Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба натиҷаи босамари Форуми занони Осиё баҳои баланд дод

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 14 май ҳайати Созмони Милали Муттаҳидро зери роҳбарии муовини Котиби генералӣ, директори иҷроияи ниҳоди «СММ – занон» Симо Самеъ Бохус қабул кард.

    Ҳайати СММ аз мамлакатамон дар доираи барномаи Форуми занони Осиё боздид ба амал меорад, ки чорабиниҳои он дар ин рӯзҳо дар шаҳри Самарқанд ба вуқӯъ пайвастанд.

    Роҳбари институти пешқадами низоми Созмони Милал оид ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ба роҳбари давлатамон паёми самимӣ ва беҳтарин таманноҳои Котиби генералӣ Антониу Гутерришро расонд.

    Ислоҳоти босамари дар Ӯзбекистон татбиқгарданда, ки ба куллан беҳтар намудани вазъият ва боло бурдани мақоми зан дар ҷамъият нигаронда шудааст, олӣ арзёбӣ гардид.

    Зимни мулоқот масъалаҳои минбаъд амиқсозии шарикии созандаи мамлакатамон бо сохтори «СММ – занон» баррасӣ гардиданд.

    Бояд таъкид кард, ки Ӯзбекистон ба тамоми конвенсияҳои асосии байналхалқӣ дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқ ва пеш бурдани манфиатҳои зан ҳамроҳ гардида, дар кори Комиссияи марбути СММ фаъолона иштирок менамояд.

    Натиҷаи босамари Форуми занони Осиё олӣ арзёбӣ гардид. Аҳамияти трансформатсияи он ба платформаи доимоамалкунандаи гуфтугӯ оид ба масъалаҳои васеъ намудани ҳуқуқи зан дар минтақаи Осиё таъкид шуд.

    Ногузирии қабул намудани Барномаи дуҷонибаи ҳамкорӣ ба истиқболи миёнамуддат, ки лоиҳа ва чорабиниҳои мушаххас, аз он ҷумла ҳамкории минтақавиро фаро мегирад, таъкид шуд.

    Кушодани намояндагии сохтори «СММ – занон» дар мамлакатамон дастгирӣ шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates