Қайд гардид, ки солҳои охир дар кишвар ҷиҳати ба таври куллӣ такмил додани заминаи қонунгузории ҳифзи ҳуқуқ, озодӣ ва манфиатҳои қонунии инсон, мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон, расондани дастгирии давлатӣ ба қурбониёни ин ҷиноят корҳои васеъмиқёс наҷом дода мешаванд.
Аммо ба ин нигоҳ накарда, ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон то ҳол рух медиҳанд. Аз ин рӯ, имрӯз барои ҷиноятҳое, ки ба нақзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, аз ҷумла барои ҷиноятҳои марбут ба хариду фурӯши одамон алоқаманданд, муҷозоти дахлдор вуҷуд надорад.
Лоиҳаи қонуни мазкур ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси ҷиноиро вобаста ба пурзӯр намудани ҷазо барои шахсоне, ки ҷинояти хариду фурӯши одамонро содир кардаанд, пешбинӣ мекунад. Аз ҷумла пешниҳод шудааст, ки ҷинояти хариду фурӯши одамон аз ҷониби шахсе, ки қаблан одамрабоӣ содир кардааст, инчунин нисбати зани ҳомиладор содир шуда бошад, ба сифати ҳолатҳои вазнинкунанда эътироф карда шавад.
Қабули лоиҳаи қонун ба пешгирии ҷиноятҳои хариду фурӯши одамон ва беҳтар шудани мавқеи кишвари мо дар шохисҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи занон ва кӯдакон хидмат мекунад.