Дар мамлакат қариб 45 миллион гектар майдони замин мавҷуд. То соли 2021 ҳамагӣ 1 миллион гектари ин майдонҳоро ба рӯйхати давлатӣ гирифта буданд. Солҳои охир низоми ягона созмон ёфта, рақамикунонӣ ҷорӣ карда шуд ва дар натиҷа 42 миллион гектар замин, яъне 94 дарсади майдони умумӣ аз рӯйхат гузаронида шуд.

Аз ҷумла, фонди ҷангал ва об, минтақаҳои табиии ҳифзшаванда пурра ба рӯйхати давлатӣ гирифта шуданд. Маълумотҳо оид ба 13 намуди кадастри давлатӣ, аз қабили нақлиёт, алоқа, геодезия, энергетика, роҳ 100 фоиз ташаккул ёфт. Кор аз рӯи 7 самти дигар дар марҳилаи ниҳоӣ қарор дорад.

Масъалаи муҳимтарини соҳа танзими муносибатҳои амволи ғайриманқул мебошад. Бо ин мақсад пойгоҳи ягонаи маълумотҳо – системаи UZKAD ба кор дароварда шуд, ки дар он воқеӣ ва эътимоднокии амволи ғайриманқул аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад.

Тамоми бино ва иншоотҳо аз рӯйхат гузаронида шуда, ба система дохил карда мешаванд. То ҳол дар ин системаи нав дар бораи 150 ҳазор манзили истиқоматӣ ва 707 ҳазор объекти ғайриистиқоматӣ, инчунин 44 ҳазор бинои бисёрошёна маълумот ҷойгир карда шудааст.

То солҳои наздик миллионҳо нафар шаҳрвандон аз ҳуқуқи соҳиби манзили худро надоштан азоб мекашиданд. Бо Қонуни Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 августи соли 2024 “Дар бораи эътирофи ҳуқуқ ба қитъаҳои замини худсарона ишғолшуда ва бинову иншооти дар онҳо сохташуда» аз моҳи январи соли ҷорӣ раванди расмисозӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба соҳибони онҳо оғоз гардид.

Дар тақдимот нақша ва вазифаҳои афзалиятноки минбаъда низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Зикр гашт, ки соли равон 400 ҳазор хонаи инфиродӣ ба системаи UZKAD ворид карда мешаванд. Дар натиҷа равандҳо чун фурӯш, иҷора, мерос ва ба гарав гузоштани амвол осонтар мегардад. Дар оянда беш аз 6 миллиону 300 ҳазор хонаҳои тартиби якка ба ин система дохил карда мешаванд.

Дар бисёр ҷойҳо байни арзиши кадастрии амволи ғайриманқул ва аризиши аслии бозории он фарқи калон ба чашм мерасад. Ин дар муносибатҳои ҳуқуқӣ ва тиҷорат номутавозуниро ба вуҷуд меорад.

Аз ин рӯ, тибқи Фармони Президенти Ӯзбекистон аз 5 март низоми баҳодиҳии оммавии амволи ғайриманқул ҷорӣ мешавад. Бо ин мақсад дар Агентии кадастр Маркази миллии баҳодиҳии оммавии амволи ғайриманқул кушода шуд. Барои он 40 миллиард сӯм ҷудо гардида, коршиносони ботаҷриба ҷалб шуданд ва корҳои амалӣ оғоз гардиданд.

Баҳодиҳии оммавӣ имсол дар шаҳри Тошканд сар шуда, солҳои оянда дар шаҳри Нуқус ва маркази вилоятҳо, инчунин, тадриҷан дар минтақаҳои дигар амалӣ мегардад.

Сарвари давлат таъкид кард, ки маълумоти кадастр заминаи муҳим барои самарабахшии нақшаҳои иқтисодӣ мебошад ва аз рӯйи умумият ва дақиқият дар ин самт дастурҳо дод. Вазифаи қатъиян кам кардани бюрократизм, баланд бардоштани сифати хидмати кадастр, фароҳам овардани сабукиҳо барои соҳибкорон гузошта шуд.