Масъалаҳои такмили низоми судӣ, ки манфиатҳои инсон ва волоияти қонунро таъмин мекунад, дар маркази таваҷҷуҳи давлат қарор дорад. Дар ҳашт соли охир дар ин соҳа тақрибан 70 қонун, фармон ва қарорҳо қабул карда шуданд. Заминаи моддиву техникии судҳо беҳтар гардонида шуд.
Соли гузашта дар судҳои кишвар зиёда аз 3 миллион парванда баррасӣ гардид, ки ин аз афзоиши шуури ҳуқуқии аҳолӣ шаҳодат медиҳад. Ҳамаи ин ба ҳалли самараноки масъалаҳои аҳолӣ ва соҳибкорон, инчунин таҳкими адолат мусоидат мекунад.
Айни замон 14 хадамоти судӣ, аз ҷумла пешниҳоди аризаҳо, пайгирии ҳолати баррасии парвандаҳо ва дарёфти нусхаҳои электронии ҳалномаҳои судӣ ба шакли рақамӣ гузаронида шудаанд. Дар портали my.sud.uz шумораи хизматрасониҳои дастрас ва корбарон афзоиш меёбад. То имрӯз тақрибан 17 миллион парванда тавассути системаҳои иттилоотӣ пеш бурда шуда, беш аз 15 миллион парванда бидуни омилҳои инсонӣ ба таври автоматӣ тақсим карда шудаанд.
Илова бар ин, аз 1 ноябри соли 2024 гардиши дохилии ҳуҷҷатҳои судҳо ба шакли электронӣ гузаронида шуда, дар муддати кӯтоҳ 638 миллион сӯм маблағи буҷети давлатӣ сарфа гардид.
Корҳоро бобати такмили низоми судӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти судҳо бояд пайваста идома дод. Аз ҷумла, татбиқи имкониятҳое, ба монанди пешгӯии натиҷаи эҳтимолии муҳокимаҳои судӣ, ҳисоб кардани хароҷоти тахминии судӣ, таъсиси мушовири виртуалӣ барои расонидани кӯмаки ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон, инчунин мониторинги онлайн ва пардохти ҷаримаҳои таъйиннамудаи судҳо ба таври электронӣ, ба осоншавии мурофиаи судӣ ва дастрасии бештари он мусоидат хоҳад кард.
Имрӯз бо истифода аз технологияҳои рушдёфтаи зеҳни сунъӣ метавон як қатор чунин имкониятҳои навро татбиқ кард.
Ба ин муносибат, дар ҷаласа чораҳое, ки ба сатҳи баланди рақамисозии низоми судӣ нигаронида шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Мувофиқи пешниҳодҳои ироашуда, бо мақсади комилан даст кашидан аз гардиши ҳуҷҷатҳои коғазӣ дар низоми судӣ гузариши тадриҷӣ ба низоми пурра рақамии судбарӣ дар доираи консепсияи «Суди рақамӣ» ба нақша гирифта шудааст.
Барои татбиқи ин чораҳо дар назди Суди олӣ Маркази технологияҳои иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки бо таҳияи системаҳои иттилоотии зарурӣ, маҳсулоти барномавӣ, ҷорӣ кардани зеҳни сунъӣ ва таъмин намудани амнияти киберии равандҳои судӣ машғул хоҳад шуд. Инчунин интиқоли электронии маълумот миёни судҳо ва субъектҳои соҳибкорӣ ба роҳ монда мешавад, ки ин ба суръат бахшидани баррасии парвандаҳо мусоидат хоҳад кард.
Сарвари давлат муҳимияти ҳамгироии системаҳои иттилоотии судҳоро бо тамоми ташкилотҳои марбута таъкид намуда, зикр кард, ки мардум бояд аз ислоҳоти анҷомшуда қулайии воқеиро эҳсос кунанд. Дар ин замина, барои густариши рақамисозӣ ва ҳамоҳангсозии самарабахши пойгоҳҳои иттилоотии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо низоми судӣ супоришҳо дода шуданд.
Ҳар сол судҳо тақрибан 1 миллион парвандаи бесалоҳиятро баррасӣ мекунанд. Масалан, соли гузашта дар судҳои шаҳрвандӣ қариб 200 ҳазор парванда оид ба қарздорӣ аз хизматрасониҳои коммуналӣ муҳокима шуд. Вале чунин масъалаҳо метавонанд дар сатҳи идораҳои нотариалӣ ҳаллу фасл шаванд. Аз ин рӯ, пешниҳод шуд, ки баррасии парвандаҳои бесалоҳият ба ниҳодҳои давлатии дахлдор вогузор карда шавад.
Мутобиқи Конститутсияи кишвари мо Суди олӣ ҳуқуқи ташаббуси қонунгузориро дорад. Аз ин рӯ, таъкид гардид, ки бояд таҳлилҳо оид ба масъалаҳои мубрами марбут ба соҳибкорӣ, сармоягузорӣ, инфрасохтор, замин, андозбандӣ, қарздиҳӣ ва муносибатҳои меҳнатӣ гузаронида шуда, пешниҳодҳои дахлдор ҳар моҳ ба ҳукумат ва ҳар семоҳа ба парлумон пешниҳод карда шаванд.
Зарурати мутобиқ сохтани қонунгузории соҳа ба стандартҳои байналмилалӣ, наздиктар кардани низоми судӣ ба мардум ва такмили механизми маблағгузории он таъкид гардид.
Масъалаҳои ислоҳоти низоми судҳои иқтисодӣ ва ба роҳ мондани амалияи ягонаи судӣ дар онҳо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки шумораи биноҳои судиро афзоиш дода, дар онҳо шароити заруриро барои шаҳрвандон фароҳам оваранд.
Ҳамчунин, зарурати андешидани тадбирҳо ҷиҳати баланд бардоштани савияи дониши судяҳо, хусусан дар соҳаи технологияҳои иттилоотӣ ва тақвияти омодасозии мутахассисони ҷавон бо назардошти талаботи муосир таъкид гардид.