Имконоти нав барои инкишофи саноат

    Ҳукумат 10 Yanvar 2023 5533

    Зери раисии Президент Шавкат Мирзиёев 10 январ ҷамъомади видеоселекторӣ доир ба масъалаҳои инкишофи саноат ва дарёфти захираҳои иловагӣ баргузор гардид.

    Саноат дар иқтисодиёт ва шуғли аҳолӣ нақши хеле муҳим дорад. Бо мақсади фароҳам овардани шароити ногузир барои соҳаҳо дар солҳои охир 19 минтақаи озоди иқтисодӣ ва беш аз 400 минтақаи хурди саноатӣ ташкил карда шуда, барои инфрасохтори онҳо 10 триллион сӯм ҷудо карда шуд. Барои ба василаи «таҳрикдиҳанда» табдил додани чунин соҳаҳо, мисли бофандагӣ, кимё, масолеҳи сохтмон, саноати чарм, дорусозӣ ва электротехникӣ 3 миллиард доллар захираи молиявӣ равон карда шуд. Барои бо ашёи хом таъмин намудани саноат корҳои иктишофии геологӣ 3 баробар афзоиш дода шуда, беш аз 600 ҳавзаи нави истихроҷӣ кушода шудааст.

    Дар натиҷа дар панҷ соли охир теъдоди корхонаҳои саноатӣ то 100 ҳазор дучанд гардида, ҳаҷми истеҳсолот 1,4 баробар афзуд.

    Ин дар рушди минтақаҳо нақши мусбат дорад. Аз он ҷумла, дар Ҷиззах чунин соҳаҳои нав, мисли масолеҳи сохтмон, автомобилсозӣ, саноати озуқаворӣ ба вуҷуд омаданд. 220 лоиҳа доир ба масолеҳи сохтмон ба кор андохта шуда, саҳми ин соҳа дар саноати минтақа аз 20 фоиз зиёд гардид.

    19 лоиҳаи калон доир ба коркарди филизот дар вилоятҳои Самарқанд, Сирдарё, Намангон ва дигарҳо ба амал татбиқ гардид. Дар 54 минтақаи хурди саноатии нав, ки дар Намангон ба вуҷуд омаданд, соли 2022 ба ҳаҷми 3 триллион сӯм маҳсулот истеҳсол гардид.

    Дар се соли охир ҳаҷми маҳсулот дар саноати кимё 1,5 маротиба афзуда, содирот 2 баробар зиёд шуд.

    Ҳамзамон дар баъзе минтақаҳо натиҷаҳо ба имконот мутобиқ нестанд. Аз он ҷумла, рушди саноатӣ дар вилоятҳои Навоӣ, Бухоро ва Тошканд соли 2022 аз чашмдошт кам буд. Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳои Ҷиззах, Қашқадарё, Сурхондарё, Фарғона ва Хоразм дараҷаи азнавкоркарди калоба хеле паст боқӣ мемонад. Дар Намангон, Самарқанд ва Навоӣ потенсиали истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, чарму пойафзор ва мебел ба андозаи бояду шояд истифода намегардад.

    Бинобар ин дар ҷамъомад чораҳо оид ба рушди саноат, афзоиши сармоя ба соҳа ва ба кор андохтани захираҳо муҳокима гардиданд.

    Роҳбари давлат таъкид кард, ки ба саноат имконоти нав ва захираҳои иловагии молиявӣ пешниҳод карда мешавад.

    Пеш аз ҳама меъёрҳои бонк таҷдиди назар гардида, ба бонкҳои тиҷоратӣ дар ҳаҷми 55 триллион сӯм барои кредити корхонаҳо захираҳои иловагӣ ҷудо карда мешавад. Ин маънои онро дорад, ки манбаи иловагии сармоя ба ҳисоби миёна барои ҳар як ноҳия 20 миллион долларӣ хоҳад гардид.

    Имконоти дуюм – соли 2023 барои инфрасохтори минтақаҳои саноатӣ ва лоиҳаҳои бузурги сармоягузорӣ 1,7 триллион сӯм равон карда мешавад. Инчунин ҳудуди минтақаҳои озоди иқтисодии «Ғиҷдувон» ва «Қӯқанд» васеъ карда мешаванд. Дар Қароқалпоқистон ва Қашқадарё филиалҳои минтақаи озоди иқтисодии «Ургут» ба вуҷуд хоҳад омад.

    Сеюм, аз соли 2023 эътиборан ба 60 ноҳияи тоифаҳои чорум ва панҷум, ки рушди иқтисодии онҳо ақиб мондаанд, 27 намуди имтиёзоти андоз, субсид ва преференсия вогузор карда мешавад.

    Чорум ба истеҳсолгарони қолин, бофандагии хонагӣ, маҳсулоти чарму ҷавоҳирот преференсия дода мешавад. Ҳамин тариқ соли 2023 ба лоиҳаҳои бофандагӣ барилова 300 миллион доллар ҷудо карда мешавад. Имтиёзоти андоз бинобар беш аз 200 намуди ашёи хоми воридгарданда барои саноати чарму пойафзор барои се сол дароз карда мешавад. Заргарон имконияти арзонтар харидани ашёро ба даст оварда, инчунин ба имтиёзоти андоз, гумрук ва бонк соҳиб мегарданд.

    Президент ногузирии васеъ хабардор намудани аҳолӣ ва соҳибкоронро дар бораи имконияташон ва афзудани миқдори лоиҳаҳо дар маҳалҳо таъкид кард.

    Таъкид шуд, ки дар минтақаҳои саноатӣ 1264 лоиҳа ба кор андохта мешавад. Таъмини ба кор андохтани корхонаи шашуми гидрометаллургӣ дар вилояти Навоӣ ва фабрикаи мису ғанисозии сеюм дар Олмалиқ, сехи рехтагарии замонавӣ дар вилояти Андиҷон ва кластери техникаи кишоварзӣ дар Чирчиқ чун вазифаҳои муҳим муқаррар гардиданд.

    Дар назди шахсони масъул вазифаҳо доир ба васеъ намудани ҳамкории истеҳсолӣ, татбиқи лоиҳаҳои маҳаллигардонӣ ба миқдори 6 миллиард доллар, сари вақт ба кор андохтани қариб 3 ҳазор лоиҳае, ки ба барномаи сармоягузории минтақавӣ дохил гаштаанд, гузошта шуданд.

    Хуллас, таъкид шуд, ки соли ҷорӣ тамоми захираҳоро ба кор андохта, имкони зиёд намудани истеҳсолоти саноатӣ ба миқдори 14 фоиз мавҷуд аст.

    Роҳбарони соҳаҳои саноат ва ҳокимон нақша ва пешниҳодоти худро доир ба масъалаи баррасинамудаи ҷамъомад пешниҳод намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates