Шавкат Мирзиёв хотираи Ҳайдар Алиевро гиромӣ дошт

    Ҳукумат 2 Mart 2023 5182

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Хиёбони Фахрии Боку рафта, хотираи Пешвои миллии халқи Озарбойҷон Ҳайдар Алиевро гиромӣ дошт.

    Ҳайдар Алиев ҳамчун арбоби барҷастаи сиёсӣ ва давлатӣ, асосгузори Озарбойҷони соҳибистиқлол ба таърих ворид шуд. Ба шарофати қатъиятӣ, иродаи кавии сиёсӣ ва хислатҳои истисноии роҳбарии ӯ мамлакати бародар озмоишҳои душворро муносиб паси cap кард.

    Ҳайдар Алиев дӯсти наздики халқи ӯзбек буд. Ӯ борҳо ба Ӯзбекистон сафар карда, ба мустаҳкам шудани робитаҳои таърихӣ ва ҳамкории мамлакатҳои бародар ҳиссаи калон гузошт.

    Хотираи сиёсатмадор дар мамлакати мо низ абадӣ гардонда шудааст. Дар Тошканд Маркази фарҳангии ба номи Ҳайдар Алиеви Озарбойҷон фаъолият мекунад. Соли гузашта зимни сафари Президент Илҳом Алиев ба Ӯзбекистон дар пойтахти мо кӯчаву хиёбоне ба номи Ҳайдар Алиев кушода шуд.

    Ҳамаи ин таҷассуми равшани дӯстии мустаҳками халқҳои бародари мост.

    Сарвари давлатамон ба пояи қабри Ҳайдар Алиев ва ҳамсараш Зарифа Алиева гул гузошт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates