Лоиҳаҳои пешомадноки саноати кимиё баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 17 Noyabr 2021 5225

    Президент Шавкат Мирзиёев 17 ноябр бахшида ба таҳлили корҳои гузарондашуда ва баррасии лоиҳаҳои нави саноати кимиё ҷамъомад баргузор намуд.

    Дигаргуниҳои сохторие, ки дар иқтисодиёти мамлакати мо ба амал бароварда мешаванд, имрӯз натиҷаҳои воқеӣ меоранд. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир дар саноати кимиё 16 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи 2,1 миллиард доллар амалӣ гардида, 3 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шуданд. Боз як ҷиҳати муҳим дар он аст, ки ба соҳа сектори хусусӣ ворид гардида, бо иштироки он ҳашт лоиҳа ба маблағи 45 миллион доллар ба кор дароварда шуд.

    Дар давоми панҷ соли охир истеҳсоли кимиё 1,5 баробар афзуд, ҳаҷми содирот аз 190 миллион доллар ба 310 миллион доллар расид. Пешбинӣ шудааст, ки то охири сол фоидаи умумии софи корхонаҳо бештар аз 8 баробар афзуда, аз 1 триллион сӯм зиёд мешавад.

    Мувофиқи қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон аз 13 феврали соли 2021 барои истеҳсоли маҳсулот бо арзиши баланди иловагӣ 6 кластери технологӣ созмон дода мешаванд. Дар оянда созмон додани боз 4 чунин кластер дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Тошканд, Навоӣ ва Фарғона ба нақша гирифта шудааст. Дар онҳо нахи карбон, полиуретан, полистирол, полиэфир ва асетат барин зиёда аз 20 хел маҳсулот истеҳсол карда хоҳад шуд.

    Дар ҷамъомад доир ба ин кластерҳо ва лоиҳаҳои ояндадор маълумот дода шуд.

    Сарвари давлат таъкид кард, ки барои иқтидори бузурги соҳа танҳо лоиҳаҳои пешниҳодшуда кофӣ нестанд, барои ҷалби минбаъдаи сармояҳо ва афзоиши истеҳсолот имкониятҳои истифоданашуда ҳастанд.

    Захираҳо барои дар соли оянда то ба 12 триллион сӯм расондани истеҳсолот, то ба 380 миллион доллар расондани содирот баррасӣ гардиданд. Вазифа гузошта шуд, ки арзиши аслии маҳсулот аз ҳисоби рақамкунонии соҳа, кам кардани хароҷоти амалиётӣ ва истеъмоли энергия дар корхонаҳо коҳиш дода шавад.

    Тавре зикр гардид, корҳо оид ба чор лоиҳаи бузург ба маблағи 740 миллион доллар оғоз гардиданд. Дар ин корхонаҳо хелҳои нави маҳсулот: нуриҳои комплексии моеъ, ширеши карбамид формалдегид, гидроксипропил-метилселлюлоза, хлориди калтсӣ истеҳсол карда мешаванд. Ба масъулин дастур дода шуд, ки иҷрои ин лоиҳаҳоро зери назорати доимӣ гиранд.

    Зарурати идомаи пай дар пай дигаргунсозии корхонаҳо, ҷорӣ намудани технологияи муосир ва системаҳои идоракунӣ таъкид шуд.

    Ба масъалаи бо кадрҳо таъмин намудани корхонаҳои нав диққати махсус дода шуд. Барои ин соли оянда тайёр кардани 6 ҳазор нафар мутахассисони звенои олӣ ва миёна ба нақша гирифта шудааст. Дар пойгоҳи 6 корхонаи соҳа, комплекси таълимӣ дар Чирчиқ ба кор андохтани марказҳои таълимӣ пешбинӣ гардидааст.

    Аҳамияти тайёр кардани мутахассисон бо назардошти рушди замонавии саноати кимиё ва талаботи кордиҳандагон кайд гардид.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates