Дар оғоз Президент Шавкат Мирзиёев ҳамаи омӯзгоронеро, ки умри худро ба кори пуршарафи таълим ва тарбияи насли ҷавон бахшидаанд, табрик гуфта, ба онҳо эҳтироми амиқ ва миннатдории худро иброз намуд.
Тибқи фармони Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 11 сентябри соли ҷорӣ, як гурӯҳ кормандоне, ки дар низоми маориф ва тарбия натиҷаҳои намунавӣ нишон додаанд, бо унвонҳои фахрӣ, орденҳо ва медалҳо сарфароз гардиданд. Ҳамчунин соҳибкороне, ки бо маблағҳои шахсӣ мактаб сохтаанд, ва шарикони хориҷие, ки ба татбиқи таҷрибаҳои пешқадам дар соҳаи маориф мусоидат намудаанд, бо мукофотҳо қадрдонӣ шуданд. Дар ҷамъомад супоридани тантанавии ин мукофотҳо баргузор гардид.
– Ман унвонҳо, орденҳо ва медалҳоро ба намояндагони соҳаҳои гуногун месупорам. Аммо рӯзеро, ки омӯзгорон бо мукофот сарфароз мешаванд, ҳамеша бо эҳсоси махсус интизор мешавам. Бигзор дар кишвари мо омӯзгорони ба кори худ содиқ ва шоистаи мукофотҳои олӣ бештар гарданд, – гуфт Президент.
Аз номи сарфарозшудагон намояндагони соҳа баромад карда, барои таваҷҷуҳ ба маориф ва эҳтироми баланд ба меҳнати омӯзгор ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Сипас, муколама оид ба чораҳои рушди соҳа баргузор шуд. Дар он бо роҳи видеоалоқа бештар аз 40 ҳазор омӯзгорон ва мураббиён аз саросари ҷумҳурӣ ширкат варзиданд.
Дар суханронии худ Сарвари давлат таъкид намуд, ки дар ҳашт соли охир иқтисоди кишвар ду баробар рушд кард ва ҳаҷми маҳсулоти дохилии нохолис то охири сол ба 130 миллиард доллар хоҳад расид.
Дар ҳамин асоси мустаҳками иқтисодӣ, дар давоми ҳашт сол хароҷот ба соҳаи маориф ва илм шаш баробар афзоиш ёфта, ба 378 триллион сӯм расид. Президент таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳсил, беҳтар намудани шароити кор ва зиндагии омӯзгорон ва мураббиён ҳамеша яке аз афзалиятҳои асосии ислоҳот хоҳад монд.
Дар ҷамъомад ташаббусҳо оид ба рушди тамоми звенои низоми маориф ва густариши минбаъдаи имкониятҳо барои ҷавонон ва омӯзгорон муайян карда шуданд.
Агар соли 2017 дар беш аз 4 ҳазор маҳалла ягон кӯдакистон набуд ва фарогирии таълими томактабӣ аз 27 фоиз зиёд набуд, имрӯз шумораи кӯдакистонҳо аз 38 ҳазор гузашта, фарогирӣ ба 78 фоиз расидааст. Ба шарофати имтиёзҳо ва имкониятҳои тозаэълоншуда дигар ягон маҳалла бе таълими томактабӣ намемонад ва фарогирӣ аз 80 фоиз кам нахоҳад буд.
Музди меҳнати роҳбарон ва омӯзгорони кӯдакистонҳо қариб ду маротиба зиёд шуд. Системае ҷорӣ мегардад, ки тибқи он қисми музди меҳнати тарбиячиён ва хароҷоти кӯдак дар кӯдакистонҳои хусусӣ аз ҳисоби буҷет пӯшида мешавад.
Акнун омӯзгорони кӯдакистонҳои давлатӣ ва хусусӣ метавонанд бе қатъи фаъолият таҳсилоти олиро идома диҳанд. Ба монанди мактабҳои президентӣ, дар ҳар як вилоят кӯдакистонҳои формати «Янги авлод» таъсис дода мешаванд, ки дар онҳо мураббиён технологияҳои пешқадами педагогиро меомӯзанд.
Марҳалаи аз ҳама тӯлонӣ ва ҳалкунанда – таҳсилоти мактабӣ мебошад.
Дар тӯли 34 соли охир аҳолии кишвар ду баробар афзуда, аз 38 миллион гузаштааст. Айни ҳол дар мактабҳо 6,5 миллион хонанда таҳсил мекунад. Дар ҳашт соли охир тақрибан 500 мактаби нав сохта шуда, бо васеъкунии мактабҳои амалкунанда 1 миллион ҷои иловагии хонандагӣ ташкил карда шуд. Беш аз 200 ҳазор кӯдак дар мактабҳои хусусӣ таҳсил менамоянд.
Барои роҳнамоии хонандагон мувофиқи қобилиятҳояшон – ба касбу кор ё таҳсилоти олӣ – барои синфҳои 9 ва 11 имтиҳонҳои ягонаи давлатӣ ҷорӣ карда мешаванд. Ин ба тақрибан 400 ҳазор хатмкардаи синфи 9 имкон медиҳад, ки таҳсилро дар техникумҳо идома диҳанд. Онҳое, ки таҳсилро дар мактаб идома дода, ният доранд ба донишгоҳҳо дохил шаванд, фанҳои интихобкардаи худро амиқ меомӯзанд.
Ҳар сол даҳҳо ҳазор хонандагони мактабҳо сертификатҳои байналмилалии забонӣ ва фаннӣ мегиранд. Ҳоло чунин сертификатҳо ҳангоми имтиҳони ниҳоӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Сарвари давлат алоҳида ба масъалаҳои таҳсилоти касбӣ таваҷҷуҳ зоҳир кард. Соли 2026 Соли омӯзиши ҷавонон ба касбҳои муосир эълон гардид.
Бо ин мақсад Агентии таҳсилоти касбӣ таъсис дода мешавад. Вазифаи асосии он – ҷорӣ намудани муҳити нави таълимӣ ва стандартҳои байналмилалӣ дар ҳамаи 598 техникум мебошад.
Дар давоми як сол дар 100 техникум ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии Олмон, Швейтсария, Чин, Корея ва Британияи Кабир ба роҳ монда шуда, барномаҳои пешқадами омӯзиши касбии онҳо татбиқ мегарданд.
Ғайр аз ин, ҳар як довталабе, ки малакаҳои касбӣ дорад, метавонад дар ин техникумҳо тибқи низомҳои хориҷии баҳогузории ихтисос имтиҳон супурда, сертификати байналмилалӣ ба даст орад.
Аз соли нави таҳсил якҷоя бо ширкати бритониёии Pearson дар 14 техникум барномаи байналмилалии BTEC оғоз ёфт. Ин барнома ба ҷавонон имкон медиҳад, ки касбҳои серталабро дар соҳаҳои туризм, технологияҳои иттилоотӣ, тиб, сохтмон, логистика, электротехника, энергетика, мошинсозӣ, биотехнология ва иқтисодиёти эҷодӣ аз худ намоянд.
Соли оянда дар соҳаи саноат 456 лоиҳаи бузург ба маблағи тақрибан 45 миллиард доллар ба роҳ монда мешавад. Дар техникумҳо барои ҳар як лоиҳа омӯзиши дуалӣ бо занҷири «сармоягузор – соҳа – техникум» ҷорӣ карда мешавад.
Миёни корхонаҳо ва техникумҳое, ки лоиҳаҳои мушаххаси ҳамкорӣ доранд, барои таъсиси устохонаҳои замонавӣ озмун гузаронида мешавад. Ғолибон бо таҷҳизоти муосир ва ашёҳои зарурӣ барои устохонаҳо ва варзиш таъмин карда мешаванд.
Дар маҷмӯъ фарогирии омӯзиши дуалӣ 5 маротиба афзоиш меёбад. Ба корхонаҳои шарик қарзҳои имтиёзнок то 5 миллиард сӯм ҷудо карда мешаванд, инчунин пардохти ягонаи иҷтимоӣ барои шогирдони системаи дуалӣ ду баробар коҳиш дода мешавад.
Аз худ намудани технологияҳои нав ва таъминшавӣ бо ҷойи кор донистани забонҳои хориҷиро талаб мекунад. Аз ин рӯ, миқдори соатҳои омӯзиши забони хориҷӣ дар техникумҳо 4 маротиба зиёд карда мешавад.
Мутобиқи қарори Президент дар мактабҳо вазифаи мушовир ҷорӣ мегардад. Аз синфи 7-ум сар карда н хонандагонро бо назардошти пешрафт ва шавқу завқи касбӣ хоста мегирад ва хатмкунандагони синфи 9-умро ба идомаи таҳсил дар техникумҳо ҳидоят менамояд.
Ғайр аз ин, имсол 200 ҳазор хатмкунандаи синфи 11-ум, ки ба донишгоҳҳо дохил нашуданд, дар техникумҳо аз рӯи барномаҳои кӯтоҳмуддати 3–6 моҳа таҳсилоти касбӣ мегиранд.
– Мақсади ташаббусҳои нави мо чист? Агар ҳар як кӯдак як касбро аз худ карда, даромад ба даст орад, дар оилаҳо фаровонӣ ва дар маҳаллаҳо сулҳу ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо мешавад. Боварӣ дорам, ки волидон инро дастгирӣ мекунанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Чораҳо оид ба баланд бардоштани сатҳи тахассус ва мақоми омӯзгорон ва устоҳои техникумҳо муайян шуданд. Системаи сертификатсия ҷорӣ карда мешавад: омӯзгорони техникумҳо барои гирифтани сертификати миллӣ 30 дарсад ва барои байналмилалӣ 50 дарсад иловапулӣ аз маош мегиранд. Аз ин имконият 30 ҳазор омӯзгори техникумҳо баҳра мебаранд. Ҳамчунин музди меҳнати директорон ва муовинони онҳо зиёд карда мешавад. Дар техникумҳо барои дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ низ иловапулӣ пешбинӣ мегардад.
Солҳои охир фарогирии таҳсилоти олӣ босуръат афзоиш ёфт: шумораи донишгоҳҳо аз 77 то 202 расид, шумораи умумии донишҷӯён бошад, аз 250 ҳазор то 1,5 миллион зиёд шуд.
Дар давраи «инқилоби чорум саноатӣ» дар тамоми ҷаҳон талабот ба маъданҳои технологӣ меафзояд. Аз рӯи ҳисобу китоб, ба минтақаи мо 10–15 фоизи захираҳои ҷаҳонии вольфрам, молибден, руҳ ва титан рост меояд. Барои табдил додани ин захираҳои бузург ба маҳсулоти дорои арзиши иловашудаи баланд, пеш аз ҳама илм, дониш ва навоварӣ зарур аст.
Дар робита ба ин супориш дода шуд, ки низоми ҳамкорӣ миёни илм ва бизнес бар асоси манфиати мутақобил ба роҳ монда шавад. Барои пӯшонидани хароҷоти корҳои таҷрибавию конструкторӣ оид ба ихтироот иловатан 100 миллиард сӯм ҷудо карда мешавад.
Ба қарибӣ ба ғолибони озмуни ихтироъкорон аз рӯи нӯҳ самт автомобилҳои барқӣ супорида шуданд. Соҳибони ҷойҳои дуюм ба таҷрибаомӯзӣ ба хориҷ фиристода мешаванд, ҷойҳои сеюм бо мукофотҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Минбаъд чунин озмунҳо дар ҳар як самти таҳсилоти олӣ – миёни омӯзгорон ва донишҷӯён баргузор карда мешаванд.
Дар донишгоҳҳо барномаҳои муштараки таълимӣ бо донишгоҳҳои аз топ-500 аз рӯи самтҳои IT, зеҳни сунъӣ, агротехнология, тиб ва энергетикаи «сабз» роҳандозӣ мешаванд. Ҳамчунин ифтитоҳи филиалҳои донишгоҳҳои аз топ-100 дар назар аст.
Президент як қатор ташаббусҳоро оид ба беҳтар намудани шароити иҷтимоии омӯзгорон ва мураббиён низ иброз намуд.
Аз соли нав барои омӯзгороне, ки дорои дараҷаи олии тахассусӣ ва на кам аз 15 сол собиқаи корӣ мебошанд, давлат 25 фоизи пардохти аввалияи ипотекаро мепӯшонад.
Дар соли нави таҳсил барои фарзандони омӯзгорон, ки ба донишгоҳҳои давлатӣ дохил мешаванд, 30 фоиз тахфиф барои пардохти шартнома дода мешавад.
Барои густариши васеи технологияҳои нави таълимӣ омӯзгорон метавонанд то 10 миллион сӯм қарзи имтиёзнок барои хариди компютер гиранд. Аз соли оянда арзиши хизматрасониҳои давлатӣ барои омӯзгорон ду баробар кам карда мешавад.
Барои омӯзгорони синфҳои ибтидоӣ низ мисли омӯзгорони синфҳои болоӣ низоми гирифтани сертификати миллӣ ҷорӣ карда мешавад. Ба соҳибони сертификат ҳар моҳ 15 фоиз иловапулӣ пардохта мешавад.
Хатмкунандагони бакалаврият бо дипломи аъло, ки ба мактабҳо ба кор дохил мешаванд, ба таври автоматӣ соҳиби категорияи II мегарданд, магистрҳо бошанд – категорияи I. Омӯзгороне, ки ба донишгоҳҳои аз топ-300 рейтинги ҷаҳонӣ дохил мешаванд, метавонанд то 20 ҳазор доллар қарзи имтиёзноки таълимӣ гиранд.
Дар ҷараёни мулоқот бо омӯзгорон ва донишҷӯён, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ мубодилаи афкор баргузор гардида, пешниҳоду андешаҳои онҳо шунида шуданд.















