Шавкат Мирзиёев: гуноҳи онҳо дар бузургишон буд

    Ҳукумат 31 Avgust 2021 8903

    Саҳарии бармаҳали 31 август Президент Шавкат Мирзиёев аз хиёбони «Шаҳидлар хотираси» боздид ба амал овард.

    Намояндагони ҷамъият дар ин ҷо ҷамъ омаданд, ки ёди ҳамватанон, гузаштагонамоне, ки ҳаёти худро ба озодӣ ва истиқлолият бахшидаанд, ба ёд оранд. Аз Қуръон сураҳо тиловат гардида, ба рӯҳи гузаштагон дуо фиристода шуд. Ош кашида шуд.

    Ҳангоми режими табъидкунандаи болшевикӣ беш аз сад ҳазор ҳамватанонамон, ки барои озодии миллӣ мубориза бурда буданд, дучори он гардидаанд. Бисёре аз онҳо чун душмани халқ ба тӯҳмат дучор шуда, золимона парронда шуданд. Боз бисёри дигар бадарға гаштанд. Оилаҳои онҳо дучори ҷудоӣ гардида, мулкашон мусодира гаштааст. Ҳазорон занон бева гардида, фарзандон ятим мондаанд.

    Ин захми дарднок натанҳо дар қалби ворисони онҳо, балки дар тамоми халқамон ҷой гирифтааст. Агарчи аз он замон вақти зиёд гузаштааст, мо ҳанӯз бо ларзиши қалб он замони мудҳишро ба ёд меорем.

    Аз соли 2001 31 август чун Рӯзи ёдбуди қурбониёни репрессия қайд мегардад. Ба омӯзиши ҳаёт ва мероси ватанпарварон, абадӣ сохтани хотираи онҳо эътибори алоҳида дода мешавад.

    Имсол дар хиёбон корҳои ободонӣ дар бобати таҷдиди Музейи ёдбуди қурбониёни репрессия ба амал оварда шуд.

    Роҳбари давлат аз ин музей боздид намуд. Ӯ бо ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва шароите, ки дар ин ҷо ба вуҷуд оварда шудааст, шинос гардид.

    – Равшан аст, ки пешвоёне, ки ояндаи бузург доштанд, олимон, адибон, духтурон,омӯзгорон кушта шуданд. Онҳо беҳтарин намояндагони халқамон буданд. Ба низоми тоталитарӣ одамони доное, ки чашми халқро мекушоданд, худшиносии онро мустаҳкам мекарданд, зарур набуданд. Гуноҳи онҳо фақат дар бузургиашон буд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Мутаассифона, то ҳанӯз руйхати пурраи қурбониён тартиб дода нашудааст. 8 октябри соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон супоришро «Дар бораи чорабиниҳои иловагӣ барои боз ҳам амиқтар омӯхтани мерос ва абадӣ сохтани хотираи қурбониёни қатағон» имзо намуда буд.

    Бо ҷалби олимон-муаррихон кори калонҳаҷм дар бобати муайянсозӣ ва барқарорсозии номҳои тамоми қурбониён шурӯъ гардид. Инчунин ҳамкорӣ бо архив ва музейҳо, китобхона ва фондҳои хориҷӣ роҳандозӣ гардида, экспедитсияҳои илмӣ ташкил мегарданд. Дар архивҳои Вазорати корҳои дохилӣ, Хидмати бехатарии давлатӣ, Академияи улум ва дигар ташкилотҳо маълумотҳои ҳарчи зиёд ба даст меоянд.

    Дар Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва дар тамоми минтақаҳо музейҳо бахшида ба қурбониёни қатағон ба вуҷуд оварда шудаанд. Дар баробари маводи расмӣ онҳо молики бисёр ҳуҷҷатҳои таърихӣ ва суратҳои нодир аз архивҳои хонаводагиро доранд. Номҳои қурбониёни қатағон, ҳаёт ва фаъолияти онҳо дар қисмати минтақаҳо ва ноҳияҳо омӯхта мешаванд. Дар асоси ин маълумот китоби бисёрҷилдаи «Қурбониёни қатағон» омода мегардад.

    Президент дар қатори чунин корҳои калони илмӣ нашри китобчаҳои хурдро, ки бо забони содда барои мактабиён навишта мешавад, таъкид кард. Барои ин супурда шуд, ки ба Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо ходимони илмии Донишкадаи таърих вобаста карда шаванд, ки номҳои ҷадидон, қурбониёни қатағонро дар ҳар як минтақа барқарор созанд.

    Роҳбари давлат дар бораи вазифаҳои омӯзиш ва тадриси таърих мубодилаи афкор намуд.

    – Барои ин мо ба таърих интихобан бархурд намуда, ҷойҳоеро равшан намудем, ки барои мо маъқул аст ва ҷанбаҳоеро пинҳон кардем, ки табъи диламон набуд. Тамоми лаҳзаҳои таърих, ки ба мо маъқул аст ё не, мояи ифтихори мо мебошад ё ки далели хиёнат, ин муваффақият аст ё нобарорӣ – бояд одилона навишта шавад, – гуфт Президент.

    Боз як қадам ба роҳи барқарорсозии адолат аз ҷониби Суди олӣ сафед намудани қурбониёни қатағони 25 август мебошанд. Президент ин қарорро маъқул донист.

    – Қариб пас аз сад сол адолат пирӯз гардид. Номи поки 115 ниёи мо, ки барои озодии миллиамон мубориза бурдаанд, барқарор гардиданд, ки то ҳанӯз сафед нагардида буданд. Ҳанӯз онҳо боз чӣ қадар бошанд? Ин кори савобро бояд идома дод, ки барои барқарорсозии шаъну шарафи ватанпарварон нигаронда шудааст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар назди қабри рамзӣ суҳбат бо намояндагони насли калонсол, ҷамоати илмӣ ва зиёиён суҳбатба вуқӯъ пайваст. Роҳбари давлат дар бораи хотираи гузаштагон, арзишҳои истиқлолият ва ҳаёти осуда ҳарф зад.

    – Гузаштагони ҷадиди мо ҳама корро карданд то ки мамлакатамонро озод намуда, онро аз ақибмонӣ берун кашида, тамоми соҳаҳоро инкишоф диҳанд. Онҳо барои ин ҳаёти худро бохтанд. Аз ин рӯ имрӯз дар замони истиқлолият, сулҳ ва озодӣ мо бояд корҳои онҳоро ёд оварем ва эҳтиром намоем – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Аҳамияти ҳушёрона муносибат намудан ба рӯйдодҳои ҷаҳон, қадрсозии сулҳ ва оромӣ таъкид шуд.

    – Тамоми натиҷаҳои корамон, чунин ҷашнҳо танҳо ба туфайли осудагӣ имконпазир аст. ӯамаи корҳоямон бояд ба илм ва ирфон асос ёбанд. Мо маркази тамаддуни исломӣ, Академияи исломӣ, марказҳои байналхалқии тадқиқотии Имом Бухорӣ ва Имом Тирмизиро ба вуҷуд овардем, осори гузаштагони бузурги муҳаддис ва илоҳиётшиносамон нашр мегарданд. Қонун «Дар бораи озодии виҷдон ва ташкилотҳои динӣ» дар таҳрири нав низ ба ҳамин мақсад хидмат менамояд. Бовар дорам, ки имом-хатибҳо ва ҷамъияти динӣ минбаъд низ саҳми худро барои баланд бардоштани маънавият, мустаҳкамсозии муҳити мусолиҳа ва эҳтиром, тарбияи дурусти ҷавонон мегузоранд, – гуфт Президент.

    Иштирокдорон дуоеро бо дархост аз Худованд оиди ба раҳматаш гирифтани марҳумон, ҳифзи сулҳ ва фараҳмандии мамлакатамон қироат намуданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates