Боздид аз рафти сохтмони аэропорт

    Ҳукумат 4 Sentabr 2024 2796

    Президент Шавкат Мирзиёев 4 сентябр бо сохтмони аэропорти «Тошканд-Шарқӣ» шинос шуд.

    Дар мамлакати мо инфрасохтори нақлиёт пай дар пай инкишоф меёбад. Роҳу кӯпрукҳои нав сохта шуда, шароити сафар беҳтар мегардад. Аз ҷумла, аэропортҳои Самарқанд, Термиз, Мўйноқ, Зомин, Қўқон, Урганҷ навсозӣ гардида, ба истифода супурда шуданд. Солҳои охир аэропорти “Тошканд-Шарқӣ” аз нав сохта шуд.

    Дар ҳудуди маҷмаа хати парвоз ба масофаи 4 километр сохта шуд. Он қодир аст самолётҳои калонро қабул кунад. Айни замон ду терминал, перрон ва ангарҳо барои меҳмонони олӣ ва авиатсияи тиҷоратӣ сохта шуда истодаанд. Аэропорт бо таҷҳизоти замонавии радиотехникӣ ва метеорологии категорияи ICAO III-А муҷаҳҳаз карда мешавад, ки ҳатто дар шароити номусоиди обу ҳаво парвозу фуруд омаданро таъмин мекунад.

    Дар ин ҷо ҳамчунин муаррифии намуди берунӣ ва дохилии терминалҳо баргузор гардид. Сарвари давлат таваҷҷуҳи худро ба он ҷалб кард, ки рӯйпӯши биноҳо бояд бо услуби миллӣ сохта шуда, ҳангоми тарҳрезӣ ва таҷҳизонидани он ба рангҳои гарм эътибори бештар дода шавад. Вай таъкид кард, ки барои қабули меҳмонони олӣ ва баргузории вохӯриҳо тамоми шароит ба инобат гирифта шавад.

    Тавре маълум аст, фурудгоҳ дар паҳлӯи боғи Янги Ӯзбекистон ва деҳаи олимпӣ ҷойгир аст. Барои кабудизор намудани ин маҷмааҳо ва ҳудудҳои канори роҳ, шинондани гулҳо ва истифодаи унсурҳои ороишӣ, ки фарҳанги мардуми моро инъикос мекунанд, дастуру супоришҳо дода шуд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates