Зимни мулоқот масъалаҳои тақвияти муносибатҳо байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо, ки дар солҳои охир суръати мусбати устуворро нишон медиҳанд ва ба сатҳи нави ҳамкорӣ мебароянд, баррасӣ шуданд.
Ба масъалаҳои ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, ҳифзи ҳуқуқи инсон, таъмини амният, ҳифзи муҳити зист ва пешбурди баробарии гендерӣ таваҷҷуҳи хосса нигарпонда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо инчунин масъалаҳои густариши ҳуқуқ ва имкониятҳои занонро, аз ҷумла дар доираи платформаи минтақавии Мулоқоти занони пешвои Осиёи Марказӣ муҳокима карданд. Аҳамияти Форуми занони Осиё ҳамчун платформаи байналмилалӣ барои мубодилаи таҷриба ва пешбурди баробарии гендерӣ дар минтақа таъкид гардид.
Қайд карда шуд, ки яке аз натиҷаҳои калидии ҳамкориҳои амалӣ ворид шудани Ӯзбекистон ба барномаи GSP+ Иттиҳоди Аврупо мебошад, ки ба кишвар имкон медиҳад, ба бозорҳои бузурги ҷаҳонӣ дастрасӣ пайдо кунад.
Таваҷҷуҳи махсус ба он дода шуд, ки дар доираи ворид шудани Ӯзбекистон ба барномаи GSP+ ӯҳдадориҳои татбиқи самараноки 27 конвенсияи калидии байналмилалӣ, ки ҳифзи ҳуқуқи инсон ва меҳнат, ҳифзи муҳити зист, иқлим ва таъмини идоракунии босифатро дарбар мегиранд, баррасӣ мешаванд. Иҷрои ин ӯҳдадориҳо барои таҳкими ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо Иттиҳоди Аврупо ва ҳамгироии Ӯзбекистон ба бозорҳои байналмилалӣ имкониятҳои навро фароҳам меорад.
Ҷонибҳо инчунин аҳамияти тақвияти ҳамкориҳо байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро баррасӣ намуда, муҳимияти ҳамкориҳои минтақавиро барои таъмини субот ва рушди устувор таъкид карданд.
Дар анҷоми мулоқот ба мувофиқа расиданд, ки гуфтугӯи фаъол ва ҳамкориҳои муштаракро барои татбиқи нақшаҳои пешбинишуда ҷиҳати амиқсозии минбаъдаи шарикӣ байни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо идома хоҳанд дод.