Дар Ӯзбекистон нерӯгоҳи бузурги фотоэлектрикии офтобӣ ба кор дароварда шуд

    Ҳукумат 27 Avgust 2021 6349

    Дар арафаи 30-солагии истиқлолияти кишварамон дар ноҳияи Карманаи вилояти Навоӣ нахустин нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ ба истифода дода шуд.

    Дар маросими ифтитоҳи он Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

    Имрӯз ашёи хоми карбогидрид, асосан ангишт, нафт ва газ ба сифати манбаъҳои тавлиди энергия васеъ истифода мешаванд. Аммо захираҳои онҳо маҳдуд мебошад. Аз ин рӯ, дар мамлакатамон манбаъҳои барқароршавандаи энергия инкишоф меёбанд.

    Чи хеле ки маълум аст, Ӯзбекистон дар як сол ба ҳисоби миёна 320 рӯзи офтобӣ дорад. Бинобар баҳои коршиносон аз ҳисоби сохтмони нерӯгоҳҳои барқии офтобӣ дар мамлакат дар маҷмӯъ 600 миллиард киловатт соат нерӯи барқ тавлид кардан мумкин аст, ки 8 маротиба аз эҳтиёҷоти умумии Ӯзбекистон зиёд аст.

    Маҳз аз ин рӯ, сармоягузорони хориҷӣ ҷалб карда мешаванд, бисёр нерӯгоҳҳои офтобӣ сохта мешаванд. Нерӯгоҳ дар ноҳияи Кармана аввалини онҳост.
    Сохтмони маҷмӯъ соли гузашта оғоз ёфта буд. Дар ҳаҷми 110 миллион доллар сармоя аз худ карда шуд ва 300 ҳазор панелҳои офтобӣ насб карда шуданд. Иқтидори нерӯгоҳ 100 мегаваттро ташкил медиҳад.

    – Ин нерӯгоҳ аввалин қадами бузург аст, гуфтан мумкин аст, ки аввалин фароштуруки низоми нави энергетикии Ӯзбекистон, ки оғози марҳилаи комилан нав дар рушди соҳа мебошад. Он дар як сол 252 миллион киловатт-соат қувваи электр истеҳсол хоҳад кард. Ин имкони сарфа намудани 80 миллион метри мукааб гази табиӣ ва пешгирии партофтани 160 ҳазор тонна газҳои гулхонаиро ба атмосфера фароҳам меорад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Лоиҳа, ки номи «Nur Navoi Solar»-ро гирифтааст, аз ҷониби ширкати Masdar-и Аморати Муттаҳидаи Араб татбиқ мегардад. Президент сол аз сол ривоҷ ёфтани ҳамкориро бо ин мамлакат алоҳида таъкид намуд.
    Дар танҳо соҳаи энергетикӣ якҷоя бо Аморати Муттаҳидаи Араб 6 лоиҳаи иқтидораш 1,7 ҳазор мегаватт ба маблағи қариб 1,5 миллиард доллар татбиқ мегардад. Аз ҷумла, дар соли 2023 дар вилояти Навоӣ якҷоя бо Masdar нерӯгоҳи барқии бодии иқтидораш 500 мегаватт, инчунин, нерӯгоҳи офтобии иқтидораш 200 мегаватт бо иштироки Phanes group сохта хоҳад шуд.

    Сарвари давлат ба сармоягузорони хориҷӣ ҳамаи сохтмончиён ва мутахассисоне, ки дар сохтмони нерӯгоҳи офтобии барқӣ иштирок кардаанд, миннатдорӣ изҳор намуд.

    Муҳимияти ин нерӯгоҳ дар он аст, ки он барои эҳтиёҷоти афзояндаи аҳолӣ ва саноат бо нархи дастрас 2,67 сенти ИМА барои як киловатт-соат нерӯи устувор таъмин хоҳад кард.

    Ҷанбаи дигари муҳим дар он аст, ки ба шарофати чунин лоиҳаҳо дар кишвари мо самтҳои нави истеҳсоли хатҳо ва технологияҳои замонавӣ пайдо мешаванд.

    Аз ҷумла, барои бунёди ин нерӯгоҳ таҷҳизоти барқӣ аз корхонаи «Ӯзэлектроаппарат», кабелҳо аз «Ӯзбеккабел», низоми НРС, сутунҳои такягоҳӣ аз заводи конструксияҳои металлии Бектемир ворид карда шуданд.

    Умуман, чунин лоиҳаҳои калонҳаҷм ба офаридани бозор барои истеҳсолкунандагони ватанӣ дар як сол на камтар аз 1 миллиард доллар, инчунин ташаккули кластери электротехникӣ мусоидат хоҳанд кард.
    Дар ин кластер истеҳсоли панелҳои офтобӣ, маҳсулоти кабелӣ, трансформаторҳо, аккумуляторҳо, муҳаррикҳои электрикӣ, генераторҳо ва таҷҳизоти асосиро барои нерӯгоҳҳои барқии бодии маҳаллӣ гардондан мумкин аст. Ин маънои созмон додани ҳазорҳо ҷойҳои нави кориро дорад.

    Иқтисодиёти мамлакати мо бо суръати тез тараққӣ мекунад, ҳиссаи саноат дар сохтори он афзун мегардад. Дараҷаи зиндагии аҳолӣ торафт баланд шуда, истифодаи электротехника меафзояд. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир шумораи соҳибкороне, ки нерӯи барқ истеъмол мекунанд, 25 фоиз ва ҳаҷми истеъмоли онҳо 30 фоиз афзоиш ёфтааст.
    Президент, инчунин нақшаҳои рушди иқтисод, аз ҷумла сектори энергетикаро муайян намуд.

    – Дар панҷ соли оянда мо нақша дорем, ки суръати рушди иқтисодиро 1,5 баробар зиёд гардонда, ММД-ро ҳадди ақалл ба 100 миллиард доллар расонем. Ба ин муносибат ҳазорҳо корхонаҳои нави саноатии миёнаҳаҷм ва калон ба кор медароянд ва талабот ба нерӯи барқ ба 100 миллиард киловатт соат мерасад. Ин назар ба ҳозира 30 миллиард киловатт соат зиёд аст.

    Аз ин рӯ, мо барои татбиқи ислоҳот ва лоиҳаҳои нав дар соҳаи электроэнергетика нақшаҳои хеле калон дорем. Хусусан дар панҷ соли оянда 19 лоиҳа ба маблағи 6,5 миллиард доллар оид ба созмон додани иқтидорҳои нави 11,5 ҳазор мегаваттдор ба кор андохта мешаванд. То соли 2030 ҳиссаи манбаъҳои энергияи барқароршаванда дар истеҳсоли нерӯи барқ аз 30 фоиз зиёд хоҳад шуд. Барои интиқоли қувваи барқ ба минтақаҳо 3 ҳазор километр хатҳои нави интиқоли барқи шиддаташ 500 ва 220 киловатт кашида мешаванд, – гуфт сарвари давлат.

    Баробари ин имрӯз 66 шабакаи пастшиддат, 74 фоизи зеристгоҳҳо ва беш аз 50 фоизи нуқтаҳои трансформаторӣ кӯҳна шудаанд. Ба ин муносибат дар панҷ соли наздик 70 ҳазор километр хатҳои интиқоли барқи пастшиддат, 22 ҳазор трансформатор ва зиёда аз 100 зеристгоҳҳо навсозӣ карда мешаванд.

    Кишварҳои Осиёи Марказӣ бобати ба вуҷуд овардани занҷири ягонаи энергетикӣ, васеъ гардондани ҳамкорӣ дар ин соҳа кор пеш мебаранд. Сарвари давлат қайд кард, ки бо ин мақсад дар соҳаи нерӯи барқ лоиҳаҳои муштарак амалӣ карда шуда, шабакаҳои магистралии иловагӣ сохта мешаванд, ки системаҳои энергетикии кишварҳои минтақаро муттаҳид месозанд.

    Пас аз ин, Президент Шавкат Мирзиёев дастдораги корандозиро пахш карда, нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобиро ба кор даровард.
    Муҳандисон ва сохтмончиён дар ин чорабинӣ ҳузур дошта, намояндагони маҳаллии насли калонсол ва ҷавонон, инчунин сармоягузорони хориҷӣ дар бораи аҳамияти сохтмони нав изҳори назар карданд.

    No date selected
    September 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates