Вазъият ва пешомадҳои кор дар сохаи геология баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 27 Oktabr 2023 5463

    Президент Шавкат Мирзиёев 27 октябр бо тақдимот дар бораи корҳое, ки оид ба вусъат додани корҳои геологӣ, нақшаҳои муайян кардан ва азхудкунии қитъаҳои пешомаднок татбиқ мегарданд, шинос шуд.

    Дар роҳи расидан ба мақсадҳои рушди саноати ватанӣ бо маъданҳои фоиданок таъмин намудани иқтисодиёт аҳамияти калон дорад. Дар солҳои охир дар раванди трансформатсияи соҳаи геологӣ базаи моддию техникии он мустаҳкам гардид, тадқиқоти илмӣ ва тайёр кардани кадрҳо пурзӯр гардид.

    Дар маросими муаррифӣ ба сарвари давлат дар бораи корҳои дар соҳа анҷомдодашуда, тадбирҳои ҷиҳати ҷалби шарикони хориҷӣ ва сармоягузорон ба иктишоф ва азхудкунии сарватҳои зеризаминӣ андешидашуда, инчунин нақшаҳои оянда маълумот дода шуд.

    Таъкид гардид, ки солҳои охир ҳаҷми корҳои иктишофии геологӣ нисбат ба давраи қаблӣ 3 баробар афзуд. Ҷорӣ намудани чунин усулҳои пешқадам, ба монанди ҷустуҷӯи сейсмикии 3D, геофизикаи ҳавоӣ, космогеология, геологияи рақамӣ оғоз ёфт. Донишгоҳи илмҳои геологӣ ташкил карда шуд, ки дар он имрӯзҳо 1,5 ҳазор нафар ҷавонон донишу малакаи замонавӣ мегиранд.

    Ҳамзамон, заминаи қонунгузорӣ такмил дода, барои васеъ ҷалб намудани сармояи хусусӣ ба лоиҳаҳои геологӣ дигар шароити зарурӣ фароҳам оварда шуд.

    Аз ин рӯ, теъдоди соҳибкороне, ки ба ҷустуҷӯ ва азхудкунии конҳо машғуланд, 4 баробар афзуд. Танҳо дар соли ҷорӣ ба корҳои геологӣ 180 миллион доллар сармояи хориҷӣ ворид карда шуда, арзиши умумии лоиҳаҳои амалӣ аз 2 миллиард доллар гузашт.

    Сарвари давлат маърӯзаро шунида, вазифаҳоеро, ки дар соли оянда дар назди соҳаи иктишофи геологӣ истодаанд, муайян кард.