Барои қонеъ кардани талаботи афзояндаи аҳолӣ ва иқтисодиёт ба нерӯи барқ дар мамлакати мо як қатор иншооти энергетикӣ сохта мешаванд. Аз ҷумла, ба истифодаи энергияи офтоб, ки дар шароити кунунии маҳдудияти захираҳои анъанавии энергетикӣ нақши муҳим мебозанд, таваҷҷӯҳи зиёд дода мешавад.
Соли равон шаркатҳои Masdar-и Аморати Муттаҳидаи Араб ва Total Eren-и Фаронса дар вилоятҳои Навоӣ ва Самарқанд нерӯгоҳҳои фотоэлектрикиеро, ки ҳар кадом 100 мегаватт иқтидор доранд, ба истифода медиҳанд.
Баробари ин, барои бунёди нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ дар ноҳияи Шеробод тендер эълон карда шуд. Бонки осиёии рушд барои тендер машваратҳои техникӣ ва молиявӣ дод.
Зиёда аз 50 ширкат ҳавасмандии худро барои татбиқи лоиҳа изҳор доштанд. Пас аз озмуни ду марҳилавӣ Masdar бо тарифи пасттарин ғолиб омад.
Дар доираи лоиҳа, ширкат дар майдони 601 гектаро нерӯгоҳи фотоэлектрикии офтобӣ бо иқтидори 457 МВт бунёд мекунад. Инчунин барои пайвастшавӣ ба зеристгоҳи “Сурхон” зеристгоҳи нав бо шиддати 220 кВт ва хати интиқоли барқи 52 километр бунёд карда мешавад.
Барои истгоҳ қитъаи 601 гектара интихоб карда шудааст. Masdar 260 миллион доллар сармояи мустақимро ҷалб хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолии солона 1,04 миллиард кВт/соат хоҳад буд.
Ширкати Masdar барои татбиқи лоиҳа 260 миллион доллар сармояи бевосита ҷалб мекунад. Иқтидори солонаи нерӯгоҳ 1,04 миллиард кВт/соат аст. Дар натиҷа, соле 340 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда, 300 ҳазор хонадон бо нерӯи барқ таъмин карда мешавад.
Дар бунёди нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ ҳазор нафар, ҳангоми баҳрабардоӣ -- 120 мутахассис ҷалб карда мешаванд. Баҳрабардории ин иншооти бузург моҳи августи соли 2023 пешбинӣ шудааст.
Президент Шавкат Мирзиёев таъкид кард, ки дар мамлакати мо ҷиҳати бунёди иқтисодиёти аз ҷиҳати энергетикӣ самарабахш ва аз ҷиҳати экологӣ тоза як қатор корҳо анҷом дода шудаанд.
-- Ин нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ барои иқтисодиёти вилояти Сурхондарё имкони бузургест. Пайдо шудани имкони хариди нерӯи барқ бо нархи 1,8 сент барои як киловатт соат барои иқтисоди ҷумҳурии мо муваффақияти хеле бузург ва омили муҳими таъмини некӯаҳволии аҳолӣ мебошад. Дар маҷмӯъ, бунёди ин нерӯгоҳ, энергияи тавлидшаванда ва инфрасохтори нав барои рушди ҳамаҷонибаи минтақа такони қавӣ хоҳад бахшид, -- гуфт сарвари давлат.
Сипас Президент ба шарафи сохтмони нерӯгоҳи фотоэлектрикӣ капсула гузошт.
Зимни суханронӣ дар ин маросим сокинони Сурхондарё қайд карданд, ки корҳои азиме, ки дар вилоят таҳти роҳбарии сарвари давлат анҷом дода мешаванд, зиндагии мардумро тағйир медиҳад, аз ҷумла баробари сохтмони нерӯгоҳи нав шумораи иқтидорҳои нави истеҳсолӣ афзоиш ёфта, ба рӯзгори мардуи даромад меоранд.
Лоиҳаи мазкур қисме аз барномаи сохтмони нерӯгоҳҳои фотоэлектрикии офтобӣ бо иқтидори умумии 1 ГВт мебошад, ки аз ҷониби ҳукумати Ӯзбекистон бо дастгирии Бонки рушди Осиё амалӣ карда мешавад.
Ба нақша гирифта шудааст, ки дар вилоятҳои Самарқанд ва Ҷиззах нерӯгоҳҳои офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт, нерӯгоҳҳои бодӣ барои 100 мегаватт дар ноҳияҳои Берунӣ ва Кароӯзаки Қарақалпоқистон, инчунин 3 нерӯгоҳи бодӣ бо иқтидори умумии 1,5 ҳазор мегаватт дар Бухоро ва Навоӣ сохта мешаванд.
Ӯзбекистон дар назди худ мақсад гузоштааст, ки то соли 2030 иқтидори нерӯгоҳҳои барқии офтобиро ба 5 ҳазор, нерӯгоҳҳои барқии бодиро то 3 ҳазор, нерӯгоҳҳои барқии обиро то 4 ҳазор мегаватт расонад.
Дар ҷараёни ин сафар Президент анорзореро, ки ҷамъияти масъулияташ маҳдуди "Сардорбек Султонбек" дар маҳаллаи Бӯстони ноҳияи Шеробод ташкил кардааст, аз назар гузаронд.