Нуқтаҳои гузаргоҳ тавассути пули «Тирмиз – Хайратон», ки Ӯзбекистонро бо Афғонистон мепайвандад, боз фаъолияти худро оғоз намуданд. Акнун мусофирон метавонанд мустақим ва бехатар байни ду кишвар ҳаракат кунанд, ҳамзамон низоми раводид нигоҳ дошта мешавад.
Шаби 26 ноябри соли 2025 дар ҳавзаи масъулияти дидбонгоҳи якуми сарҳадии «Истиқлол»-и отряди сарҳадии «Ёл» дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон аз тарафи ҳудуди Афғонистон ба кормандони ҶДММ «Шоҳин СМ» ҳамлаи мусаллаҳона сурат гирифт.
17 ноябр дар шаҳри Тошканд вохӯрии вазири энергетика Ҷӯрабек Мирзамаҳмудов бо ҳайати Афғонистон таҳти роҳбарии директори генералии ширкати энергетикии «DABS» Абдул Борӣ Умар баргузор гардид.
Бар асари заминларза бо шиддати 6,3 дараҷа, ки дар шимоли Афғонистон рух дод, ҳадди ақал ҳафт нафар ба ҳалокат расид. Дар ин бора агентии Reuters хабар дод.
Дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон байни марзбонони тоҷик ва нерӯҳои Толибон даргирии мусаллаҳона рух додааст. Ин задухӯрд рӯзи 25-уми октябр дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба вуқӯъ пайвастааст.
Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов марҳалаи навбатии лӯлаи гази Туркманистон-Афғонистон-Покистон-Ҳиндустонро ба кор даровард.
Артиши Покистон дар посух ба ҳамла ба посгоҳе дар вулусволии Куррам, воқеъ дар шимолу ғарби вилояти Хайбар-Пахтунхва, ки бо Афғонистон ҳаммарз аст, оташ кушод, хабар медиҳад PTV бо истинод ба нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар.
Дар пойгоҳи ҳавоии Багроми Афғонистон таркиш рух дод. Дар ин бора ВАО маҳаллӣ хабар доданд.
Аз тарафи кормандони Хадамоти амнияти давлатӣ дар вилояти Фарғона амалиёти фаврӣ гузаронида шуд.
Чархболе, ки вазири саноати кӯҳӣ ва нафти Афғонистон Ҳидаятуллоҳ Бадрӣ ва волии вилояти Ғур Ҳаяатуллоҳ Муборак дар он қарор доштанд, дар ноҳияи Тулуки кишвар суқут кард.