Президент: Ин кӯпрук – кӯпруки якдилӣ ва ҳамкории байни халқҳои ӯзбеку қароқалпоқ

    Ҳукумат 29 Fevral 2024 4123

    Президент Шавкат Мирзиёев 29 феврал ба вилояти Хоразм омад.

    Сарвари давлатамон аввал ба ноҳияи Амударёи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ташриф оварда, дар ин ҷо дар маросими ифтитоҳи кӯпруки нав иштирок кард.

    Ин иншооти муҳими стратегӣ аҳамияти бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоӣ дорад. Президент бо ташаббуси лоиҳа 13 декабри соли 2020 дар мулоқот бо фаъолони вилояти Хоразм баромада буд. Аз он вақт инҷониб дар ин ҷо корҳои бузурги бунёдкорӣ ба роҳ монда шуданд. Сарвари давлат ду маротиба омада, бо рафти сохтмони кӯпрук шинос шуд.

    Имрӯз маросими тантанавии ифтитоҳи кӯпруки нав бо иштироки намояндагони авлоди калонсоли Қароқалпоқистон ва вилояти Хоразм баругзор гардид.

    Президент аввал аз болои он бо поезд ва автомобил гузашта, ба сифати пул баҳо дод, сипас бо намояндагони аҳли ҷомеа вохурӣ доир намуда, дар он аҳамияти беандоза бузурги иншоотро барои вилоят ва сокинони он таъкид намуд.

    – Рушди назди Арал, аз ҷумла Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, пеш аз ҳама, нарм гардондани оқибатҳои буҳрони экологӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ, ки дар шароити мураккаб зиндагӣ мекунанд, яке аз мақсадҳои асоии стратегияи рушди Ӯзбекистони Нав мебошад. Чи хеле, ки қаблан гуфта будам, сарнавишти Қароқалпоқистон – ин сарнавишти Ӯзбекистон, хушбахтӣ ва некуҳолии мардуми Қароқалпоқистон – ин хушбахтӣ ва некӯҳолии тамоми мардуми Ӯзбекистон мебошад. Имрӯз мо дар ин самт боз як қадами муҳим мегузорем, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Кӯпрук дар яке аз ноҳияҳои дурдасттарини мамлакати мо қомат рост мекунад. То ҳол одамон аз кӯпруки куҳнаи понтонӣ, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта дар ин ҷо насб шуда буд, истифода мекарданд. Ҳар баҳор, ки яхҳо об шуда, сатҳи об дар рӯдхона боло мерафт, ҳаракат аз боли кӯпрук хеле душвор мешуд, ки барои сокинони ҳар ду соҳили рӯдхона мушкилиҳои зиёд ба бор меовард.

    Масъалан сокинони вилояти Амударёро барои бо мошин ба Нуқус расидан лозим меомад, ки ба воситаи Урганҷ ва Берунӣ 108 километр масофаро тай кунанд. Бо қатора роҳ аз кӯпруки Ҳазорасп дар шарқи Хоразм мегузашт.

    Ба туфайли кӯпруки нав ин душвориҳо аз байн рафта, масофаҳо кутоҳ мешаванд. Он ҳаракати наздиктарини нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳани байни Қароқалпоқистон ва Хоразмро таъмин мекунад.

    Дарозии кӯпрук 423 метр мебошад. Дар баробари он роҳи оҳани дарозиаш 85 километр сохта шуд, ки истгоҳҳои Шовот ва Қораӯзак, инчунин се стансияро бо ҳам мепайвандад.

    Ба шарофати ин иқтидори роҳ чор баробар афзуда дар давоми рӯз аз он 12 ҳазор нақлиёти автомобилӣ гузашта метавонад. Ин имкон медиҳад, ки ду соат вақти 48 ҳазор мусофир сарфа карда, аз дарё бехатар гузаштан таъмин карда шавад.

    Кӯпрук қодир аст ба ҳар ду самт то 24 ҷуфт поездҳоро гузаронад, ки ин масофаи роҳи оҳанро 180 километр ва муҳлати боркашониро то 6 соат кам мекунад. Роҳҳои нави роҳи оҳан ба Қазоқистон ва Русия кушода мешаванд.

    Ғайр аз ин ба туфайли ҳамлу нақли санг аз конҳои ноҳияи Қороаӯзак бо поездҳо, на бо нақлиёти боркашон бехатарии роҳҳои автомобилӣ, ки ба 4 миллион сокинон ва сайёҳон дар минтақаи назди Арал хидмат мерасонанд, беҳтар мегардад. Ин ҳам барои аҳолӣ ҳам барои соҳибкорон ва ҳам барои сайёҳон нафъи калон меорад.

    – Ин кӯпруки боҳашамат, ки мо якҷоя сохтем, ҳамчун иншооти навбатии инфрасохторӣ намебошад. Ин кӯпрук пеш аз ҳама кӯпруки боварии мустаҳкам ва дӯстӣ, якдилӣ ва ҳамкории байни халқҳои ӯзбек ва қароқалпоқ мебошад. Ин роҳ ба Ӯзбекистони Нав ва Қароқалпоқистони Нав, роҳ ба сӯи рушд ва шукуфоӣ мебошад. Барои ҳамаи мо ин рӯзи таърихиро, ки орзуи ҳазорон ҳамватанони мо, ки дар ҳар ду соҳили ин дарёи бузург зиндагӣ мекунанд, амалӣ мегардад, табрик мегӯям, – гуфт Президент.

    Сарвари давлат ба устоҳои бинокор, лиҳакашҳо ва муҳандисон, ба ҳар касе, ки дар бунёди кӯпрук саҳм гузоштаанд, барои меҳнати садоқатмандонаашон дар шароити душвори иқлимӣ миннатдорӣ баён кард. Таъкид гардид, ки корҳо ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои аҳолӣ идома хоҳанд ёфт.

    Аз ҷумла соли ҷорӣ хатти «Бухоро – Урганҷ – Хева» ва аз соли оянда хатти «Мискин – Нуқус» электриконида хоҳанд шуд. Дар натиҷа ҳаракати поездҳои тезгард ба Хива ва Нуқус ба роҳ монда хоҳад шуд, ки мушкили сокинони маҳаллиро ҷиҳати сафар ба дигар шаҳрҳои кишвар осон мегардонад. Ба туфайли ин лоиҳаҳо хароҷоти нақлиёт ду баробар кам шуда, мусофиркашонӣ 30 фоиз зиёд мешавад.

    Умуман чунин лоиҳаҳои бузург ба баланд шудани иқтидори иқтисодии Қароқалпоқистон ва Хоразм, ҷалби сармоя ва созмон додани ҷойҳои нави корӣ, зиёд гардондани даромади аҳолӣ мусоидат мекунанд.

    Дар маросим нотиқон ҳамагонро бо ин руйдоди таърихии ҳаёти кишварамон табрик гуфта, ба сарвари давлат барои таваҷҷуҳаш ба рушди ноҳияи Арал изҳори сипос намуданд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates