Бар асоси барномаи сафари корӣ дар пойтахти Аврупо баргузории музокироти дуҷониба бо роҳбарони сохторҳои асосии Иттиҳоди Аврупо пешбинӣ шудааст.
Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои мубрами густариш ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои бисёрсамта дар доираи иҷрои созишномаҳои сатҳи олӣ, ки дар Саммити Самарқанд моҳи апрели соли ҷорӣ ба даст омада буданд, баррасӣ мегарданд.
Дар меҳвари таваҷҷуҳ татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои мушаххаси ҳамкории амалӣ дар соҳаҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ ва молия, инноватсия, энергетика, нақлиёту коммуникатсия, илм ва маориф ва дигар самтҳои афзалиятнок қарор хоҳад дошт.
Ба имзо расондани Созишнома оид ба ҳамкории васеъ ва шарикии стратегӣ байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба нақша гирифта шудааст.
Ҳамчунин, дар ҷараёни сафар роҳбари Ӯзбекистон бо роҳбарияти Белгия вохӯрда, бо роҳбарони баландпояи ширкатҳо ва бонкҳои пешқадами аврупоӣ ҷиҳати тезондани нақшаҳои муштараки рушди ҳамкории саноативу технология дидору гуфтушунид анҷом медиҳад.