Президенти Ӯзбекистон таъкид кард, ки тарафдори густариши минбаъдаи шарикии бисёрҷониба дар доираи СҲШ мебошад

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев 4 июл дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви СҲШ, ки дар Остона баргузор шуд, ширкат кард.

    Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баргузор шуд, ҳамчунин Президенти Беларус Александр Лукашенко, иҷрокунандаи вазифаи Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Муҳбер, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон Субраҳманём. Ҷайшанкар, инчунин Дабири кулли Созмони ҳамкориҳои Шанхай Чжан Минг ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзаев ширкат доштанд.

    Тибқи рӯзномаи мулоқот оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули ошкорои афкор сурат гирифта, дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанба дар доираи СҲШ баррасӣ гардид.

    Сарвари Ӯзбекистон иштирокчиёни ҳамоишро хайрамақдам гуфта, ба натиҷаҳои раёсати Қазоқистон дар СҲШ баҳои баланд дода, ҳамчунин Беларусро бо шомил шудан ба ин созмон самимона табрик гуфт.

    Роҳбари мамлакати мо таъкид кард, ки мулоқоти хозира дар вазъияти тезу тунд шудани вазъияти байналхалқӣ мегузарад.

    Муноқишаҳои нави харобиовар пайдо шуда, чолишҳо ва таҳдидҳои амниятӣ шиддат мегиранд, ки дар пасманзари коҳиши эътимоди мутақобила, афзоиши зиддият ва рақобат, афзоиши ташаннуҷи геосиёсӣ ба вуҷуд меоянд.

    – Дар чунин шароити душвор нигоҳ доштан ва минбаъд таҳкими садоқати мо ба принсипҳои асосии СҲШ ниҳоят муҳим аст, ки ба шарофати он комёбиҳои имрӯзаи созмон, нуфузи баланд ва нақши устуворгардонии он дар корҳои байналмилалӣ имконпазир гардид», – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар ин замина вай ба идомаи риояи қатъии принсипҳои бунёдии “Рӯҳи Шанхай” – эътимоди мутақобила ва нафъи мутақобила, баробарӣ, эҳтиром ба гуногунии фарҳангҳо, ҳифзи мақоми ғайриблокӣ, принсипи консенсус дар қабули қарорҳо даъват кард.

    Тавре Президенти Ӯзбекистон қайд кард, дар воқеияти имрӯз пешгирӣ аз заиф шудани ваҳдати СҲШ муҳим аст. «Мо бояд ваҳдати "оилаи СҲШ"-ро таҳким бахшем, аз имкониятҳои пайдошуда ҳадди аксар истифода намуда, принсипи рушди муштаракро пайваста амалӣ намоем», - гуфт ӯ.

    Таъкид гардид, ки барои татбиқи иқтидори бузурги рушди кишварҳои узви СҲШ ташаккули модели нави шарикии иқтисодӣ ва таҳияи барномаи дарозмуддати рушди устувор зарур аст.

    Сарвари Ӯзбекистон дар бораи вазифаҳои мубрами СҲШ сухан ронда, таваҷҷуҳи зеринро ҷалб намуд.

    Дар шароити касри бесобиқаи эътимод дар сатҳи ҷаҳонӣ барои таъмини амнияти умумии мо равишҳои нав пайдо кардан лозим аст.

    Дар ин замина аҳамияти татбиқи Ташаббуси ҳамбастагии Самарқанд, ки ҷониби Ӯзбекистон ба хотири амният ва шукуфоии умумӣ ба миён гузоштааст, зикр гардид.

    Сарвари давлатамон ба қабули Кодекси ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикии фаромарзии СҲШ ба мақсади таҳкими муколама ва амиқтар кардани ҳамкориҳои бисёрҷониба даъват намуд.

    Барои ноил шудан ба пешравии стратегӣ дар ҷанбаи иқтисодӣ пешниҳод карда шуд, ки Созишнома оид ба соддагардонии расмиёти савдо дар дохили созмон, Барномаи ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорати электронӣ бо ҳамгироии платформаҳои мавҷудаи савдои рақамӣ таҳия карда шавад.

    Дар доираи дастгирии барномаҳои кооператсияи саноатӣ мақсаднок будани андешидани Маҷмўи тадбирҳо оид ба ҳавасмандгардонии сармоягузории мутақобила, пеш аз ҳама дар инфрасохтор, саноати баландтехнологӣ ва хизматрасонӣ таъкид гардид.

    Дар ин замина аҳамияти эҷоди механизмҳои дастгирии молиявии чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла баррасии масъалаи таъсиси Фонд ва Бонки рушди СҲШ таъкид шуд.

    Раҳбари Ӯзбекистон таваҷҷуҳро ба зарурати ташаккул додани низоми фарогири нақлиёт дар хатти "Шарқ-Ғарб" ва "Шимолу Ҷануб" ҷалб кард, ки ба рушди босамари иқтидори иқтисодии кишварҳои СҲШ мусоидат мекунад.

    – Зиёд будани вариантҳои долонҳои нақлиётӣ ин шарти муҳими рушди устувори тамоми минтақаи мо мебошад, – қайд намуд Президент.

    Сарвари давлатамон ҳамчунин пешниҳод намуд, ки Нақшаи рақамикунонии расмиёти логистика, аз ҷумла ташкили табодули электронии маълумот дар бораи молҳо, ки ба воситаи сарҳадҳои кишварҳои СҲШ мегузаранд, таҳия карда шавад.

    Барои густариши инфрасохтори муосир ва боэътимоди энергетикӣ дар фазои Созмон пешниҳод шуд, ки Нақшаи ҳамаҷонибаи ҳамкорӣ ҷиҳати ҳавасмандгардонии ҷалби сармоягузорӣ ва технологияҳо ба манобеи барқароршавандаи энергия омода карда шавад.

    Шавкат Мирзиёев алоҳида таъкид намуд, ки барои таъмин кардани рақобатпазирии кишварҳоямон, гузариш ба иқтисодиёти рақамӣ, ҷорӣ кардани "зеҳни сунъӣ" ва роҳҳои ҳалли пешқадами IT аҳамияти ҳалкунанда доранд.

    Дар робита ба ин, вай аз таҳияи Барномаи "Технологияҳои ояндаи СҲШ" ҷонибдорӣ кард, ки имкон медиҳад дониш ва таҷрибаи пешқадам дар ин самт табодул карда шавад.

    Президенти Ӯзбекистон пешниҳод кард, ки имкони қабули “харитаи роҳ” барои ҳамкориҳои кишварҳои узви СҲШ дар бахши рушди ва ҳифзи иҷтимоӣ баррасӣ шавад.

    Таъкид гардид, ки иҷрои вазифаҳои мушаххас оид ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва рушди ҳудудҳо, пеш аз ҳама деҳот саҳми муштарак дар расидан ба ҳадафҳои Рӯзнома то соли 2030 хоҳад буд.

    Дар заминаи таъмини амнияти озуқаворӣ таҳияи платформаи муштараки электронии «Атласи амнияти озуқавории СҲШ» оғоз гардид, ки маълумот дар бораи иқтидори агросаноатии кишварҳои ин созмонро аз рӯи ҳаҷми маҳсулот ва имконоти таъминот муттаҳид мекунад. Пешниҳод шуд, ки ба ин кор коршиносони Созмони ғизо ва кишоварзии СММ ҷалб карда шаванд.

    Сарвари давлатамон вобаста ба масъалаҳои амнияти минтақавӣ зарурати идомаи ҳамоҳангсозии зичи кори мақомоти салоҳиятдори кишварҳои СҲШ-ро дар мубориза бо чолишҳои муосир ва таҳдидҳои амниятӣ, аз ҷумла тавассути хати СМЗТ СҲШ қайд кард.

    Раҳбари Ӯзбекистон ба вазъ дар Афғонистони ҳамсоя ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи Осиёи Марказӣ, ки бевосита ба суботи минтақа таъсир мерасонад, таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуд.

    Вай бо ишора ба тафовут дар бархӯрдҳо дар роҳандозии равобит бо мақомоти кунунии Афғонистон, хостори идомаи муколама бо Кобул шуд, ки ба манфиати амният ва рушди иқтисодии тамоми минтақа ҷавобгӯ аст.

    Дар робита ба ин, аҳамияти пешниҳоди азсаргирии кори Гурӯҳи тамоси "СҲШ-Афғонистон" таъкид шуд.

    Дар фарҷом роҳбари кишвари мо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпинро ба муносибати қабул шудани Ҷумҳурии Мардумии Чин ба мақоми раёсати Созмони ҳамкории Шанхай табрик гуфт.

    Пас аз ҷамъбасти мулоқот маросими имзои санадҳо баргузор гардид. Аз ҷумла, Эъломияи Остона ва маҷмӯи ҳуҷҷатҳои муҳими бисёрҷониба қабул карда шуданд, ки ба таҳкими минбаъдаи шарикӣ дар самтҳои гуногуни ҳамкорӣ нигаронида шудаанд.

    Бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сарони давлатҳои СҲШ Нақшаи ҳамкории кишварҳои узви созмон оид ба масъалаҳои таъмини амнияти байналмилалии иттилоотӣ ва Изҳороти Шӯрои сарони давлатҳо дар бораи принсипҳои хамсоягии нек, боварӣ ва шарикиро тасдиқ карданд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates