Ҷорӣ намудани низоми нав дар соҳаи лоиҳакашӣ ва сохтмон муайян шуд

    Ҳукумат 6 Iyul 2022 8289

    Таҳти раёсати Президент Шавкат Мирзиёев 6 июл оид ба вазифаҳои афзалиятноки соҳаи сохтмон, меъморӣ ва шаҳрсозӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид.

    Сохтмон яке аз соҳаҳои пешқадами иқтисодиёт мебошад. Дар натиҷаи фароҳам оварда шудани имкониятҳои васеъ дар соҳа ҳаҷму миқёси корҳо афзуд. Дар давоми панҷ соли охир зиёда аз 8 ҳазор бинои истиқоматӣ барои 250 ҳазор квартира, 21 ҳазор объекти хизмати маишӣ ва зиёда аз 10 ҳазор объекти иҷтимоӣ, 31 ҳазор корхона сохта шуд. Ҳаҷми корҳои сохтмонӣ дар ҳамин давра 4 баробар афзуда, дар соли 2021-ум 107 триллион сӯм ва дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 46 триллион сӯмро ташкил дод.

    Чунин афзоиш, албатта, шод мегардонад. Дар баробари ин дар соҳа, пеш аз ҳама дар бобати лоиҳакашӣ ва таъмини сифат ҳанӯз камбудиҳо мавҷуданд. Ба сохтмон афзалият дода шуд, вале эътибор ба меъморӣ суст шудааст.

    Ба ин муносибат дар ҷамъомад пеш аз ҳама масъалаҳои ба тартиб андохтани корхои сохтмону лоиҳакашӣ баррасӣ шуданд.

    Дар бисёр ҷойҳо нақшаҳои генералии қаблан тасдиқшуда дигар ба рушди кунунии демографӣ ва иқтисодӣ мувофиқат намекунанд. Тибқи таҳлилҳои коршиносони хориҷӣ, дар сурати мавҷуд набудани нақшаҳои генералӣ, то соли 2030 хароҷот барои инфрасохтор ду баробар афзоиш ёфта, заминҳои кишоварзӣ 30 ҳазор гектар кам карда мешаванд.

    Дар ҷамъомад масъалаи ҷорӣ намудани низоми нави танзими корҳои сохтмону лоиҳакашӣ дар сатҳи маҳалла, ноҳия, шаҳр, вилоят ва ҷумҳурӣ муайян карда шуд.

    Дар бораи барпо намудани Шӯрои ҷумҳуриявӣ оид ба тартиб додани нақшаҳои генералӣ ва мастер-планҳои минтақаҳо қарор қабул карда шуд. Дар вазорати сохтмон вазифаи сармеъмор бо мақоми муовини якуми вазир ҷорӣ карда шуд.

    Дар минтақаҳо идораҳои лоиҳавӣ таҳти сарварии муовини якуми ҳокимон ва сармеъморони вилоят кушода мешаванд. Ба шуъбаҳои сохтмони ноҳиявӣ ва шаҳрӣ меъморон роҳбарӣ мекунанд.

    Таҳияи нақшаҳои генералӣ ва устодӣ дар 3 марҳила сурат мегирад. Дар мархалаи аввал Шӯрои ҷумҳуриявӣ бояд схемаи асосии вилоятро бо нишон додани самтҳои тараққиёти ояндаи 5, 10 ва 20-сола тасдиқ намуда, сарҳадҳои замин ва инфрасохторро дар он муайян кунад. Дар асоси он дар марҳалаи дуюм плани генералии вилоят тартиб дода мешавад. Дар он минтақаҳои саноатӣ, хизматгузорӣ ва манзилӣ, ҷойгиршавии роҳҳо ва шабакаҳои инфрасохтор муайян карда мешаванд. Дар марҳилаи сеюм сармеъморҳо ва муовинони якуми ҳокими вилоятҳо, ноҳияҳо ва шаҳрҳо нақшаҳои генералиро тасдиқ мекунанд, ки дар онҳо ҷойгиршавии фонди манзил, мактабҳо, кӯдакистонҳо, беморхонаҳо, муассисаҳои савдо ва хизматрасонӣ мушаххас нишон дода мешаванд.

    Хуллас, минбаъд Вазорати сохтмон чунин масъалаҳоеро ба мисли муайян кардани ҷойи мавқеи мағоза дар маҳалла ё равшанкунии биноро ҳал намекунад. Чунин масъалаҳо дар сатҳи ноҳия ва маҳалла ҳал хоҳанд шуд.

    Сарвари давлат ба масъалаи такмил додани қоидаҳои шаҳрсозӣ ва мутобиқ гардонидани онҳо ба стандартҳои байналмилалӣ дахл кард.

    Аз ҷумла, тартиби гирифтани хулосаи шӯрои техникӣ барои лоиҳа, ки дар асоси андозаҳои байналмилалӣ тайёр карда шудаанд, лоиҳаҳое, ки дар хориҷ аз экспертиза гузаштаанд, бевосита эътироф карда мешаванд.

    Ғайр аз ин, низоми ташаккули нарх ба молу хидмат дар сохтмон ба тартиб оварда нашудааст. Ягон равиши ягона ба арзёбии кор вуҷуд надорад. Дар натиҷа, барои дуздии маблағ ва фасод имкони васеъ вуҷуд дорад.

    Ба ин муносибат қарор дода шуд, ки аз қоидаҳои шаҳрсозӣ 147 меъёри марбут ба баҳо додан ба кори сохтмон хориҷ карда шавад. Вазифа гузошта шуд, ки платформаи «Таснифи захираҳои сохтмон» ба кор андохта, барои нархгузории бозорӣ барои беш аз 100 ҳазор маводи сохтмонӣ ва хидматрасонӣ шароит фароҳам оварда шавад.

    Инчунин, ба мақсади коҳиш додани муҳлатҳои тайёркунии лоиҳаҳо дар барномаи «Сохтмони шаффоф» феҳристи электронии лоиҳаҳои намунавии объектҳои иҷтимоӣ созмон дода хоҳад шуд. Ҳамаи фармоишгарон, ташкилотхои лоиҳакашӣ ва пудратӣ аз онҳо озодона истифода мебаранд.

    Дар ҷамъомад фаъолияти ширкатҳои фармоишгари ягонаи назди ҳокимиятҳо таҳлил карда шуданд. Оиди ба онҳо ҷалб намудани роҳбарони хориҷӣ, меъморон ва муҳандисони соҳибихтисос, рақамӣ гардондани раванди сохтмон ва ҳаҷми корҳои иҷрошуда супориш дода шуд.

    Ҳамзамон, аз соли оянда вазифаҳои ширкатҳои фармоишгари ягона оид ба таҳияи ҳуҷҷатҳои пеш аз лоиҳа, назорати техникии сохтмони нав тадриҷан ба бахши хусусӣ барои аутсорсинг дода мешаванд.

    Президент алоҳида ба сифати сохтмон дахл кард.

    Дар ин соҳа инспексияи алоҳидаи давлатӣ амал мекунад, ки кормандони он вазифаи асосии худро дар ситонидани ҷарима мебинанд, қайд карда шуд дар маҷлис. Ҳол он ки 70 фоизи камбу-диҳои соҳаи сохтмон такроршаванда буда, пешгирӣ кардани онҳо осон аст.

    Ба ин муносибат зарурати аз нав дида баромадани фаъолияти инспекция ва ба таҳлил ва бартараф намудани сабабҳои ба амал омадани камбудиҳои системавии сохтмон равона кардани кори он нишон дода шуд.

    Ба Вазорати сохтмон супориш дода шуд, ки тамоми равандҳоро аз бақайдгирии объектҳо то ба истифода додани онҳо рақамӣ кунонад. Вобаста ба тайёр кардани кадрҳо зарурати додани мустақилии академикӣ ва молиявӣ ба донишкадаҳои меъморӣ дар Тошканд ва Самарқанд қайд гардид. Таҳсил дар онҳо дар асоси барномаҳои таълимии байналмилалӣ сурат хоҳад гирифт. Донишҷӯён ба институтҳои пешбари лоиҳакашию тадқиқотӣ ва кластерҳои сохтмонӣ вобаста карда мешаванд.

    Дар ҷамъомад ҳамчунин камбудиҳои марбут ба қарздиҳии ипотекӣ баррасӣ шуд. Аз ҷумла, дар буҷети соли ҷорӣ ба бонкҳои тиҷоратӣ 13 триллион сӯм захираҳои кредитӣ барои 43 ҳазор адад манзил ва барои 29 ҳазор нафар 1,2 триллион сӯм субсид пешбинӣ шудааст. Аммо дар айни ҳол аз ин маблағҳо ҳамагӣ 28-30 фоиз ҷудо карда шудааст халос.

    Вобаста ба ин, барои коҳиш додани бюрократизм, ташкили марказҳои ипотека, ки ба аҳолӣ ҳамаҷониба хизмат мерасонанд, супоришҳо дода шуданд.

    Бинобар масъалаҳои баррасишуда вазирон, ҳокимон ва муовинони онҳо ҳисобот дода, фикру пешниҳодҳояшонро изҳор карданд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates