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор гардид.
Акнун ҳунармандони тамоми кишвар метавонанд пешниҳоду муроҷиатҳо ва андешаҳои худро бевосита тавассути платформаи Hunarportal.uz ба Иттиҳоди ҷумҳуриявии "Ҳунарманд" ирсол намоянд.
Дар соли таҳсили 2024-2025 ҳокимияти шаҳри Тошканд аз манбаъҳои иловагии буҷети маҳаллӣ 920 миллион сӯмро барои пардохти таҳсили шартномавии 102 донишҷӯдухтар, ки ба гурӯҳҳои иҷтимоии осебпазир тааллуқ доранд, ҷудо намуд.