Тақдимоти чорабиниҳо оид ба рушди технологияи зеҳни сунъӣ ва лоиҳаҳои стартап баргузор гардид

    Ҳукумат 13 Avgust 2024 2168

    Президент Шавкат Мирзиёев 13 август бо тақдимот дар бораи чорабиниҳо оид ба рушди технологияи зеҳни сунъӣ ва лоиҳаҳои стартап дар соҳаи IT шинос гардид.

    Дар мамлакатамон технологияи иттилоотӣ босуръат инкишоф меёбад, ки дар тамоми соҳаҳо татбиқ мегардад. Дар натиҷа танҳо дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ ҳаҷми хидматрасонии рақамӣ аз 21 триллион сӯм зиёд гардида, интизор меравад, ки то охири сол ба 43 триллион сӯм мерасад. Содироти хидмати соҳа 367 миллион долларро ташкил намуд. Теъдоди резидентҳои IT-парк ба 577 нафар зиёд гардида, аз 2 ҳазор афзуд. Миқдори ходимони ҷавони онҳо ба 32 ҳазор расид.

    Соли ҷорӣ беш аз 100 лоиҳаи рақамисозӣ дар соҳаҳои тандурӯстӣ, энергетика, нақлиёт, таълим, хоҷагии қишлоқу об, сохтмон ва ғайра ба амал татбиқ мегардад.

    Замона босуръат тағйир меёбад. Зеҳни сунъӣ ва технологияи рақамӣ ба тамоми соҳаҳо ворид мегарданд. Дар ин самт дар мамлакатамон низ чандин лоиҳа ба кор андохта шудааст.

    Барои мисол масъалаҳои «My ID» ва «UzFace» ба беш аз 70 ташкилот, бонк, маркетплейс ва низоми пардохт ҷорӣ карда шуда, имкони идентификатсияи фосилавии биометрии 10 миллион истеъмолгар фароҳам оварда шуд. «Ӯзбеккосмос» бо мадади зеҳни сунъӣ қариб 43 ҳазор ҳолати истифодаи ғайриқонунии захира ва сохтмони ғайриқонуниро фош намуд.

    Дар тақдимот чорабиниҳо оид ба рушди технологияи зеҳни сунъӣ дар чунин соҳаҳо, мисли тандурустӣ, кишоварзӣ, бонк, андоз, гумрук баррасӣ гардиданд.

    Таъкид шуд, ки дар навбати аввал пойгоҳи қонунмандӣ доир ба зеҳни сунъӣ бояд ба вуҷуд оварда шавад. Вазифаи таҳияи стратегияи татбиқи зеҳни сунъӣ ва барномаи дусолаи лоиҳаҳо гузошта шуд. Ба вуҷуд овардани Маркази технологияи зеҳни сунъӣ супурда шуд.

    Аз он ҷумла ногузирии вусъат додани корбурди зеҳни сунъӣ дар соҳаи бонку молия, тарбияи кадрҳои соҳавӣ ва такмили ихтисоси ходимон таъкид ёфт.

    Ҳоло ҳозир кадрҳои зеҳни сунъӣ дар чор донишгоҳ таълим дода мешавад. Эҳтиёҷ ба 600 нафар мутахассис доир ба таҳияи маълумоти зиёд ва моделҳои забонӣ вуҷуд дорад. Ин теъдод дар солҳои наздик ба маротиб меафзояд. Инро ба инобат гирифта, аҳамияти тарбияи мутахассисон, ки ба талаботи марбут дар ҷиҳати соҳаҳо заруранд, таъкид ёфт.

    Ҳамаи IT-ширкатҳои пешқадами ҷаҳон фаъолияти худро аз стартап шурӯъ намудаанд. Дар мо низ қадамҳои аввал гузошта мешаванд. Соли гузашта ҳаҷми сармояи венчур, ки ба чунин лоиҳаҳо ҷалб гаштааст, 134 миллион долларро ташкид намуд.

    Роҳбари давлат таъкид намуд, ки замони фароҳам овардани шароити васеъ барои сармояи венчур барои таъмини молиявии стартап-лоиҳаҳо фаро расидааст. Бинобар ин супоришҳо барои рушди стартап-экосистемаҳо, татбиқи механизмҳои таъмини молиявии венчур дода шуд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates