Ҳафтаи гузашта ҳамватанони мо бисёр сокинони вилоятро наҷот доданд.
Мутахассисони Ӯзбекистон дар ноҳияи Овакенти Антакя ҳам беморхонаи саҳроӣ ташкил карданд. Дар ин шаҳр ӯзбактаборон зиндагӣ мекунанд, ки 40 сол пеш ба Туркия кӯчида буданд.
Полковники хадамоти тиббӣ Носир Фозилов дар сӯҳбат бо хабарнигори АИ “Анадолу” гуфт, ки наҷотдиҳандагони мо ба таври оҷил тавассути шаҳри Ғозиантеп ба маҳалли фоҷеа расидаанд.
“Дар байни мо духтурон бисёранд, — гуфт Н. Фозилов. — Барои ба чои фочиа расидан моро бо наклиёт таъмин карданд. Моро самимона пешвоз гирифтанд. Мо ҳам ба ҳайси мутахассиси тиб ва ҳам ба ҳайси аъзои гурӯҳи ҷустуҷӯ ва наҷот кор мекунем. Наҷотдиҳандагон шабонарӯзӣ кор мекунанд. Беморхонаи саҳроии мо, ки бо аппаратҳои УЗИ ва рентгенӣ, инчунин лаборатория ҷиҳозонида шудааст, барои дар як вақт қабул кардани 100 нафар беморон пешбинӣ шудааст. То имрӯз ба қариб 600 нафар пиронсолон, кӯдакон ва занони ҳомила кумак расонида шуд».









