Натиҷаҳои гуфтушунид бо созишномаҳо мустаҳкам карда шуданд
Пас аз ҷамъбасти ҷаласаи нахустини Шӯрои олии байнидавлатӣ маросими имзои санадҳои дуҷониба баргузор шуд.
Пас аз хотимаи музокироти дуҷониба Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев дар шаҳри Алмаато филиалҳои Донишкадаи муҳандисони ирригатсия ва механиконии кишоварзии Тошканд ва Донишгоҳи давлатии Қазоқистони ҷанубии ба номи ба номи М.Ауэзовро дар шаҳри Чирчиқ тантанавӣ кушоданд. Ифтитоҳи мутақобилаи филиалҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон боз як далели рушди босуръати муносибатҳои бисёрҷанбаи ду кишвари бародар гардид.
Дар доираи барномаи будубош дар шаҳри Остона маросими сарфарозгардонии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо ордени «Алтын Қыран» («Уқоби тиллоӣ)»-и Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд.